logo

фарҳанг

АДАБИЁТ - ОИНАИ ҲАЁТ

Ба табъ расидани рисолаи сиёсатшинос ва муҳаққиқ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» (Душанбе: ҶДММ «Ганҷ нашриёт», 2019.-248 с.) гувоҳи равшани он далел аст, ки дар шароити ривоҷи хештаншиносӣ, истиқлолдорию истиқлолпарастии миллати тоҷик низ адабиёт яке аз соҳаҳои муҳими маърифатноксозии ҷомеа ва рушди тафаккури инсонӣ ба шумор рафта, ба он бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Дар сарсухан оид ба моҳияту арзиш ва вазифаҳои мушаххаси адабиёт дар ҷомеа изҳори назар шуда, бо таҳлили борикбинонаву воқеиятсоз таъкид мегардад, ки фалсафаи зиндагӣ ободгари марзҳои адабиёт аст. Таъсиру фишорҳои ғоявию моддӣ, талош баҳри худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ адабиёти бадеиро бо тазоди ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмиҳо ба сӯи ҳифзи манфиатҳои миллӣ раҳнамун месозад. Тавре таъкид мешавад: «Сухани бадеӣ қудрат ва тавоноии бузург дорад… Ба андеша ва дилу дидаи мардум наздик аст. Аз ӯ сарчашма мегирад. Рӯҳи ӯро тавассути нақшҳо ифода месозад».
Дар фасли «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт», ки ба таври назариявӣ муаллиф масъалаҳоро пешорӯи хонандагон мегузорад,  се омили муҳимтарини идроку фаҳм ва донишандӯзии банни башар - таҷрибаи зиндагӣ, донишҳои илмӣ - назариявӣ ва амалияву назарияи адабӣ - эстетикиро мушаххасан таъйин намудааст.
Фасли «Илм ва адабиёт» далоили дақиқро дар худ гунҷоиш дода, дар радифи арзишмандии адабиёти бадеӣ қимату арзиши илм бо таҳлилҳои ҷолиб ба  таври мувозӣ қарор гирифтааст. Агар илм аз бурҳону далел, таҳлилу муҳокимаву муқоиса ва хулосабарорӣ мукаммал гардад, адабиёт низ дар пайи татбиқи ҳамин вазифа равона мебошад, аммо «пайраҳаи» он фарохтару васеъ ва тавоноии бештареро дорост. Дар ин маврид муаллиф тавассути мисолҳои мушаххас аз эҷодиёти адибон Мирзо Турсунзодаю Гулназар неруи бузурги тасвиркориҳои адабиётро нишон медиҳад. Агар илм дар шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ ва барои манфиатҳои миллӣ созгор будани он мавқеи калидӣ дошта бошад, дар ин ҷода масъулияти каломи бадеӣ низ аз он камтар нест. Адабиёт ҳам воситаи муҳими шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ - илмист. Бо дақиқият таъкид бар он мегардад, ки «тавассути таҳлили таҷрибаи инсонӣ каломи бадеӣ аз илм дида, имкони бештари таъсиррасонӣ ба шуурро дорад. Ба василаи як байт, шеър, суруд, достон, ҳикоя, повест, роман, ҳатто ҳар кадоми онон дар алоҳидагӣ, имкон ҳаст, ки диди инсон нисбат ба ҳодисоти олам, муносибати ӯ ба воқеоти муҳити атроф тағйир ёбад.
Фасли «Адабиёт ва идея» бозгӯйи ҳамин ғояи муҳимест, ки илм танҳо дар шакли алоҳидаи худ ва адабиёт низ танҳо барои адабиёт буда наметавонанд. Дар адабиёт образҳо, нақшҳои олидараҷа, идеалиро адиб баҳри талқину ташвиқи ғояҳои наҷибу бунёдкору созандаи худ истифода мебарад. Мӯшикофии муҳаққиқ низ дар ҳамин зуҳур ёфтааст, ки «Идея таҷассумгари Ақл, Хирад, Илм, Дониш ва Маърифати инсонист».
Дарвоқеъ, идеал ҳамон падидаи матлубест, ки бо роҳи фаҳму идрок, ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди комил ба идея дар гуфтор амалишавии омолу орзу ва ормонҳои одамиро дар ҳаёти воқеӣ насиб мегардонад. Нуктаи фалсафии таъкиди муаллиф дар ҳамин асос зуҳур ёфтааст, ки  идеяҳо дар чаҳорчӯби мантиқи семантикӣ (сермаъноӣ) ва қонунияти тафаккур шакл мегиранд ва мантиқи идеясозиро ташкил мекунанд. Адабиёт, образҳои барҷаставу хотирнишин ва ободгари он ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ идеалро таҷассум кардаанд. Ҳамин идеяофарӣ мавқеву мартабаву манзалати адабиётро дар ҳаёти банни башар дар мақоми арҷманду боло қарор додааст.
Фасли «Диалектикаи воқеият ва диалектикаи идеяҳо» - ро муаллиф чунин оғоз намудааст: «Бурду бохти инсоният вобастагии кулл аз ҷаҳонбинӣ дорад». Инчунин, афзудааст: «Бадбахтии дигар майл ба андӯхти дониш надоштани қисмати одамон аст. Онон нисбат ба илм, аққалан, ба хотири аз ҷаҳолат, вобастагӣ, ғуломии маънавӣ растан, мутаассифона, мароқ зоҳир намекунанд». Муаллифи рисола вазифаи адабиётро дар шароити нави ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, асли кор ва воқеияти диалектикии идеяҳоро баррасӣ мекунад. Ҳастии одамӣ он воқеиятро тақозо дорад, ки ашхоси эҷодкор ҳақиқати ҳаётро бо тасаввуроту ҷаҳонбинӣ ва дарки аслии субъекти дорои сифати моҳиятӣ тасвир намояд. Қаламкаш он нафари болоназар ва маърифатпарастест, ки бо дониши амиқу дидгоҳи олии эҷодкоронаи хеш дар тафаккури хонандагон инқилоб бармеангезад ва онҳоро ба роҳи равшану дурусти расидан ба қуллаи мақсуд ҳидоят месозад. Ҳамин тавр, ҳушдор доданист, ки насли навраси ҷомеаро бо донишҳои асили замонавӣ мусаллаҳ намудан зарур аст, то ин ки дар мафкураи онҳо ҷой барои иҷборан пур кардани ғояҳои (идеяҳои) номатлубу носолим, аз ҷумла ғояҳои террористию экстремистӣ ва иғвогаронаю ҷудоихоҳӣ боқӣ намонад.
Нуктаи муҳиму ҷолибу хотирмон дар рисола он аст, ки дар ташаккулу таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши калидию созандаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Ин абармарди таърих бо ҷасорату матонат, миллатдӯстии беҳамтои худ барои тамоми тоҷикони ҷаҳон боиси ифтихор ва намунаи ибрат гардид. Ғолибияти андешаи милливу мустақилияти давлати миллӣ тавассути заҳматҳои шабонарӯзии ин Сарвари беҳамто дар шууру майнаи ҳар як фарди миллат нақш баст, аз ин рӯ, ҳамагон якдилонаву муттафиқона дар атрофи ӯ ҷамъ омаданд. Ба қавли муаллиф, муҳити ҷамъиятӣ офаранда ва нигаҳдорандаи афкори ҷомеа мебошад. Бинобар ин, адибонро зарур аст, ки дар чунин муҳити илҳомбахш ҳам дастовардҳои наҷиби ҷомеаи тоҷикон ва ҳам муваффақияту бартариҳои чашмраси сарварии Пешвои миллатро дар осори худ ба таври реалию воқеъбинона муҷассам намоянд. Албатта, дар даврони қариб сисолаи соҳибистиқлолӣ адабиёти мо  таҷассумгари бевоситаи ҳаёти миллату давлати навини тоҷикон аст, вале асарҳои аз лиҳози ғояву мундариҷа ва шаклу мазмун таърихмон ва ҷовидонӣ ҳанӯз ҳам кам ба назар мерасанд.
Фасли «Адиб ва тафаккури бадеӣ» бозгӯйи ҳамин масъалаи муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ буда, дар татбиқи ин омили муҳим нақши адибу шахсияти ӯ дар мақоми аввал қарор дорад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо собит нашуда, ки хонандаи асил адибонро ҳамчун олиму хирадманд, шахсияти мутафаккиру рӯҳшинос ва ҳамадону фозил эътироф намуда, аз осори гаронбаҳояшон дарси ҷасорату матонат, ҷавонмардию асолат, ватандӯстию башардӯстӣ, худшиносии асилро омӯхтааст.
Дар марҳилаи кунунии соҳибистиқлолии тоҷикон бояд ҳамин вазифаи адабиёту адиб боз ҳам бештар гардида, тақозо мекунад, ки асари офарида ҳамчун роҳнамои ҷомеа ва ҳар фарди он хусусияти бузургеро касб намояд. Яъне, «Ман» - и адиб «Ман» - и ҳазорҳову миллионҳо шуда, ба «Мо» табдил ёбад. Муқаддасоти адабиёт ва адиб низ маҳз дар ҳамин қувваи тавонои рӯҳӣ ва неруи муқтадири ваҳдатофар инъикос меёбад.
Ба андешаи муҳаққиқ адиб бояд ҳамон андешаи муҳиму матлуби ҷомеаро пайгирӣ намояд, ки дар мавриди ҳаллу фасли мавзӯоти замони муосир адабиёт дар шароити ниҳоят мураккаби  равандҳои глобалӣ, минтақавӣ ва алтернативӣ битавонад роҳу равиши рушди миллии моро ба таври қотеву боварибахш таҷассум созад.
Тавассути ёдрасии се давраи фоҷиаи бузурги таърихи миллати тоҷик ӯ ҳушдор медиҳад, ки давраи чоруми муборизаи душманон барои заиф гардондан ва шикасти сохти давлатдории миллӣ, ба вартаи бесуботию нооромӣ ва аз рушду тараққӣ  боз мондани миллати тоҷик моро ҳамакнун рӯ ба рӯ гаштааст. Аз ин рӯ, ин вазъияти ҳассосу нозук аз адибон тарғибу ташвиқи донишу хирад, заковату фазилати азалӣ ва эътиқодмандии илмию таърихиро ба таври ҷиддӣ тақозо дорад. Дар ин зимн боисрор таъкид мегардад, ки замони эҷоди «Шоҳнома» - ҳои нав ва «Маснавӣ» - ҳои тоза фаро расидааст ва ҳамин масъулияти бузургро адибони имрӯза бояд воқеъбинона дарк ва амалӣ созанд.
Дар фасли «Генезис ва адабиёти муосир» муҳаққиқ аз сарнавишти пурпечутобу фоҷиабору сарчашмаҳои пурғановати адабиёти гаронмояи тоҷик ёдовар шуда, саргузашти миллатро дар масири вақту фазову муҳтавои тӯлонии асрҳо тафсир намудааст. Бино ба таъкиди ӯ, масъалаи аз лиҳози генезис омӯхтани пайдоиши асари бадеӣ, вобастагии сабабии таълифот ва натиҷаи иҷтимоӣ - ақидатии он аз муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ мебошад. Осори гаронмояву оламшумуле, ки дар даврони дурударози ҳастии миллатамон эҷод гардидаанд, сарчашмаи воқеию таърихӣ доранд. Инчунин, бо истифода аз сарчашмаҳои адабию дидгоҳи бадеӣ ҳаёти мардумро бо тамоми фарозу нишебҳояш воқеъбинона таҷассум намудаанд.
Ӯ барҳақ сарчашмаи эҷодиёт, яъне генезисро бо принсипи эҷодӣ тавъам медонад, зеро ки моҳияти ҳақиқии адабиёту фарҳанги асил таблиғу тасвири азму талоши фарзонафарзандон баҳри ҳимояи манфиатҳои миллат ва халқи хеш мебошад.
Нигорандаи рисола бо ифтихор аз Носири Хусраву Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Бедил ва аз заҳматҳои миллатдӯстонаи эҷодии устод Садриддин Айнӣ ёдовар гардида, ба хулоса меояд, ки «генезиси фаъолияти адабӣ зуҳурот, падида, воқеияте аст, ки барои нависанда ҳамчун ангеза нисбат ба эҷодиёти пеш аз ҳама аҳамияти иҷтимоидошта хизмат мекунад».
Фасли «Нависанда ва хонанда» масъулияти баланди адибро дар назди ҷомеаву афроди он ба таври возеҳу равшан инъикос намуда, роҳҳои пойдории асари бадеӣ, тасвири муассири ҳолати рӯҳии ҷомеа ва дарки баланди масъулиятшиносиро бо фарогирии диалектикаи зиндагӣ нишон додааст. Дар ин фасл назарияи каломи бадеӣ бо иқтибос аз асари машҳури Гегел-«Эстетика» ба таври илмӣ сареҳу муътақид таҳлил гардидааст. Ба андешаи ӯ адиб бояд чун фарзанди даврони хеш дарди ҷомеа, сарчашмаҳои онро дарку тасаввур намуда,  имрӯзи ҷомеаро ба таври ҳаққонӣ тасвир ва фардои онро дуруст пешгӯӣ карда тавонад. Имконоти сухангустарӣ басо зиёд буда, ҳақиқати зиндагӣ бояд асоси объекти тасвир қарор бигиранд. Маҳз, созандагию рушду такомули эҷодӣ боиси замонавӣ гардидани осор ва пешрафту мондагории маҳсули эҷодии адиб мешаванд.
Дар фасли «Адабиёт ва принсипи таърихият» муаллиф қудрату имконоти бузурги адабиётро дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, фарҳанг, урфу одат ва воқеияти иҷтимоӣ, вазъи рӯҳӣ, тарзи тафаккур, мундариҷаи ҳиссиёти халқу миллатҳо муаррифӣ карда, вобастагии пурраи диалектикии сухани бадеиро аз таърих, воқеаҳои таърихӣ ва вазъи сиёсии давр собит намудааст.
Дар рисола дар тӯли таърих бартарияти бузург доштани назм нисбат ба наср таъкид мешавад. Ӯ назмро арсаи ҳақиқии нишон додани тавонмандии дарк, эҳсоси паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва қудрати баланди тасвир мешуморад. Ҳамзамон, тавонмандии илмӣ ва бадеии Абуалӣ ибни Сино, ҷуръати озодандешии Носири Хусрав, зарофат ва шуҷоати бузурги Убайди Зокониро ҳамчун намунаи беҳтарину олии пайравӣ ба қудрати зеҳнӣ ва ҳамчун сарчашмаи рушду навоварӣ таблиғ намуда, адибони даврони истиқлолиятро ба сӯи пойдорию шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидани адабиёти муосири тоҷик даъват месозад.
Ҳамин тавр, муаллиф барҳақ изҳори андеша намуда таъкид медорад: «Адабиёт неруи бузургест, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ заҳмати зеҳнӣ кашида, дар пойдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмати босазо карда метавонад».
Н. ШАМСОВ, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи
С. Улуғзода, номзади илмҳои филология, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 210

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед