logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-шари деҳоти Себистон бо самимияти хосса сурат гирифт.
Нахуст, Пешвои миллат дар деҳаи Шаршар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст. Барои таълиму тарбия шароити муосир фароҳам буда, тамоми синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ, таъмин мебошанд. Муассиса дорои 17 синфхона буда, 5 – тои онро синфхонаи фаннӣ ташкил медиҳад. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хати интернет таъмин буда, барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд. Як синфхонаи алоҳида барои омӯзондани бозии шоҳмот ташкил шуда, бо тамоми дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин аст.
Бинои тозабунёд дорои маҷлисгоҳ бо 210, толори варзиш бо 200 ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бино буғхонаи алоҳида дошта, он дар асоси технологияи муосир бунёд ёфтааст ва дар фасли зимистон имконият дорад таълимгоҳро бо гармӣ таъмин намояд.
Муассиса дар масоҳати 2 гектар, бо назардошти талаботи муосири меъморӣ, бунёд шуда, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст.
Аснои шиносоӣ ва суҳбат, Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.
Сипас, дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншоотро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат нишондиҳандаҳои чанд соли охирро дар тамоми бахшҳои ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда, рушду нумӯи ҳамаҷонибаи ин гӯшаи Тоҷикистонро натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва тадбирандешиҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.
Бояд тазаккур дод, ки, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар ҳудуди деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонӣ бомаром идома дошта, то ба имрӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шар - Шар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардид.  Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ анҷом ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ ва қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби бародарон Зубайдовҳо дар деҳа бунгоҳи тиббӣ бунёд гашт, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии кумаки аввалияи тиббӣ беҳтар намуд.
Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Себистон боз чандин иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Себистон - Гулафшон
Имрӯз, дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди Себистон - Гулафшонро ифтитоҳ карданд.
Роҳ дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд ёфт. Роҳи мошингарди Себистон - Гулафшон 21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад. Дар доираи навсозии роҳи Себистон - Гулафшон корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии он ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 лӯлаи калонҳаҷми обпарто хобонда шуда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро гардид.
Деҳоти Оқсу аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр дур ҷойгир аст ва, акнун, бо навсозӣ роҳ чандин маротиба наздик ва вақти сафар кӯтоҳ шуд.
Дар корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозони маҳаллӣ бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Сохтмончиён дар вақти анҷоми корҳо ба масъалаи таъмини босифати он таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз техникаи муосири роҳсозӣ истифода бурданд.
Роҳ аз ҳудуди деҳаҳои Себистон, Гулафшон, Талхоб ва Қули Сӯфиён гузашта, 14 километри он аз ҷониби бародарон Пировҳо таъмир шуда буд.
Дар 14 деҳаи деҳоти Оқсу 3520 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд ва аҳолии он 25 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.
Қули Сӯфиён дуртарин деҳаи деҳоти Оқсу мебошад, ки аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ҷойгир аст.
Акнун, аҳолии деҳаҳои деҳоти Оқсу бемамониат тамоми фасли сол аз роҳи тахту ҳамвор самаранок истифода мебаранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳи навро ба сокинони ин деҳаҳои ноҳияи Данғара муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара барои истиқболи сазовор аз санаи муҳими таърихӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аз ин миқдор, аллакай, қариб 80 - тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамаи тадбирҳое, ки дар доираи эълони солҳои 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар амалӣ мешаванд, ба хотири рушди деҳот, таъмини инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоӣ барои сокинон роҳандозӣ мегардад.

Бунёди беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара
12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу беморхонаи марказии байниноҳиявиро ифтитоҳ намуданд.
Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар ин деҳаи дурдаст дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуда, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботӯпхона, Қули Сӯфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.
Маркази саломатӣ ва таваллудхона бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо сохта шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.
Аз рӯи лоиҳа, дар маркази саломатӣ 7 ҳуҷра ва дар таваллудхона 9 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, шикастабандӣ, муолиҷавӣ, хатна ва таваллуд бунёд ёфта, ҳамаи онҳо бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъминанд.
Мавриди зикр аст, ки оилаи Ҷамиловҳо дар партави дастгириҳои Роҳбарияти Олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии Ватан ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонии худ - “Шингиҳо” ва маблағи барои ҳаҷ ҷамъ намудаашон, тадбирҳои ободониро вусъат медиҳанд.
Масоҳати беморхонаи марказии байниноҳиявӣ 1 ҳазору 775 метри мураббаъро ташкил дода, аз рӯи тарҳ роҳравҳои атрофи он сафолакпӯш ва барои табибону сокинон ҷойи мувофиқи истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо маркази саломатӣ ва таваллудхона, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро барои анҷоми хизмати софдилона ба аҳолии деҳот ҳидоят карданд.
Солҳои ахир, дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат, соҳаи тандурустӣ дар деҳот рушд карда, баҳри фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои бузурги созандагӣ амалӣ карда шуданд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст назаррас ва шоистаи таҳсин аст.

Маросими баҳрабардорӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар деҳаи Кули Сӯфиён
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кули Сӯфиёни деҳоти Оқсу муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бунёд гашт.
Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, имрӯз дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Масоҳати муассиса 1,8 гектарро ташкил медиҳад. Муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур дорои 10 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, физика, химия, биология, китобхона ва дигар утоқҳои зарурӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, аз қабили мизу курсӣ ва муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Баъди ба истифода супурдани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагону омӯзгорон дастур доданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи омӯзиши илмҳои муосир ва соҳибкасб гаштан дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақона, хонандагону омӯзгорони ин деҳаи кӯҳистони мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.
Қаблан дар деҳаи Кули Сӯфиён муассисаи таълимӣ бо 150 ҷойи нишаст фаъолият дошт, вале бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон ба мушкилот дучор гашта буданд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва беҳтар кардани инфрасохтори деҳот, аз ҷониби соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯсти ноҳияи Данғара ин мушкилоти сокинону хонандагони деҳаи Кули Сӯфиён бартараф шуд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи деҳоти ноҳияи Данғара бо саҳми соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯст сохтмони иншооти гуногун бо маром ҷараён дорад, ки ҳамаи ин аз ҷонибдории кулли сокинони ноҳияи Данғара аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2019    №: 132    Мутолиа карданд: 128

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед