logo

иҷтимоиёт

ҚАИҚРОНӢ. БО ЯК ГУЛ БАҲОР НАМЕШАВАД!

Дар давраи шӯравӣ қаиқронӣ аз намудҳои маъмули варзиши кишвар ба ҳисоб рафта, шуҳрати зиёд дошт. Бахусус, ҳамагон аз дастовардҳои Иброҳим Ҳасанов (чемпиони СССР) ва шогирдони ӯ бародарон Юрий (чемпиони олимпӣ ва ҳашткаратаи ҷаҳон) ва Михаил Лобановҳо (чемпиони дукаратаи ҷаҳон) меболиданд. Аммо, мутаассифона, имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ танҳо Шаҳриёр Даминов майдондорӣ мекунаду халос, ки воқеан, ҷойи нигаронист.
БО ЯК ГУЛ БАҲОР НАМЕШАВАД
Дар ҳақиқат ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ ягона қаиқроне, ки ба сатҳи ҷаҳонӣ расид, Шаҳриёр Даминов аст. Ӯ соли 2015 унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда,  баъдан дар ин мусобиқаи қоравӣ соҳиби медалҳои нуқраю биринҷӣ гардид. Соли равон бошад,  бо ғалаба дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон парчами  Тоҷикистонро дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон парафшон намуд. Имрӯз    чашми умеди ҳама танҳо ба як нафар – ба Шаҳриёр Даминов аст. Аз ин бармеояд, ки масъулони ин идораҳо мақоли «Бо як гул баҳор намешавад» - ро фаромӯш сохтаанд.

ВАРЗИШГАРОН БО ҚАИҚ ТАЪМИНАНД
Соли 2016 таҳти сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон 40 қаиқ, инчунин, аз ҳисоби буҷети ҳукумати вилояти Суғд  ва Федератсияи қаиқронии кишвар 30 заврақ харида шуд. Ғайр аз ин, варзишгарони ноҳияи Вахш низ ду қаиқ гирифтанд.
- Чанде пеш бошад, бо ёрии молиявии Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ ба маблағи 13 ҳазор евро 5 қаиқи дигар харидем, - гуфт Нодир Сафаров, котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон.
Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки имсол барои варзишгарони ноҳияи Муъминобод низ боз чор заврақи замонавӣ хоҳанд харид.

НА МАБЛАҒ ҲАСТ, НА САРПАРАСТИ ДОИМӢ
Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, варзишгарон аз ҷиҳати таъминот бо лавозимоти зарурӣ  мушкиле надоранд. Пас чаро дар панҷ - даҳ соли охир танҳо як нафар қаиқрони сатҳи ҷаҳонӣ тарбия ёфтаасту халос? Чӣ душворӣ гиребонгири федератсия мебошад?
- Чун солҳои пеш набудани маблағ ва сарпарасти доимӣ аз мушкили рақами яки федератсия боқӣ мондааст, - вазъиятро тавзеҳ медиҳад Нодир Сафаров. - Соли гузашта Бонки миллӣ қаиқронҳоро дар Бозиҳои Осиё сарпарастӣ намуд. Имсол бошад, барои ба мусобиқоти байналмилалӣ фиристодани варзишгарон сарпараст надорем. Зеро ҳарчанд Федератсияи қаиқронӣ ёрии молиявӣ расонад ҳам, он кофӣ нест.

АНДЕШАҲОИ КОРШИНОСОН ДОИР БА РОҲҲОИ РУШДИ ИН НАМУДИ ВАРЗИШ
Бино ба гуфтаи коршиноси булғорӣ Аднан Алиев, ки дар шаҳри Душанбе давоми як ҳафта машғулиятҳои назариявию техникӣ гузаронд, дар кишвар барои рушди қаиқронӣ тамоми шароитҳо муҳайёанд. Зеро сарзамини мо аз кӯлу дарёҳо бой аст, ки барои машқу тамрин мувофиқанд. Ҳамзамон,  истеъдодҳо низ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони лаёқатмандро ҳам барои машқ ва ҳам иштирок дар мусобиқот мебоист, ки бештар ба хориҷа фиристод. Инчунин, дар сурати ҳалли ду мушкил: таъсиси пойгоҳи замонавии тамрин ва омода намудани мутахассиси сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон метавонад боз ба кишварҳои пешрафта дар намуди қаиқронӣ табдил ёбад.
Ба тақвияти фикрҳои ӯ коршиноси ватанӣ Сайфиддин Хуррамов афзуд, ки дар кишвар кӯл, обанбор ва дарёҳо зиёд буда, бо ҷалби сармоя дар онҳо метавон базаҳои замонавии қаиқронӣ сохт. Аз ҷумла,  барои тамрини варзишгарони хориҷӣ. Аз ин ҳисоб ҳам ба Буҷети давлатӣ ва ҳам ба буҷети федератсия маблағ ворид мешавад. Дар баробари ин, таъсиси базаҳо ба рушди сайёҳӣ низ мусоидат мекунад.
Нодир Сафаров хотиррасон шуд, ки замони шӯравӣ дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ машқҳои худро дар шаҳри Сарбанд (ҳоло Леваканд)  мегузаронд. Мутаассифона, ҳоло ин ҷо аз он шароити таърифӣ ному нишон намондааст ва воқеан ҳам, набудани базаи қаиқронӣ бо инфрасохтори зарурӣ аз мушкили умда маҳсуб меёбад. Барои ҳалли ин масъала, бешак, вақт ва маблағи калон мебояд. Ба ҳар ҳол бояд кӯшид, ки қаиқронҳо солҳои наздик соҳиби базаи замонавӣ гарданд. Роҳи ҳаллашро пойгоҳи лижаронии Сафеддара нишон дод. То чи андоза аз он сохторҳои дахлдор кор гирифта метавонанд, вақт нишон хоҳад дод. Лек як чиз яқин аст, ки дастовардҳои як варзишгарро сипари  мушкилоти дар боло номбурда кардани онҳо норавост. 
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 164

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед