logo

туризм

РАШТ. МАКОНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ

Ноҳияи Рашт яке аз минтақаҳои зебои кишвар буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад.

Тайи солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд. Бахусус, дараи Ҷафр, ки яке маконҳои зебоманзари ноҳия ба шумор меравад, писанди ҳамагон аст. Дар ин ҷо бо ташаббуси деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир ҳанӯз соли 1988 дар масоҳати наздики 1 гектар боғи ботаникӣ - фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам» бунёд ёфта, дар он навъҳои зиёди себ, муруд, зардолу, гелос, ангур, олу, шафтолӯ, чормағз ва бодом парвариш мешаванд. Инчунин, дар боғ осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ, меҳмонхонаи миллӣ, бахши занбӯриасалпарварӣ таъсис ёфтаанд, ки сайёҳон бо таъриху фарҳанги мардуми кӯҳистон шинос шуда, аз маҳсулоти дастии ҳунармандон, гиёҳҳои шифобахш ва асали  хуштаъму аз ҷиҳати экологӣ тоза харид менамоянд.
Бо мақсади ҷалби бештари  сайёҳон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чунончи мудири бахши сайёҳӣ  О. Ҳайдарзода иброз дошт, ҳоло дар ноҳия се меҳмонхонаи замонавӣ- «Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт» ва «Ҷамъияти матлубот» фаъолият дошта, дар як шабонарӯз метавонанд ба беш аз 200 меҳмон хизмат расонанд. Дар доираи эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон 42 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ  асфалтпӯш гардиданд, ки беш аз 27 километри он ба мавзеъҳои сайёҳии дараҳои Камароб ва Тагоба рост меоянд. Ғайр аз ин, дар мавзеи сайёҳии Хоҷашамсиддини дараи Тагоба 11 ҳостел (меҳмонхонаи хурд) ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, харитаи сайёҳии ноҳия омода гардида, дар яке аз мавзеи сайёҳии Чашмаи шоирон, воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия насб шуд. Инчунин, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан  ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ғайрибуҷетӣ барои сохтмони инфрасохтори зарурӣ беш аз 2, 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар доираи ин, айни замон дар кӯчаи Сари Пули шаҳраки Ғарм бунёди меҳмонхона, ошхона  идома дорад.
Қобили зикр аст, ки ноҳияи дорои сомонаи сайёҳӣ (www.rasht.tajtravel.tj) буда, дар он  мунтазам матолиби нави иттилоотии сайёҳӣ нашр мегарданд. Ҳамчунин, чанде пеш бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар ноҳия 4 хатсайри нави сайёҳӣ (Душанбе – Рашт – Ҷафр – Камароб; Душанбе – Рашт – Ҷафр – Ҳоит; Рашт – Камароб – Тагоба; Рашт – Ҷафр) ташкил шуд, ки дӯстдорони сайру саёҳатро бетаваҷҷуҳ нахоҳад гузошт.
Итминон ҳаст, ки бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша шароити фароғату истироҳати сайёҳон боз ҳам беҳтар гашта, ноҳияи Рашт ба макони сайёҳии экологии мамлакат табдил меёбад.
 Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 1358
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед