logo

иҷтимоиёт

ГАРМО. БЕЭҲТИЁТӢ БА БЕМОРӢ МЕБАРАД!

Имсол шурӯъ аз даҳаи аввали моҳи июл  ҳаво дар ҷумҳурӣ гарм омада, тайи чанд рӯзи гузашта ҳарорати он 40 – 43 дараҷаро ташкил дод. Мувофиқи пешгӯии мутахассисони Агентии обу ҳавосанҷии мамлакат, то 20 июл бо сабаби воридшавии ҳавои гарм аз ҷониби Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҳарорати рӯзонаи он баланд шуда,  гармӣ дар қисматҳои шимолу марказ то 43, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45  ва дар ҷануби вилояти Хатлон то 46 дараҷа мерасад.

Гармии ҳаворо мутахассисон ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд. Чунин ҳолат ба саломатии одамон,  бахусус калонсолону кӯдакон бетаъсир намемонад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, гармии аз меъёр зиёди ҳаво ба хуруҷи бемориҳои фишорбаландӣ, диққи нафас, бемориҳои ишемиявии дил, қанд, гармозадагӣ, таби баланд, сӯхтани пӯсти бадан ва пайдоиши обилаҳо дар он  мегардад. Аз ин рӯ, бояд беморон тавсияҳои табибонро қатъиян риоя созанд ва доруҳои тавсияшударо сари вақт истеъмол намоянд.
Абуалӣ Файзуллоев, мудири бахши  Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, дар робита ба ин ҳолат гуфт, ки миёни гирифторони бемориҳои дилу рагҳои хунгард, асосан, бемориҳои ишемиявии дил бештар хуруҷ мекунанд. Талафёбии оби бадан ба васеъшавии рагҳои хунгард ва пастшавии фишори хун боис мегардад. Барои фишори хунро барқарор кардан дил бештар кор мекунад. Таъсири боду ҳаво дар системаи дилу рагҳои хунгард, асосан, ба механизмҳои гармитанзимкунии бадан вобастагӣ дорад. Вақте боду ҳаво гарм мешавад, буғшавии моеи бадан, пеш аз ҳама хун, ба вуҷуд меояд ва аз ҳисоби васеъ шудани рагҳои хунгард фишори он паст ва кори дил тезтар мешавад.
Чуноне ки А. Файзуллоев тавсия медиҳад, барои ин гуна беморон беҳтар аст аз соати 11 то 16 - и рӯз бе зарурат ба берун набароянд ва эҳтиёткор бошанд. Рӯзро мувофиқи имкон дар ҷойҳои салқин, зери дарахтону назди кӯлу ҳавзҳо гузаронанд, дар боғу гулгаштҳо бештар сайругашт намоянд, то нури офтоб ба онҳо камтар таъсир расонад. Ҳамзамон, дар ин рӯзҳо сокинон бояд аз обҳои тозаи бегаз ва беранг, оби ҷӯшомада, оби хунуки чашма ё обҳои тозае  истифода кунанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои стандартӣ  бошанд. Нӯшидани оби зиёд ба пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Меъёри истеъмоли об дар 1 шабонарӯз барои шахси калонсол аз 1,5 то 3 литр ва барои кӯдакони 2 - 5 - сола 1 - 2 литр аст. 
Ҳамчунин, дар ин айём бештар меваю сабзавоти тару тоза, шарбати мева истеъмол кардан, пӯшидани либоси пахтагин ва даст кашидан аз истеъмоли хӯрокҳои зудвайроншаванда тавсия дода мешавад. Аз чатрҳои тобистона истифода кардан, дар 1 рӯз 1 ё 2 маротиба оббозӣ намудан низ барои  саломатӣ манфиат дорад.
Аломатҳои бемории гармозадагӣ – беҳолӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, лоғаршавӣ ва пасту баланд шудани фишори хун мебошанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 217

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед