logo

иҷтимоиёт

ИФРОТГАРОӢ. ТО КУҶО ДАР МУБОРИЗА БО ОН МУВАФФАҚ ШУДЕМ?

- Адабиёти классикии мо дар ҳама даврони таърихӣ, ҳатто дар вазъҳои басо мураккабу душвор низ алайҳи зулм, истисмор, қатл, ғорат, озор, даҳшатафканӣ вазифаву рисолаташро бисёр олӣ ба ҷо овардааст. Бешак, аз ин мавқеъ ё худ башардӯстии он, дигар адибони ҷаҳон дар баробари истифодаву интихоб, инчунин, онро бо як муҳаббати хос тавсиф намудаанд. Мутаассифона, адабиёти муосир, на танҳо адабиёти миллии мо, балки дигар адабиёти миллатҳои ҷаҳон, дар ҳоле ки башар аз терроризму экстремизм хавфи зиёд дорад, вазифаву рисолати худро дар ин маврид он гуна, ки бояд, ба андешаи инҷониб, пурра ва дуруст ба ҷо наовардааст. Чаро? Чӣ монеаҳо: табииву сунъӣ сабаб гардидаанд? Адабиёти муосири тоҷик, дар ҳама намуди навъҳои адабӣ, чӣ корҳоеро ба анҷом расонда ва мерасонад? Чӣ бояд кард, то адибони тоҷик дар ин мавзӯъҳои муҳимтарини давр асар эҷод бикунанд, ки дар коҳиш ёфтани падидаҳои номатлуби даҳшатзо мусоидат бинамоянд? Вобаста ба ҳалли ин масъала ва мушкилоти мазкур баргузории ҳамоишҳо бо адибони ҷаҳон метавонад таъсири нек бигузорад? Дар сурате, ки бо истифода аз имконоти техника ва технологияҳои муосир ин вабои аср ба ҳар як хонадони сайёра роҳ меёбад, адабиёт, мурод, албатта, адибон аст, дар муқобили он чӣ корҳоеро бояд ба фарҷом бирасонанд? Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии ҷаҳон дар ду - се соли оянда мураккаб ё худ бад мегардад. Адабиёти дунё, хосса адабиёти миллии мо, дар ин ҳол то куҷо метавонад вазифаву рисолаташро иҷро бинамояд? Ва, албатта, чӣ тавр?
Хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим барои посух гирифтан ба ин пурсишҳо ба чанд тан аз аҳли адаб ва муҳаққиқони соҳа муроҷиат намуд.

Назри Яздонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон:
- Терроризм, ваҳшатафканӣ, рабудан ва фурӯхтани одамон, фисқу фасоди ахлоқӣ, бе қадр кардани арзишҳои ҳазоронсолаи умумибашарӣ, мутаассифона, як қисмати зиндаву ногузири рӯзгори мо шудааст. Имкони пардохтан ба таҳрири сабабҳои пайдоиши ин падидаҳо чун феълан имкон надорад, танҳо ҳаминро зикр кардан зарур аст, ки оғози ин бадбахтиҳо аз ақидаи Шпенглер дар мавриди дур кардани  дини насронӣ аз ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз мегирад. Ақидаи ин файласуфи немис, ки аслан бештар ҷалб кардани андешаи омма ба ҳаёти иҷтимоӣ, истеҳсолоту ҷустуҷӯи воситаҳои нави қавӣ сохтани молияи миллати немиси худаш буд, таъсири ғайричашмдошти харобиовар пайдо намуд. Бо мурури замон андешаи авом то он ҷо расид, ки арзишҳои бунёдии насронӣ, ки аслан арзишҳои умумибашарӣ ҳам ҳастанд, ба монанди ҳамдарду ҳамдаст будан бо бечорагон, муқаддасии иффату бакорат, қавлу қасам ва ғайраву ғайраҳо барои пешрафти иқтисодиву рафоҳати ҷомеаи капиталистӣ на танҳо аҳамият надоранд, балки зарар ҳам доранд.
Асри ХI гӯё ибтидои ҳаракати асрии худро аз ҳамин нуқтаи ғайрибашарӣ оғоз кард. Дар тамоми ҷаҳони Ғарб арзишҳои инсонӣ ба хотири расидан ба рӯзгори пурғановат, саршор аз рафоҳату ҳаловатҳо зери пову поймол гаштаанд. Бешубҳа, дар ҳамин Ғарб қудратҳое ҳам ҳастанд, ки дар баробари ин падидаҳои манфӣ корҳои неку мусбатро ба фарҷом мерасонанд. Ин қудратҳо шартан дар атрофи ҳаракати «Антиглобализатсия» ҷамъ шудаанд. Дар сафи инҳо бузургоне ба монанди собиқ президентҳои ҳамин мамолики Ғарб, барандаҳои ҷоизаи Нобел ва дигар шахсиятҳои муътабар ҳам ҳастанд, аммо феълан кӯшишҳои инҳо самар намедиҳад, зеро муносибат ба ин ҳаракат сахт қотеона ва бераҳмона, беамон мебошад.
Тадбирҳое, ки дар баробари ин падидаҳо анҷом дода шуданд, феълан муассир ҳам ҳастанд, дар ҷараён низ. Аз он ҷумла, иқдоми қотеонаи Федератсияи Россия дар барҳам задани сохтори мудҳиши «Давлати исломӣ» дар Сурия ва тадбирҳои дигар.
Тадбири тозатарин ва муассиртарин дар Саммити машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе 14 - 15 июни соли равон баргузор гардид, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Агар ин пешниҳодҳоро фишурда кунем, ба ин андеша мерасем, ки хатарноктарин нуқтаи даҳшатафканиву террористӣ алҳол дар Афғонистон тамаркуз кардааст. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби шахсиятҳои дараҷаи аввали 27 давлати   иштирокчӣ на танҳо дастгирӣ ёфтанд, балки мубрам буданашон шарҳу тавзеҳи судманд ҳам пайдо намуданд.
Дар баробари ин зуҳуроти ғайриинсонӣ, бешубҳа, адабиёт ҳам муқовимати муассир дошта метавонад. Мусаллам аст, ки барои ҳазму таҳлилу тасвири бадеии падидаҳои муҳими иҷтимоӣ, тафаккури бадеӣ муҳлат ва фосила мехоҳад. Бо вуҷуди ин, адабиёт инъикоси фаврӣ ҳам (ҳарчанд франгметарӣ ҳам бошад) карда метавонад. Шахсан дар назари ман саргузашти кӯдаконе, ки боз ҳам бо ташаббуси Президенти муҳтарами мо бо чӣ заҳматҳои сиёсӣ, молиявӣ ва шояд дигар заҳматҳо амалӣ гардид ва дар ҳудуди беш аз 80 нафар тифли тоҷик аз ятимхонаҳо, кӯчаҳо, бозорҳои одамфурӯшии Ироқу Сурия ба Ватан баргардонда шуданд, мавзӯи ҳикоя, повест ва шеър бояд бошанд. Инҷониб, то тавонистам, дар достони «Садои Ваҳдат» ҷудоиандозӣ, рахна овардан ба ваҳдати миллӣ, мавриди бозиҳои сиёсӣ кардани тафаккури исломӣ, бе қадр сохтани арзишҳои умумибашариро танқид намудаам.
Дар китоби «Ҳикмати озодагон» - ам як таҳлили нисбатан муфассал ҳам дар ин хусус кардаам.

Шамсиддин СОЛЕҲОВ, доктори илмҳои филология:
- Воқеан, масъалаи терроризм дар замони мо муаммои вазнини глобалӣ маҳсуб мешавад. Ин падидаи даҳшатангез имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳоло аз сиёсатмадорони сатҳи олии ҷаҳонӣ то шаҳрвандони қаторӣ дар сари ин падидаи харобиовар андеша мекунанд ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои босамари пешгирӣ ва аз байн бурдани он ҳастанд. Бояд гуфт, ки адабиёт ҳам дар ҳамаи давру замонҳо, чунонки  ишора кардед, дар мубориза бар зидди неруҳои тахрибкор, аз ҷумла терроризму экстремизм дар шаклҳои гуногунаш,  фаъол буд. Намунаи ин осор, фоҷиаҳои маъруфи адабиёти аҳди қадими аврупоӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аст. Оё қурбонии морони китфи Заҳҳок намудани фарзандони Коваи оҳангар террор набуд? Ва бо дасти падар аз байн бурдани Суҳроб террор маҳсуб намешавад? Ин гуна мисолҳоро мо метавонем аз шоҳкориҳои дигари адабиёти классикиамон   зиёд оварем. Дар осори адибони бузурги Шарқу Ғарб зуҳури шаклҳои гуногуни терроризм ва мубориза ба муқобили онро мушоҳида  мекунем. Намунаи ин асарҳои маъруфи Ч. Абдуллоев, С.Бакшеев, С.Зверев, Д. Коретский, М.Нестеров, С.Самаров ва дигарон аст. Дар романи «Ғуруб дар Лисобон»-и Ч. Абдуллоев,  қиссаи аз байн бурдани террористи аз  шӯравии собиқ ба Аврупо рафта нақл мешавад. Дар романи С.Бакшеев: «Арӯси Аллоҳ» достони ишқи иштирокчии ҷанги Чеченистон бо террористдухтари худкуш қисса  мегардад. Дар адабиёти муосири тоҷик ҳам ин мавзӯъ ҷо - ҷо дар ашъори шоирон ва асарҳои ҷудогонаи нависандагон ба назар мерасад, вале он дар қиёс ба тасвири бадеии   мавзӯъ дар адабиёти русию аврупоӣ   ночиз мебошад. Баъзе адибони мо ҳангоми тасвири ҳаводиси Афғонистон ва ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ин мавзӯъ дахолат  намудаанд, ки намунаи он романи «Гардиши девбод»-и Абдулҳамид Самад мебошад. Дар навиштаҳои Ӯ. Кӯҳзод, С.Турсун, Б. Муртазоев ва адибони дигар мавзӯи мазкур борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Вале ҳамаи ин дар қиболи хавфу  хатарҳои терроризм ба башарият хеле ночиз арзёбӣ мегардад.  Адибони мо ба ин мавзӯъ аз дидгоҳҳои тоза ва имрӯзӣ наздик шаванд, даҳшат ва оқибатҳои фоҷиабори ин падидаи мудҳишро бояд ба пуррагӣ ба хонанда нишон диҳанд. Адибон бо истифода аз рисолати иҷтимоии худ, ки масъулияти ба роҳи дуруст ҳидоят намудану тарбияи наслҳои ҷавонро ба уҳда доранд, ба ин масъала аз ҳарвақта дида бештар мутаваҷҷеҳ бошанд. Зеро адабиёт имконияти бештари таъсиррасонӣ ба зеҳн ва андешаро дорад ва аз он дар мавриди мубориза алайҳи ифротгароӣ ва  дигар хавфу хатарҳои замони муосир бояд  босамар истифода кард.
Аҳли адаби Тоҷикистон - ҳар кадоме ба қадри қудрату вусъати  диди бадеии хеш дар ин ҷода эҷод мекунад ва, албатта, ин ҳаракат шубҳае нест, ки рӯз ба рӯз қавитар мешавад.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, номзади илмҳои таърих, театршинос:
- Пеш аз он ки роҷеъ ба мавқеи театр ва кино, яъне драматургия, дар мубориза бар зидди терроризм сухан ронем, бояд ин нуктаро низ зикр намоем, ки бархе аз муҳаққиқони соҳа ин ду намуди ҳунарро ҳатто барангезандаи ин амал меноманд. Онҳо чунин мешуморанд, ки ҷузъҳои  муҳими театр – намоиш ва амал, ҳамчунин, қисмати асосии амалҳои террористиро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи терроризми байналмилалӣ  Брайан Ҷенкинс ҳатто тасдиқ менамояд, ки «Терроризм ҳам театр аст». Шояд ин андеша аз он маншаъ гирад, ки таҳиягарони амалҳои террористӣ онро ҳамчун намоише, ки пешакӣ тарҳрезӣ шудаасту ба тасхири тахайюлу карахт намудани  андеша равона гардидааст, роҳандозӣ намоянд. Агар террористон аз ҳунарҳои кино ва театр, ки асосашонро драматургия ташкил медиҳад, ин тавр истифода бурда тавонанд, пас чаро мо аз он ҳамчун воситаи таъсирбахши зиддитеррористӣ истифода набарем?
Мутаассифона, драматургияи миллӣ ва театри тоҷик на танҳо натавонист ба мисли телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа бар зидди зӯроварӣ саҳми муносиб бигирад, балки моҳият ва оқибатҳои нанговари экстремизм ва терроризмро низ ба таври назаррас инъикос намуда натавонист. Вале, набояд фаромӯш сохт, ки драматургия ва театр аз ВАО фарқи калон доранд. Онҳо набояд чун телевизион бо кадрҳои инъикоссозандаи терактҳо ба асъоби ҷомеа латма зананд. Вазифаи онҳо нозукона ифшо намудани моҳият ва оқибатҳои ин амалҳо мебошад.
Мушкилӣ ҳам дар ҳамин аст, ки моҳияти терроризмро, ки дар қалбу рӯҳи як гурӯҳи одамон ҷой гирифта, зиндагии ҷомеаро халалдор месозад, ошкор намудан кори саҳлу осон нест. Таҷрибаи театри ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки асарҳои баландпояи бадеии дар ин самт офаридашуда ангуштшуморанд. Барои мисол, қаҳрамонҳои асари «Террорист» - и бародарон Пресняковҳо, ки рӯи саҳнаи ними театрҳои Аврупоро дидааст, одамони одие мебошанд, ки мо бо онҳо дар ҳама ҷо вомехӯрем. Аммо воқеаҳои асар нишон медиҳанд, ки мо на танҳо ҳамсафарони ногаҳонии худро намедонем, балки дар бораи онҳое, ки солҳо паҳлу ба паҳлу зиста, кор мекунем, маълумоти кофӣ надорем. Муаллифон канораҷӯӣ аз ҷомеа ва кинаҷӯӣ барин бемориҳои равонии муосирони моро ба мисли заҳрпечаке нишон додаанд, ки решаҳои онҳо аз терроризм маншаъ гирифта, дар ҷомеа таркиш ба амал оварда, боиси хунрезӣ ҳам мешаванд. Асари адиби лаҳистонӣ Славомир Мрожек «Намуди зебо» низ дар ҳамин мавзӯъ офарида шудааст. Муаллиф бар зидди одатҳои қолабӣ дар муносибатҳои байни одамон буда, вайрон шудани симои маънавии ҳамзамонони моро дар он мебинад. Воқеан ҳам, террорист симои муайян надорад, ҳадафаш низ шахсони алоҳида нест. Аз ҳамин ҷост, ки ин хатар ба тамоми ҷаҳон таҳдид намуда, дар ҳар гӯшаи он метавонад сар занад. Барои онҳо ҳама душман ҳастанд, аз ин ҷост, ки ҳар кас метавонад мавриди ҳадафашон қарор гирад. Ҷавҳари терроризмро, ҳамчун омили хатарноки психологӣ, бадбинии инсон ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ин гурӯҳ ба худ ва наздиконашон низ раҳм надоранд. Пас, аз ин гуна афрод чӣ гуна метавон умеди некӣ намуд. Онҳо дар натиҷаи мағзшӯӣ танҳо ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони худ шуда, барои амалӣ намудани идеологияи онҳо хизмат мекунанд.
Хуллас, чуноне ки воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, рушди бемайлони ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамзамон, мушкилоти зиёдеро пеш овардааст, ки ба тақдири миллионҳо нафар таҳдид менамоянд.  Миёни онҳо терроризм ва экстремизм мавқеи хос доранд.  Терроризм ва экстремизм – методҳое мебошанд, ки гурӯҳҳои ҷудогона дар онҳо барои расидан ба мақсадҳои худ аз зӯроварӣ истифода мебаранд.
Новобаста аз кӯшишҳои зиёд ҷиҳати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷараёни мазкур, то ҳол омили таъсири равонии он дуруст дарк нашудааст. Дар ин раванд, драматургия ва театр, ки маҳз бо рӯҳу равони инсон сару кор доранд, метавонанд, таъсири бештар бирасонанд. Коргардони машҳури итолиёвӣ Франко Дзеффирелли кино ва театрро бештар аз як дастгоҳи коммуникатсионӣ медонад. Ӯ мегӯяд: «Театр мактаби тарбия ҳам мебошад. Бештар аз он, театр метавонад ба шуури ҷомеа таъсир бирасонад. Шояд ҳайратовар намояд, вале театр ба баъзе касон аз заминларза ва катаклизмаҳо ҳам зиёдтар таъсир мерасонад». Инро набояд фаромӯш сохту кӯшиш кард, ки ин дастгоҳи қавии таъсиррасон бояд ба мақсадҳои нек ва самаранок кор фармуда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 149

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед