logo

иҷтимоиёт

ҒИЗОИ МАКТАБӢ. АЗ НООГОҲӢ ТО ХУНУКНАЗАРӢ

Санади барномавии Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 соли сеюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мавриди амал қарор дорад, ки ҳадафи асосии он таъмини хонандагон бо ғизои солим мебошад. Дар арафаи анҷоми соли таҳсил хабарнигори «Ҷумҳурият» ба чанд шаҳру навоҳӣ сафар кард, то бифаҳмад, ки дар асоси ин дастури муҳими давлатӣ масъулони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар ҳаққи дастпарварони муассисаҳои таълимӣ чӣ ғамхориҳои судовар кардаанд.   

«МО АЗ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ИН ЛОИҲА ОГАҲӢ НАДОРЕМ»
 Муҳимтарин коре, ки дар ин марҳила бояд анҷом дода мешуд, дар 50 мактаби пилотӣ таъмир ва таҷҳизондани ошхонаҳо ва омӯзондани ошпазон маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, то соли 2027, давра ба давра,  тамоми  хонандагони макотиби ҷумҳурӣ  дар ошхонаҳо бо ғизои  солим таъмин карда мешуданд. Тавре маълум гашт, вазоратҳои номбурда бо дастгирию ҳамкории шарики барномаи стратегӣ – Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия ошхонаҳои 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои гузаштан ба ғизои солим қисман омода кардаанд. Дар 15 мактаби боқимонда ин кор то ҳол оғоз наёфтааст.
Пас аз маълум гаштани вазъи ногувори иҷрои вазифаҳои марҳилаи аввали стратегия барои рӯшан намудани сабабҳои он роҳи Вазорати маориф ва илмро пеш гирифтем. Зимни вохӯрӣ сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии вазорат Бадриддин Музаффаров ва сармутахассис Робия Мирзоева гуфтанд, ки онҳо аз амалӣ шудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ  хуб огоҳӣ надоранд. Дар натиҷа саволҳои мо беҷавоб монданд.  Агар муносибати кормандони масъули вазорат ба нақшаи давлатии беҳсозии ғизои мактабӣ чунин аст, пас дар маҳалҳо вазъ  чӣ гуна бошад?

«АЗ ВАЗОРАТ ЯГОН ДАСТУР НАГИРИФТАЕМ»
Вазорат бояд барномаҳои таълимӣ оид ба ташаккули фарҳанги ғизои солимро таҳия ва барои роҳандозӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пилотӣ мефиристод. Албатта, дар радифи омодасозии ошхонаҳо ва ошпазҳои ин муассисаҳо. Лекин, аснои суҳбат мудирони мактабҳои пилотӣ (Хайрулло Шоимардонов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон) арз доштанд, ки дар ин хусус аз ҷониби вазорат дар се соли охир ҳеҷ гуна дастур нагирифтаанд. Ҷавобҳои манфии мусоҳибон моро ба шигифт овард. Ва хоҳу нохоҳ саволе пайдо шуд, ки шояд дар вазорат стратегияро таҳия карда бошанд ҳам, се сол инҷониб аз оғози татбиқи он воқиф сохтани муассисаҳои таълимиро фаромӯш кардаанд?!

ТАҲҚИҚ: ХОНАНДАГОН АЗ КАМХУНӢ АЗИЯТ МЕКАШАНД
Ба гуфтаи Шералӣ Раҳматуллоев, аъзои шӯрои ҳамоҳангсозии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тадқиқоти солҳои 2009 - 2017 дар бораи сатҳи ғизогирии аҳолӣ дар Тоҷикистон  гузарондашуда аз сабаби  истеъмоли нодурусти ғизо 40 дарсади занону кӯдакон аз камхунӣ азият мекашанд. Ба ибораи дигар, миёни хонандагони мактабҳо теъдоди нафарони камхун зиёд аст. Инчунин, бо тадқиқи мӯи сари хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар организм нарасидани як қатор микроэлементҳо муқаррар карда шуд, ки ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад, ҳамчунин, ба қобилияти донишандӯзӣ.
Солҳои охир, бо вуҷуди назорати ҷиддӣ, ҳодисаҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат кам нашудааст ва касе кафолат дода наметавонад, ки қисме аз онҳо барои истифода ба ошхонаҳои мактабӣ намераванд. Яъне, ин хатарро низ набояд нодида гирифт. Зимнан, мувофиқи маълумоти агентии “Тоҷикстандарт” дар семоҳаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 қариб 615 тонна зиёдтар хӯроквории гуногуни пастсифат, аз қабили маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, равғани рустанӣ, консерв, нӯшокиҳои ташнагишикан ва ғайра ошкор ва мусодира карда шуданд.

ДАР МАКТАБ ФАРРОШ ОШПАЗӢ МЕКУНАД
Саволҳои беҷавобмонда моро ниҳоят назди Зоир Набиев, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  овард, ки аз ашхоси масъули татбиқи стратегияи номбурда маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ин дафъа низ ягон ҷавоби мусбат садо надод. “Ман ба ин вазифа моҳи январи соли равон таъйин гаштам ва ростӣ, дар бораи корҳои иҷрошуда чизе гуфта наметавонам, - иқрор шуд З. Набиев. – Аммо, дар оянда мо лоиҳаҳоро банд ба банд иҷро менамоем. Таваҷҷуҳи бештар ба коҳишдиҳии дуконҳои хӯроки тезтайёре равона карда мешавад, ки мутаассифона, дар назди муассисаҳои таълимӣ зиёд шудаанд. Мекӯшем, ки минбаъд хонандагон хӯроки гарму нӯшокиҳои безарари ошхонаҳои мактабиро истеъмол кунанд. Зеро мақсади асосии стратегияи мазкур  таъмини мактаббачаҳо бо ғизои солим мебошад».
Ин ҷо бояд зикр намуд, ки дуконҳои тезтайёр дар назди мактабҳо чун замбурӯғҳои баъди борон зиёд шудаанд. Ҷои нигаронӣ ин аст, ки дар ошхонаи мактабҳо низ хӯроки ин дуконҳо нусхабардорӣ мешавад. Яъне, ошпазҳо ба ҷои дами гарм ба талабаҳо «хотдог»-у «бургер» пешниҳод мекунанд, ки ин ҳолат дар ошхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72, ноҳияи Фирдавсӣ, мушоҳида шуд ва на танҳо дар он. Ҳол он ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ду намуди таомномаро тасдиқу тавсия намудааст.
Як сабаби ин ҳама хараҷу мараҷ, бепарвоӣ нисбат ба ғизои мактабиёнро Шералӣ Раҳматуллоев чунин тавзеҳ дод: «Як проблемаи умдае, ки имрӯз дорем, надоштани ошпазҳои соҳибихтисос дар мактабҳост. Чунки барои ошпаз воҳиди корӣ надорем. Барои ҳамин, кор ба дараҷае мерасад, ки дар ошхонаҳои мактабҳо ҳатто фаррошҳо ошпазӣ мекунанд». Ёбеду гиред! Баъди ин дигар ҳоҷат ба савол нест.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 276

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед