logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. БЕШ АЗ 647 ҲАЗОР БЕХ БАНГИ ХУДРӮ НОБУД КАРДА ШУД

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми як моҳу даҳ рӯзи амалиёти “Кӯкнор - 2019” 62 ҳодисаи марбут ба ошкору решакан кардани рустаниҳои худрӯи банг ба қайд гирифта шуда, беш аз 647 ҳазору 400 бехи он нобуд карда шуд.
Ин нуқта зимни як машварат ва натиҷагирӣ аз фаъолияти ситоди кории амалиёти “Кӯкнор - 2019” дар ВМКБ баён гардид.
Мардин Муборакқадамов, муовини сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, зикр кард, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузарондани амалиёти “Кӯкнор - 2019” дар қаламрави ҷумҳурӣ” ва қарори раиси вилоят “Дар бораи таъсиси ситоди кории амалиёти “Кӯкнор - 2019” амалиёти мазкур дар вилоят дар ду марҳила гузаронда мешавад.
Ба иттилои Ғайратшо Муборакшозода, муовини якуми сардори раёсати ВКД дар ВМКБ, аз оғози амалиёт то ҳол бо қувваи кормандони раёсат ва ҷузъу томҳои он 47 ҳодисаи дарёфти рустаниҳои худрӯи нашъадор ошкор шуда, беш аз 462  ҳазор бех банги худрӯй, бо вазни умумии 855 килограмму 100 грамм мусодира шудааст.
Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси вилоят, сардори ситоди кории амалиёти “Кӯкнор - 2019”, ба фаъолияти раёсатҳои ВКД ва КДАМ дар ВМКБ дар рафти амалиёт баҳои баланд дода, зикр кард, ки дар ин пешравӣ хизмати ситоди байниидоравӣ доир ба таъмини амният ва пешгирии ҷинояткорӣ дар вилоят, ки бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, шоистаи зикр  аст.
- Агарчи дар самти мубориза бо маводи мухаддир дар вилоят корҳои муайян иҷро шуда бошанд ҳам, вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти раёсату идораҳои ваколат-дори вилоят дар самти мубориза бо муомилоти ғайри-қонунии маводи нашъаовар бошад ҳам, дар маъракаи ҷорӣ нисбат ба дигар ниҳодҳои марбута дар ин самт натиҷаҳои камтарро ба даст овардааст. Аз аввали мавсим то ҳол фақат дар ноҳияҳои Шуғнону Дарвоз кори комиссияҳои ноҳиявиро мавриди санҷиш қарор додаасту халос. Аз ин рӯ, барои санҷиш ва баҳогузорӣ ба фаъолияти ситодҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд. Аъзои ситод дар ҷараёни амалиёт фақат ба ошкору нест кардани рустаниҳои нашъадор маҳдуд нашуда, бояд пеши роҳи ҳар гуна амалиёти ғайриқонунии вобаста ба маводи мухаддирро гиранд. Ба ин кор бояд тамоми ҷомеаро сафарбар кард, - гуфт Алишер Мирзонаботов, сардори ситоди вилоятии “Кӯкнор - 2019”. 
Сардори ситод нисбат ба фаъолияти аъзои алоҳидаи ситоди вилоятӣ, комиссияҳои шаҳриву ноҳиявии амалиёти “Кӯкнор - 2019” эродҳои ҷиддӣ гирифта, зикр кард, ки доир ба ошкору нест кардани рустаниҳои киштшудаи маводи нашъаовар аз ягон ноҳия иттилоъ дода нашудааст, ки ин шубҳаовар мебошад. Ба аъзои ситод - роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят супориш дода шуд, ки иштироки фаъоли сардорони зерсохторҳои худро дар ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ таъмин намоянд. Ҳамчунин, дар ҷараёни амалиёт ниҳодҳои дахлдор ба иштироки намояндагони ВАО ҷиҳати инъикос ва таъмини шаффофият мусоидати бештар намоянд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 213

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед