logo

иқтисод

CASA – 1000. ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА БАРРАСӢ ШУД

Татбиқи лоиҳаи азими минтақавии интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба ҷумҳуриҳои Покистон ва Афғонистон – CASA – 1000, ки таваҷҷуҳи на танҳо сокинони минтақа, балки ҷаҳониёнро ҷалб кардааст, марҳила ба марҳила суръати тоза мегирад.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои аъзои лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва гурӯҳҳои корӣ, ки бо иштироки намояндагони шарикони рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Департаменти давлатии ИМА, Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии ИМА (ЮСАИД), Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Хазинаи рушди Кувайт, Хартияи энергетикӣ, Барномаи минтақавии ҳамкориҳои энергетикӣ ва созмону  ниҳодҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, натиҷаи корҳои лоиҳакашию иктишофии баанҷомрасида, амалисозии тадбирҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла экологӣ), истеҳсоли (ё дархости истеҳсоли) ашёву таҷҳизоти барқии зарурӣ, ёрии шарикони рушд дар бахши кафолати истеҳсолӣ ва паҳлуҳои дигари раванди татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш ҳайати бонуфузи мутахассисон зери роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Усмоналӣ Усмонзода намояндагӣ намуд.
Тавре роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод, зимни баррасии раванди татбиқи қисматҳои тоҷикистонии лоиҳа оид ба анҷом ёфтани ҷудосозии қитъаҳои замин  барои сохтмон ва тадқиқоти геологӣ дар мавзеъҳои сохтмони зеристгоҳҳо, ба охир расидани корҳои лоиҳакашию иктишофии бунёди  хатҳои интиқоли барқ, оғози истеҳсоли асбобу таҷҳизоти барқӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва омода шудани арзёбии таъсири лоиҳа ба муҳити зист гуфтугӯ ҷараён гирифт. Дар баррасии масъалаҳо аъзои ҳайати кишвар фаъолона ширкат варзида, пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Аз гузориши ҳайатҳои давлатҳои дигари аъзои лоиҳа – Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон маълум гардид, ки дар ин кишварҳо низ корҳои иктишофию лоиҳакашӣ ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ба анҷом расида, истеҳсоли (ё ирсоли дархост барои истеҳсоли) асбобу таҷҳизоти барқӣ оғоз гардидааст ва баъзе асбобу таҷҳизоти даркориро, аллакай, ба мавзеъҳои сохтмонӣ овардаанд.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, кишварҳои аъзо корҳои муайянро ба анҷом расонда, ҷиҳати вусъат бахшидани раванди сохтмон чораҳои муассир меандешанд, ки ин аз ҳавасмандии комил ба татбиқи лоиҳа гувоҳӣ медиҳад.
С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2019    №: 136    Мутолиа карданд: 551
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед