logo

иқтисод

ЛЕВАКАНТ. ШАҲР ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои ободонию созандагӣ ва барқарорсозӣ идома доранд. Дар шаҳри Левакант низ чандин иншооти хурду бузург қомат афрохта, ба симои шаҳрак зинати дигар бахшидаанд. 
Бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят, бинои маъмурии маркази адлия, бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бино дуошёна буда, дар он таҷҳизоти замонавӣ ва беҳтарин шароит барои кормандон муҳайёст. Дар он утоқҳои кории кормандони идораи нотариалии давлатӣ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ва шуъбаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар як гӯшаи бино намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва маҳсули дигари дастони пурэъҷози ҳунармандони шаҳр ба маъраз гузошта шудааст.
Раиси вилоят бо шароити кормандони бахши сабти ҳолати шаҳрвандӣ шинос шуда, дастур дод, ки дар фаъолияти корӣ ба ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон, бахусус навхонадорон ва кӯдакони навзод, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар чорабинӣ ду ҷуфти ҷавон ва ду оилаи хушбахт, ки фарзандони дугоник доштанд, иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои раиси вилоят шуданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кормандони идораи нотариалӣ, Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки аз шароити мавҷуда самаранок истифода намоянд, то ки шаҳрвандон аз кори онҳо қаноатманд бошанд.
Ҳамзамон, Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари корӣ дар шафати беморхонаи марказии шаҳри Левакант ба бунёди ду бинои истиқоматии панҷошёна санги асос гузошт. Биноҳо бо саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Муҳиддинов  қомат меафрозанд. Дар саҳни онҳо барои бозиву фароғати кӯдакон майдончаи бозии кӯдакон низ бунёд мегардад.
Таъкид шуд, ки тайи солҳои ахир шаҳри Левакант низ дар радифи дигар шаҳру навоҳии  вилоят ободу зебо мегардад ва ин ҳамаи шукуфтанҳо аз баракати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат аст.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 312
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед