logo

Хабарҳо

Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардиданд.
Зимни музокирот, ҳайатҳои расмии ду кишвари дӯст масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистону Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба  Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба он  ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Зикр шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи сарони Тоҷикистону Корея гардиши молу маҳсулот соли 2018 нисбат ба соли 2017 1,7 маротиба зиёд гардид. Тайи панҷ  моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат 13 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин шаҳодати сол ба сол рушд ёфтани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Корея мебошад.
Дар робита ба  ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, роҳҳои афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот таъкид гашт, ки қатъи назар аз афзоиши нишондиҳандаҳо, ҳанӯз ҳам имконоту захираҳо зиёданд ва аз онҳо бояд самаранок истифода бурд.
Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки дар асоси сиёсати муваффақона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ дар онҳо ба соҳибкорону сармоягузорон як қатор имтиёзҳо дода шудаанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳамоварии шароитҳои зарурӣ ба он мусоидат кард, ки дар мамлакат бунёду сохтмони иншооти гуногуни истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷараён доранд.
Дар музокирот ҷонибҳо доир ба иҷрои нақшаи муштараки ҳамкорӣ оид ба афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар баробари дигар маҳсулот метавон аз Тоҷикистон ба Корея маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои сифати баланд мебошад, содирот кард.
Ҳар ду ҷониб аз сатҳу сифати муносибати тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, коммуникатсия, фарҳанг, илму маориф, обу экология, таъкид дошт.
Дар анҷоми мулоқоту музокирот  лоиҳаи Созишнома оид ба расондани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ва лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба таъсиси гӯшаи Корея ба имзо расиданд.
АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 140

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед