logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОР. РӮЗҲОЕ, КИ ДУШАНБЕ ХОНАИ ТАМОМИ ОСИЁРО МЕМОНД

14 – 15 июни соли ҷорӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон боз як саҳифаи нав боз шуд. Пас аз 27 соли таъсисёбии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид. 
Ҳамагон шоҳид будем, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе симои идона дошт. Алалхусус, хиёбони марказии шаҳр гулпӯш ва шиору овезаҳо бо матни истиқболи сарони давлатҳои иштирокчиву нозир, инчунин, рамзи ҳамоиш насб шуда буданд.
Вақте тариқи телевизион рафти чорабиниро аз толорҳои пурнақшу нигори «Дидор»-у «Аржанг» ва «Зарандуд» - и Кохи Наврӯз пахш мекарданд, дар чеҳраи сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми қораи Осиё эҳсоси хушнудиву қаноатмандӣ ҳувайдо буд. Тавре ҳамагон шоҳид будем, баромадкунандагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар барои пазироии самимӣ, дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш, инчунин, аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ изҳори сипос мекарданд. Вуҷуди ман ва шояд аксари бинандагонро дар чунин лаҳзаҳо худ ба худ эҳсоси ифтихор фаро гирифт, ки кишвари маҳбуби мо барои гузарондани чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд тавонмандиҳои фавқулода касб кардааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки кори нишастро оғоз карданд, аввалин суханҳояшон ин мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва мушорикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчунин, саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди муносибати тамоми минтақаи Осиё буд, ки бо самимияти хос истиқбол мешуд.
Инчунин, Пешвои миллат доир ба проблемаҳои глобалӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ки соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо СММ ду конфронси муҳими сатҳи баланд дар мавзӯи таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ  ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо доир гашт, ибрози назар намуданд, ки бозгӯи мавқеи устувори Тоҷикистон доир ба мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷаҳони муосир буд.
Бояд гуфт, ки МҲТБО анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки моҳи октябри соли 1992  бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Мақомоти маъмурии машварат дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нур-Султон ҷойгир аст. То нишасти Душанбе чор ҳамоиши дигар – солҳои 2002, 2006, 2010 ва 2014 баргузор гардидааст.
Тавре ҳайатҳои иштирокчӣ изҳори бовар намуданд, нишасти Душанбе барои таъмини амният, инкишоф, аз байн бурдани зиддиятҳо ва таҳкими сулҳу субот дар давлатҳои қораи Осиё мусоидат хоҳад кард.
Нозанин РАВШАНЗОДА, хонандаи МТМУ № 50, ш. Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 186

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед