logo

иҷтимоиёт

ПОНҒОЗ. МУШКИЛОТЕ, КИ БОЯД ГУФТ!

Ҷамоати деҳоти Понғоз дар ноҳияи Ашт калонтарин маҳсуб ёфта, шумораи аҳолиаш қариб ба 32 ҳазор мерасад. Шуғли асосии мардум, асосан, боғдорӣ, чорводорӣ ва  ҳунармандию тиҷорат маҳсуб мегардад. Роҳандозии ислоҳот дар соҳаи кишоварзии кишвар шароит фароҳам овард, ки дар ҳудуди деҳот  900 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфта, аксари аҳолӣ бо ҷои кор таъмин бошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ деҳаҳои ҷамоат бо иқдомҳои соҳибкорони маҳаллӣ ба таври шинохтанашаванда ободу сарсабз гашта, даҳҳо марказҳои савдову хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Роҳҳои мошингарди дохили деҳа мумфарш гардиданду канори роҳҳо ниҳолҳои сарсабз қомат рост кардаанд.
Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом намудани солҳои 2019 – 2021 барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ободӣ ва рӯзгори осудаву шоистаи аҳолии ҷамоат як такони ҷиддие гашта, ҳамаи ин дастовардҳо дучанду сечанд шаванд. Мутаассифона, тавре аз муроҷиати сокинони ҷамоат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияву вилоят, мушоҳидаҳо аз ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти маҳаллии деҳот ва мулоқот бо одамони касбу кори гуногун бармеояд, татбиқи иқдоми Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар манзари беҳавсалагии масъулони ҷамоат бо мушкилӣ сурат мегирад. Имконоту захираҳои мавҷуда ба таври ночиз ва нокифоя истифода мешаванд. Тарғибу ташвиқи қарорҳои батасвибрасидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар деҳоти ҷамоат дар сатҳи зарурӣ набуда, корҳои ташкилию сафарбарнамоии аҳолӣ ҷиҳати татбиқи иқдому тасмимҳои созандагӣ кам ва рӯякӣ ба ҷараён мегиранд. Шиору овезаҳо оид ба сайёҳӣ дар маҳалҳо ба чашм расанд ҳам, ҷиҳати анҷом додани корҳои воқеӣ, ташкилу ба тартиб даровардани мавзеъҳои сайёҳӣ, хатсайрҳо, қабули сайёҳон ва фароҳам овардани шароити будубоши онҳо, умуман, ягон тадбир андешида нашудааст.
Ҳамробибӣ Масолиева, сокини деҳот, устои ҳунарҳои қадимии ниёгон  - бофтани атласу адрас ва қолинҳои маҳаллӣ бо собиқаи кории наздики 45 – сола, ҷиҳати кушодани маркази таълимӣ ба роҳбарияти ҷамоат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат карда бошад ҳам, то имрӯз нисбат ба арзи ӯ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд ва масъала ҳалли худро пайдо накардааст. Шаҳрванд Масолиева дар суҳбат иброз дошт, ки  масъулон танҳо ваъдаҳои бебаркаш  медиҳанду халос.
Ҳамин камэътиборӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аст, ки бино ба иттилои Назира Бегматова, муовини раиси ҷамоат, наздики 6 -7 ҳазор сокини деҳаҳои Саро, Хиштхона, Бобоидархон ва Понғоз дар муҳоҷирати меҳнатианд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву суханронии хеш оид ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид бар он доранд, ки ҳадаф аз Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  қабл аз ҳама, муаррифии ҷумҳурӣ - урфу одат, анъанаҳои хубу шоистаи ниёгон, рушди иқтисодию иҷтимоии деҳот ва фароҳам овардани шароити арзанда барои ҳар сокини кишвар, хусусан аҳолии деҳот, мебошад. Бояд дар деҳоти Тоҷикистон низ нуқтаҳои замонавии хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла сартарошхонаю толорҳои ҳусн, ҳаммом, қасрҳои фарҳангу варзишгоҳҳо, мавриди истифодаи мардум қарор дошта бошанд.
Баҳри ислоҳи камбудиҳо, рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот ва амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоат чӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд? Ҷиҳати дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигар хостем бо раиси деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода ҳамсуҳбат шавем, аммо, ӯ бо пеш овардани баҳона масъаларо ба дӯши муовинаш Назира Бегматова вогузошт.
Ҳоло дар ҷамоати дорои наздики 32 ҳазор аҳолӣ 26 масҷиди доимоамалкунада фаъолият дорад, аммо ҳатто як ҳаммому  чойхонаи хубе мавҷуд нест. Бинобар набудани техникаи фаврии оташнишонӣ дар давоми ду соли охир 11 манзили сокинони деҳот куллан ба коми оташ рафт. Аз дасткӯтоҳии ҷамоат аҳли деҳа изҳори нигаронӣ доранд.
Воқеан, Ҷамоати деҳоти Понғоз аз лиҳози ҷуғрофӣ дар мавзеи басо сарсабзу сероб қарор дошта, аз қадим таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб мекунад. Месазад, ки ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз  ҷумла ҷалби сайёҳони ватаниву хориҷӣ, чандин хатсайрҳо созмон диҳанд. Дар ин бобат, ҳарчанд овезаҳои зиёде ба назар мерасанд, корҳои амалӣ  тамоман каманд. Метавон дар ин мавзеъҳои сарсабзу дилрабо ва ҷолибу дорои обҳои мусаффо сайёҳии экологӣ ва кӯҳиро ривоҷу равнақ бахшид. 
Понғоз аз давраҳои қадим чун  макони устоҳои гулдасти хонасозу кандакор, нақшофар, бофандагони қолинҳои дастиву алоча дар водии Фарғона машҳур аст. Аз ин хотир, бояд мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз фурсат барои эҳёи ин ҳунарҳо шароит муҳайё созад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 114

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед