logo

иҷтимоиёт

ВАХШ. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Татбиқи дурусти сиёсати Ҳукумати мамлакат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ боис гардид, ки Вахш аз ҷиҳати ободонии маркази маъмурӣ ва тараққӣ додани соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба яке аз ноҳияҳои рӯ ба рушди вилояти Хатлон табдил ёбад.
Доир ба дастовардҳои ахири аҳли заҳмат раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло андешаҳояшро дар суҳбат бо хабарнигорони рӯзнома чунин баён дошт:           
– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ сохторҳои марбута дар самти иҷро намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” як қатор тадбирҳои муассир андешиданд. Дар асоси таҳлилҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи нимсолаи даромади андози ноҳия 100 дарсад иҷро гардида, 16 миллиону 191 ҳазору 51 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Паҳлуҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ояндаи ноҳияро ба инобат гирифта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат даҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор гирифтааст, ки маблағи 2,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати пешрафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорию созандагӣ «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Вахш барои солҳои 2016 - 2020» бо фарогирии 169 лоиҳа ва маблағи умумии 238 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амал мекунад. То ин муддат аз ҳисоби лоиҳаҳо ба маблағи 27 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби чораҳои иловагӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 41 миллиону 916 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.
Чун саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чаҳоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, дар ҳама сатҳҳо бисёр масъалаҳои ҷории марбут ба фаъолияти соҳибкорон ҳал шуданд, ки ин ба рушди соҳаи саноати ноҳияи Вахш боис гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 68,5 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1,2 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 102 дарсад таъмин гаштааст. Ҳаҷми истеҳсоли орд 100,5, нон ва маҳсулоти нонӣ 107 ва хишти сементӣ 139,6 дарсад таъмин шуд. Кори хуби кормандони ширкатҳои истеҳсолии “Ахтари Вахш”, “Васток - 1”, “Насими кӯҳсор” ба ҳайси пешоҳангони истеҳсолот маврид ба таҳсин аст.
Агар ҳолати роҳҳо ҷавобгӯйи талабот бошад, мусофиркашонию боркашонӣ бештар ва беҳтар анҷом дода мешавад, ки ин, пеш аз ҳама, боиси қаноатмандии сокинону меҳмонон гашта, ба рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат мекунад. Роҳҳоро рагҳои хунгарди кишвар гуфтан беҳуда нест. Ин аст, ки муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳия, ки дар тавозуни худ 236,8 километр роҳ дорад, дар 40 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 10 километр масири маҳаллӣ ба маблағи 105,8 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорию асосӣ гузаронд. Барои мумфарш кардани роҳҳои ҷумҳуриявии Вахш – Данғара аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, дар деҳоти “Машъал” аз ҷониби Дирексияи сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 километр роҳ ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мумфарш  шуд.
Дар анҷоми ин амри хайр шаҳрвандон ва соҳибкорон низ бетараф наистода, дар деҳоти “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” 10 километр роҳро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, дар шаҳраки Киров 37,1 километр роҳро ба маблағи 170,5 ҳазор сомонӣ сангфарш, як адад лӯлаи обгузарро ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва 3 адад пулро ба маблағи 345 ҳазор сомонӣ таъмир, дар деҳоти “Машъал” 3 километр роҳро ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ сангфарш карда, илова бар ин корҳои беҳдоштии роҳҳо ва пулҳои боқимонда бо масрафи 691,5 ҳазор сомонӣ аз таъмир гузаронда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар  хусуси  бо дастовезҳои  шоёни  меҳнатӣ   истиқбол  гирифтани  30 - солагии  Истиқлолияти   давлатии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон аз ҳисоби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди шаҳраку деҳот гурӯҳи кории муштарак таъсис дода, нақша - чорабиниҳои ноҳиявӣ тасдиқ гардиданд. Дар доираи ҳамин омодагиҳо бунёди 209 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо дархост ва муроҷиатҳои иловагии шаҳрвандон ва соҳибкорони маҳаллиро ба инобат гирифта, теъдоди иншооти сохташаванда 342 адад муқаррар гашт. Аз шумораи умумии иншоот 55 - то дар соли 2018 ба истифода дода шуд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 55 иншоот, аз ҷумла як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дорои даҳ синфхонаи иловагӣ, панҷ бунгоҳи тиббӣ, як нуқтаи хатнаи кӯдакон, ду майдончаи варзиш, ду дорухона, як кошонаи ҳусн, як сартарошхона, як коргоҳи дӯзандагӣ, панҷ маркази савдо, як нонвойхона сохта шуда, 37 километр роҳи кӯча сангфарш, се пул бунёд ва таъмир, ҳабдаҳ трансформатори нав васл, як хати оби ошомиданӣ ва се гулгашт сохта ба истифода дода шуданд. Аз ин ҳисоб 107 ҷойи нави кори доимӣ таъсис ёфт. Айни замон сохтмони 17 иншооти ҷашнӣ дар арафаи анҷомёбист, дар 63 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Яъне, то кунун аз ҷамъи умумии иншооти ҷашнӣ 110-тои онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соҳаи кишоварзӣ барои ноҳияи Вахш, ки аграрист, ба ҳайси манбаи даромад ва таъминоти аҳолӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ муҳимтарин арса боқӣ монда, баҳри рушди бештари он ҳамасола ҳама талошҳо анҷом дода мешаванд. Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 281,1 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 108 дарсадро ташкил медиҳад. Баҳри таъмини тараққиёти иқтисодии ноҳия, инчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳолати 1 июли соли 2019 дар майдони 23 ҳазору 918 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш меёбанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 853 шаҳрванди бекор муроҷиат кард, 90 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. 290 шаҳрванд ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили адрасбофӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ ва сӯзанидӯзӣ ҷалб шуд. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин давра ба 789 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд аст.
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯ ба маориф биёр. Бо дарки муҳимияти махсуси ин соҳа мо тавонистем барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимиро ба андозаи 101 дарсад иҷро карда, омӯзиши дарсҳои компютериро дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври дилхоҳ ба роҳ монем. Азбаски нуфуси аҳолӣ ҳамасола тамоюли афзудан дорад, дар ноҳия мушкили норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ба миён омад. Биноан, дар давраи ҳисоботӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 10 синфхонаи иловагӣ бо 250 ҷойи нишаст сохтем, сохтмони 93 синфхонаи иловагии дигар дар назди 12 муассисаи таълимӣ идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи бузургу тавонои онҳо эътимоди қавӣ дорад. Аз ин лиҳоз, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати солимӣ ва тандурустии ҷавонон теъдоди майдончаҳои варзиш дар ҳудуди ноҳия ба 91 адад расонда шуд.
Бо мақсади амалисозӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди  шаҳраку деҳот, кӯчаю маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тиббӣ бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар алоҳидагӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории таблиғотӣ зиёда аз 135 мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи комиссияҳои доимии маҳаллӣ се қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як қонуншиканӣ кам мебошад.
Албатта, барои муҳайё кардани шароити зиндагии шоиста баҳри сокинон мо вазифадорем, ки аз ин бештар ҷаҳду ҷадал варзем. Бинобар ин минбаъд низ беҳтар аз пештар самимона бо ҳузури дил заҳмат хоҳем кашид ва диёри хешро гулгулшукуфон хоҳем кард.  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2019    №: 136    Мутолиа карданд: 239

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед