logo

иҷтимоиёт

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. “ШИРКЕНТ” ДАРҲОИ ХУДРО БОЗ НАМУД

Фароғатгоҳи тобистонаи «Ширкент» - и КВД «Ширкати алюминийи  тоҷик» ба фаъолияти басти аввал оғоз бахшид. Мутасаддиёни лагер наврасону кӯдаконро дар фазои тантанавӣ бо ташкили як чорабинии хушу хотирмон,  шеъру таронахонӣ ва рақсу бозиҳои дилхушкунанда пазироӣ намуданд.

Музаффар Мадалиев, раиси кумитаи иттифоқи касабаи КВД “Ширкати алюминийи  тоҷик», иброз дошт, ки дар лагери “Ширкент” бо ибтикори муштараки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Созмони байналмилалии “ЮНИСЕФ” пеш аз оғози мавсими истироҳат семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он аз тамоми гӯшаю канори кишвар намояндаҳои мақомоти марбута ва сарварони лагерҳо ширкат варзиданд.
-  Зимни вохӯрӣ мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони мутасаддӣ даъват шуданд, ки рафти корҳои омодагӣ, ташкили корҳои тарбиявӣ, хизматрасонии тиббӣ, риояи талаботи санитарӣ - гигиенӣ ва бехатариро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.  Ҳамчунин, таъкид гашт, ки роҳбарон ба масъалаҳои ҷобаҷогузорӣ ва таъмини лагерҳои истироҳатӣ бо омӯзгорони пуртаҷриба,  мураббиҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи бештар намоянд, - гуфт М. Мадалиев.
Истироҳатгоҳ  дар 3 баст 900 мактаббачаро ба истироҳату солимгардонӣ фаро мегирад.  Давомнокии ҳар як баст 14 рӯз аст.
КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» яке аз сарпарастони хонаи кӯдакони ятими шаҳри Турсунзода мебошад. Ҳамасола ширкат дар мавсими истироҳат то 100 нафар кӯдаки ятимро ба таври ройгон барои истироҳат равон мекунад.
Алҳол дар лагери «Ширкент» аз ҷониби кормандони бахшҳои зерсохтории корхона кабудизоркунӣ, таъмир, ободонӣ, таъмини хизматрасонии маишӣ ва коммуналӣ, муҷаҳҳазгардонӣ, таъмини истироҳатгоҳ бо кормандони педагогӣ ва корҳои дигар ба анҷом расонда шудаанд. Барои истироҳати бофароғати кӯдакон ва таъмини амнияти онҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти амнияти ширкатро ҷалб кардаанд.
Истироҳатгоҳ  дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳри Турсунзода, ки  боду ҳавои тоза дорад, ҷойгир аст. Он дорои панҷ бинои дуошёна буда, ҳар як бино 80 ҷойи хоб, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, мошини ёрии таъҷилӣ,  духтур ва ду ҳамшираи тиб дорад. Ошхонаи фароғатгоҳ барои қабули 200 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Хӯрок дар истироҳатгоҳ  мувофиқи меъёрҳои  муқарраргардида омода карда мешавад. Кӯдакон дар як рӯз 3 маротиба хӯроки гарм ва 2 маротиба хӯроки сабуки иловагӣ  истеъмол мекунанд. Сифати хӯрок мунтазам аз ҷониби табибон  назорат карда мешавад.       
- Кормандони истироҳатгоҳ талош доранд, ки тамоми чораҳоро андешанд, то  мавсими  истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон хушу гуворо гузарад, - гуфт М. Мадалиев.   
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 274
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед