Хабарҳо
УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1875 муроҷиати шаҳрвандон сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 184 - то зиёд мебошад.
Дар ин бора Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тавре ӯ илова намуд, аз 332 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 18-тояш мусбат ҳал гардид.
- Қисми зиёди муроҷиатҳо доир ба муҳокимаи одилонаи судӣ, манзил, таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, - афзуд Умед Бобозода.
Маҳмуд БАҲРОМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 212