logo

маориф

НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН. ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ МАКТАББАЧАГОН ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД

Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин Насимҷон Ғоибзода, имсол даври якуми истироҳати бачагон дар давраи таътили тобистонаи кӯдакону наврасон аз 15 июн оғоз ёфта, ҳоло даври дуюми он бомуваффақият идома дорад. Имсол низ чун солҳои пештара истироҳати тобистонаи хонандагон дар чор давр (12 рӯзӣ) ташкил карда мешавад. Истироҳати бачаҳо дар лагерҳои фароғатии назди муассисаҳои таълимӣ,  аз ҷумла мактабҳои дурдасти ноҳия, кӯдакистону мактаб - интернатҳои Саричашма, Яхшо, Чагам, Мишкорон, Даштиҷум ва Хирманҷо ташкил карда шудааст. Имсол дар маҷмӯъ, 2 ҳазору 300 хонанда ба фароғати тобистона фаро гирифта мешавад.
Дар даври дувуми он 817 хонанда истироҳат намуда истодаанд. Дар лагерҳои тобистона ба ташкили бозиҳои варзишӣ диққати махсус дода мешавад. Хонандагон ба шашкаву шоҳмотбозӣ, футболу волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз машғул мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагон дар мавсими тобистони соли 2019  ҳамаи чораҳои заруриро баҳри солимгардонии бачаҳо дар лагерҳои фароғатӣ андешидааст. Ба таълиму тарбияи наврасон 250 омӯзгори соҳибтаҷриба вобаста шудаанд. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва иттифоқи касабаи шуъбаи маориф маблағҳои зарурӣ ҷудо шудаанд. Хонандагон бо рахтҳои роҳат ва бо хӯроки гарму болаззат таъмин мебошанд. Саломатии онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Роҳбарони идораи санитарию эпидемиологии ноҳия ҷиҳати назорати вазъи санитариву беҳдоштии истироҳатгоҳҳо корҳои судманд анҷом дода истодаанд. Кормандони идораи оташнишонӣ низ вазъи пешгирии сӯхторро дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо таҳти назорат қарор дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Дар лагерҳои истироҳатӣ дар давраи таътили тобистона, миёни хонандагон озмуни китобхони беҳтарин дар соли 2019 давом дорад. Мақсад аз ташкили  озмун баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба хондани китобҳои бачагона ва бадеӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи истироҳатгоҳҳои муассисаҳои таълимии ноҳия гӯшаи китобҳои бачагона ва бадеӣ ташкил шуда, адабиёти навтарин дар ихтиёри истироҳаткунандагон гузошта шудааст. Ин амал ба беҳтар шудани дониши мактаббачагон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, айни замон 10 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар дараи Варзоб дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» - и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дорад.
Холназар КАСИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 184

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед