logo

иқтисод

СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ: "ТОҶИКИСТОН ШАРИКИ БОЭЪТИМОД АСТ"

Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки дар ҷараёни он беш аз 50 лоиҳа аз соҳаҳои афзалу ояндадор ва имкониятҳои сармоягузории мамлакат муаррифӣ шуд.

Тавре Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, гуфт, Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ давоми 27 соли муносибатҳо дар бисёр соҳаҳо ҳамкории устувору натиҷабахшро ба роҳ мондаанд. Тоҷикистон дорои сарватҳои ғании табиӣ ва Кореяи аз лиҳози технология пешрафта имконияти бамаротиб тавсеа бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро доранд.
- Форуми мазкур барои густариши чунин ҳамкориҳо мусоидат намуда, дар доираи он соҳибкорони ду ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд. Тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми савдои хориҷии кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея  12,9 миллион долларро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 миллион доллар зиёд  аст, - тавзеҳ дод Фаррух Ҳамрализода.
Дар идома Канг Мёнг Су, роҳбари комиссияи доимии тиҷоратӣ, муовини вазири савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея, аз ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд.
- Тоҷикистон дар зарфи солҳои соҳибистиқлолияш таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои ҷаҳон, хусусан Ҷумҳурии Корея, ҳамчун кишвари осоишта, рӯ ба тараққӣ ва ҳамкори боэътимод шинохта шудааст. Ман ҳамвора вазъи иқтисодию  фазои сармоягузории  Тоҷикистонро таҳлил менамоям ва ба хулоса омадам, ки ин ҷо барои роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, бавижа энергетика, канданиҳои фоиданок, коркарду содироти мева, техникаю технология, манфиатбахш хоҳад буд, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин, намояндагони ширкатҳои  «GAIA ENERGY CO., Ltd», «Keumcheong Pharm», «Richware system Co., Ltd» ва  «World Oil Korea Co., Ltd» ба шароиту имкониятҳои соҳибкорию сармоягузории  Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои фаъолияти муштарак бо ҳамтоёни тоҷикашон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Намояндагони 4 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати Кореяи Ҷанубӣ фаъолияти муваффақонаи худро бо мисолҳои мушаххас ба иштирокчиёни форум муаррифӣ намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ иштирокдорон ҳаҷми гардиши маҳсулот байни ду кишварро назар ба имкониятҳо  хеле кам арзёбӣ карда,  изҳори боварӣ намуданд, ки  дар асоси густариши ҳамкориҳо он афзун хоҳад гашт. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 435
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед