logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА 599 ҲОЛАТИ ҚОНУНШИКАНИРО ОШКОР КАРД

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура 599 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим ошкор гардида, нисбат ба шахсони гунаҳкор 299 парвандаи маъмурӣ оғоз ва 300 нафар масъулони танзими ҷамоатҳо ва бахш оид ба корҳои дин ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Дар ин бора Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гузориши Прокурори генералӣ, дар ин давра татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар рафти санҷишҳои прокурорӣ оид ба риояи ин санади ҳуқуқӣ қонуншиканиҳои зиёде ошкор шудаанд. Вобаста ба ин,  2230 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуда, 103 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Зикр шуд, ки дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 386 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҷиноят кам мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ омори умумии ҷиноятҳои дар ин давра сабтшуда эълон шуд, ки маҷмӯан, 12549 ҷиноятро дар бар мегирад. Тавре таъкид шуд, муфаттишони прокуратура тафтиши 2198 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонда, 2084 адади онро нисбат ба 2337 нафар барои баррасӣ ба суд ирсол намуданд. Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 69,1 миллион сомонӣ зарар, аз ҷумла 7,9 миллион сомонӣ, ба манфиати давлат барқарор шудааст.
Дар давоми шаш моҳ аз ҷониби мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3393 санҷиш гузаронда шудааст. Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 15 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва бо натиҷаи баррасии онҳо 24 250 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, дар ин робита 1881 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
- Ба баррасии саривақтӣ ва пурраву холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мақомоти прокуратура диққати хосса зоҳир гардида, дар ин давра 6982 муроҷиат баррасӣ шуд. Мақомоти прокуратура дар оянда низ ҷиҳати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тамоми чораҳоро меандешад, - таъкид кард Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 310

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед