logo

иҷтимоиёт

ХУРОСОН. БУНЁДИ 174 ИНШООТ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва сокинони заҳматкаши он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо корҳои ободонию созандагиро дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия вусъат дода, бунёди 174 иншоотро ба нақша гирифтаанд.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ин ҷашни миллӣ, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 39 иншоот, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои тандурустию маориф, коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли орду хишт, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, савдо, мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, боғи фарҳангу фароғатии ноҳия пурра навсозӣ гардида, дар майдони 0,62 гектар гулгашти хуштарҳ бо дарбаргирии сутунпояҳои Парчами давлатӣ бо баландии 47 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 24 метр бунёд ёфт. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату истироҳати кӯдакону наврасон бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар боғи марказии ноҳия дастгоҳу таҷҳизоти дилхушӣ ва чархофалаку арғунчакҳо насб карда шуданд.
- Имрӯзҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тамоми коллективҳои меҳнатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бобати таъмини иҷрои нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва сазовор истиқбол намудани ҷашни миллӣ камари ҳиммат бастаанд, - гуфт Р. Сафарзода.
Қурбон АҲМАДЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 272
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед