logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИЁР. ҚАИҚРОНЕ, КИ МОРО ШУҲРАТЁР МЕКУНАД

Кулли коршиносон бар он назаранд, ки алъон Шаҳриёр Даминов вориси арзандаи қаиқронҳои машҳури даврони шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов ва бародарон Михаил ва Юрий Лобановҳо мебошанд. Чунин баҳои баланд пояи қавӣ дорад: дар давраи истиқлол ягон қаиқрони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ мисли ӯ муваффақ нагаштааст. Дар иртибот ба ин комёбиҳо, суҳбате доштем бо  мавсуф, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

СЕ МЕДАЛ АЗ ЯК МУСОБИҚА
- Ҷоми кушодаи ҷаҳон, ки ахиран дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон (23 - 25 марти соли ҷорӣ) баргузор гашт, ба таъбири хабарнигорони ҳинду ва дигар ҳамкасбони онҳо «ба бенефиси қаиқрон Шаҳриёр Даминов табдил ёфт». Зеро дар чунин мусобиқаи бонуфуз соҳиби се медал шудани як варзишгар кам андар кам даст медиҳад. Шаҳриёр, хуб мешуд, агар суҳбатамонро бо шарҳи ҳамин пирӯзиатон оғоз бахшем.
- Сабқат дар масофаи дӯстдоштаам – 1000 метр сар шуд ва, аз ин рӯ, ният доштам, ки дар он пирӯз гардам. Аммо бо сабаби гармии ҳаво ва вазиши шамол, танҳо медали биринҷӣ насибам гашт. Рӯзи дигар дар масофаи 500 метр қувва меозмудем. Бо мураббиям Зоҳир Набиев ба хулоса омадем, ки 300 метри аввал бо рақибон баробар шино карда, дар 200 метри боқимонда бо тамоми қувва бел мезанам. Ҳамин тавр ҳам карда, медали тиллоро ба даст овардам. Дар масофаи 200 метр бошад, ҷои дуюмро ишғол намудам.
- Дар мусобиқа чандин чемпионҳои ҷаҳон ва қора ширкат доштанд. Аз миёни онҳо кадоме бо шумо «сарбасар» шуда тавонист?
- Рақиби асосиам дар қувваозмоӣ Куан-Чиеҳ Лай – қаиқрони Тайпейи Чин ба ҳисоб мерафт. Рақобати мо дар ҳар се масофа ниҳоят шадид ва ҳамзамон шавқовар сурат гирифт. Фарқияти натиҷаамон аз як сония ҳам камтар мешуд. Масалан, дар масофаи 500 метр қариб баробар ба марра расидем: ман бо натиҷаи 25.949 сония ҷои якум, Куан бошад, бо 26.069 сония ҷои дуюмро гирифт. Дар 200 метр  акси ин ҳол  рух дод, яъне ман ҷои дуюм, ӯ мақоми аввалро касб намуд (мутаносибан 14.018 ва 14.168). Дар масофаи 1000 метр бошад, мо зинаҳои дуюму сеюмро ишғол кардем. Куан, воқеан ҳам, ҳарифи арзанда ва лоиқи эҳтиром аст.

ЧЕМПИОНӢ ПАС АЗ ЯК ҲАФТАИ МАШҚ
- Шаҳриёр чӣ сабаб шуд, ки қаиқрониро интихоб кардед?
- Бо хоҳиши волидонам мураббӣ Зоҳир Набиев, ки ҳамсояамон буд, боре маро ба машқи қаиқронҳо бурд. Он вақт 14 сол доштам. Вақтҳои аввал аз рӯи ҳавою ҳаваси бачагӣ мерафтам. Баъдтар, ба он меҳр бастам. Тамринро аз байдарка оғоз кардам. Бинобар он ки бо дасти чап бел мезадам, баъди муддате ба каноэ гузаронданд. Шояд бовар накунед, ҳамагӣ баъди як ҳафтаи машқ дар чемпионати Тоҷикистон байни наврасон ғолиб омадам.    
- Варзишгар ҳамон вақт муваффақ мешавад, ки мураббии хуб дошта бошад. Ва гумон мекунам, дар ин бобат коратон омад кардааст, зеро Зоҳир Набиев аз зумраи чунин устодон аст.
- Воқеан ҳам чунин аст. Маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Зоҳир Набиев ба ин комёбиҳо ноил гаштам. Саҳми мураббии дигарам Виталий Сорокин низ дар ташаккули малакаи қаиқрониам калон аст. Ман ҳамеша бо сипос аз Шодӣ Сафаров – ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба номи Сайидмуъмин Раҳимов низ ёд мекунам, ки дар давраи донишҷӯӣ дастгириам мекарданд.

НУҚРАЕ, КИ АЗ ТИЛЛО КАМ НЕСТ
- Тарбият дар мактаби ин устодон натиҷаи матлуб дод ва шумо дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон комёбии Иброҳим Ҳасанов ва бародарон Лобановҳоро такрор карда, қаҳрамони Осиё шудед.
- Ин нахустин муваффақияти ман дар арсаи байналмилалӣ буд, ки соли 2015 даст дод. Дар шаҳри Палембанги Индонезия дар каноэи яккаса байни ҷавонон (масофаи 200 метр) унвони қаҳрамони Осиёро ба даст овардам. Ба парчами миллиямон нигариста, ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол мекардам. Баъди ду сол    дар шаҳри Шанхайи Чин соҳиби медали нуқраи чемпионати Осиё шудам.
- Соли гузашта низ бароятон бобарор омад: ду медали тилло ва як нуқра. Зимнан, ин нуқра аз тилло камтар қурб надорад, зеро чунин комёбӣ бори аввал ба қаиқронҳои тоҷик муяссар гашт...
- Бале, соли 2018 бароям соли фаромӯшнашаванда хоҳад буд, зеро дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23 - сола (Самарқанд) дар масофаҳои 1000 ва 500 метр пирӯз гаштам. Дар 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё  (Индонезия), ки бонуфузтарин  мусобиқаи қора ба шумор меравад, дар масофаи 1000 метр сазовори медали нуқра шудам, ки он дар таърихи варзиши қаиқронии кишвар саҳифаи нав боз намуд ва қурби ин медал бароям баробар ба тиллост.

ПИРӮЗӢ ДАР ТОКИО ОРЗУИ МАН
- Ҳоло ба кадом мусобиқаҳо омодагӣ дида истодаед?
- Айни ҳол ба чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва ҷавонон, ки 1 – 4 август дар Руминия доир мегардад, тайёрӣ мебинем. Сипас, 20 – 25 август ба Маҷористон рафта, барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон ҷамъомади машқӣ - таълимиро мегузарем.
- Орзуе, ки дар дил мепарваред.
- Орзуям парафшон дидани Парчами давлатӣ дар Олимпиадаи тобистонаи Токио – 2020 мебошад. То ин мусобиқаи бонуфуз як сол мондааст ва саъю кӯшиш хоҳам кард, ки роҳхати олимпиадаро ба даст оварам ва дар он пирӯз оям.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 151

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед