logo

иҷтимоиёт

ПАНҶ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Панҷ яке аз дурдасттарин ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон буда, сокинонаш, асосан, ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Қисмати муайяни заминҳояш дар талу теппаҳоянд. Тӯли камтар аз як даҳсолаи охир, дар натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат ва меҳнати шабонарӯзии мардум, бисёр гӯшаҳои ноҳия ба андозаи шинохтанашаванда дигаргун, яъне зебо ва барои зиндагии беҳтар мувофиқ шуданд. Бо мақсади жарфтар донистан ва, ҳамзамон, шиносондани ин музаффариятҳои меҳнатӣ, хабарнигорони “Ҷумҳурият” Муҳаммадзоиршо Шарифзода ва Зокир Ҳасан бо раиси ноҳия Маҳмадюнус Сайфуддинзода мусоҳибаи ихтисосӣ оростанд, ки дар шакли фишурда манзур мегардад.
– Мехостем суҳбатро аз муҳимтарин иди давлатию миллӣ шурӯъ кунем. Манзури мо ба истиқболи 30 - юмин солҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ ба нақша гирифта шуда, то кунун кадоми онҳо ҷомаи амал пӯшиданд?
– Ташаккур! Чун қарор шуд, ки ин санаи барои ҳар фарди худогоҳи кишвар хеле азиз дар сатҳи ниҳоят баланд таҳлил шавад, мо вазъи ноҳияро таҳлил кардем. Баъдан, бо мақсади матраҳи ин ниятҳои нек бо вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорони маҳаллӣ суҳбату вохӯриҳои муфид барпо намудем. Ҳамагӣ, хушбахтона, муҳимияти ин тадбирандешии Ҳукумати мамлакатро дуруст дарк сохтанд. Дар аввали кор ният буд, ки дар ҳудуди ноҳия 131 иншооти гуногун бунёд ёбад. Лекин, бо дарки зарурат, шумораи онҳоро ба 140 адад расондем. Барои анҷоми саривақтии корҳои бунёдкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ниҳодҳои дигар шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки то имрӯз, аллакай, дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ ҳашт, дар ҷамоатҳои деҳоти “Намуна” – сездаҳ, “Сайфуддинов Кабуд” – даҳ, “Меҳвар” ва “Озодагон” яктоӣ иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли айнакҳои тиббӣ, маркази ташхисию табобатӣ, майдончаҳои варзиш, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хидматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру навсозӣ ва чароғонкунии маркази ноҳия, гузарондани хати оби нӯшокӣ ва ғайра мебошанд. Тадбирҳои гузарондани хати оби нӯшокӣ, обёрӣ кардани заминҳои боир, чароғонкунӣ ва сангфаршсозии роҳҳои ҳама деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, марҳила ба марҳила мумфарш кардани кӯчаҳо низ амалӣ шуда истодаанд. Корҳои бунёди боғи нави интенсивӣ бо усули обмонии қатраӣ дар масоҳати 10 гектар шурӯъ гардид.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба соҳаи сохтмон аз ҳамаи манбаъҳо дар ҳаҷми 4764,6 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ сурат гирифтааст, ки пурра аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ноҳия панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо 5,7 миллион  доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои саноатӣ, ки имсол шумораашон ба ҳашт адад расонда шуд, асосан, барои коркарди пахта, сангу шағал, истеҳсоли равған, дару тирезаҳои пластикӣ, хишту сафолаки сементӣ ва дӯзандагӣ махсус гардонда шудаанд. Дар шаш моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38,5 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион  сомонӣ зиёд мебошад. Натиҷаи заҳматҳост, ки хизматрасонии пулакӣ ҳам дар муқоиса ба шашмоҳаи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмӯъ, ба 30 миллион сомонӣ расид. Гардиши савдои чакана низ дар ҳамаи бахшҳо 15,9 миллион сомонӣ зиёд гардида, ба 74,9 миллион сомонӣ баробар шуд.
Маҳз фаъолияти хуби соҳибкорон боис гашт, ки дар давраи ҳисоботӣ боз наздики 250 ҷойи кори нав муҳайё гардад.
Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 305 корҷӯро бо ҷойи кор таъмин кард. Бо баргузории ҳафт ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 88 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва 62 нафарро бо кори мавсимӣ таъмин намуд, ки аз ин шумора 142 нафарашон бонувонанд. Дар ин давра 162 ҷавон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, кафшергарӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ фаро гирифта шуд.
–  Кишоварзӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ аз соҳаҳои асосии ноҳияи Панҷ маҳсуб мегарданд. Аз дастовардҳои назарраси инҳо чӣ мисол оварда метавонед?
– Хушбахтона, соҳаи кишоварзии ноҳия дар марҳилаи рушд қарор дорад. Аз ин лиҳоз, заҳматкашони ноҳия дар ҷамъбасти шашмоҳа, нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳо ба 256,8 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 47,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар майдони 19 ҳазору 264 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 36 гектар зиёд мебошад. Кишти ғалладонагиҳо 69,6 дарсад, картошка - 37,1 ва сабзавот 27,3 дарсад афзуд. Бо мақсади таъмини аҳолии ноҳия бо маҳсулоти ғизоии тару тоза дар майдони 1,2 гектар гармхонаҳои барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ва занбурӯғ ташкил гардидааст, ки соли ҷорӣ зиёда аз 55 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.
Аҳамияти боғу токпарвариро мардуми ноҳия дуруст дарк карда, барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар хусуси боз ҳам бештар тараққӣ додани ин ду бахш ҷидду ҷаҳд доранд. Истеҳсоли мева имсол 1 ҳазору 130 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 464 тонна зиёд мебошад.
Чорводорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 1 ҳазору 204 тонна гӯшт, 7 ҳазору 728 тонна шир, 1757,2 ҳазор дона тухм, 81 тонна пашм, 26 тонна пилла истеҳсол карданд.
Хоҷагии парандапарварии “Панҷрӯд-5” бо истифода аз технологияи муосири пешрафта фаъолияти худро ба роҳ монда, бо парвариши 16 ҳазор сар мурғ дар ин давра 510 ҳазор дона тухм фурӯхт.
Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори паранда ба 77 ҳазору 630 сар ва шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 2 ҳазору 300 адад расонда шуд.
Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 32,9 гектар ташкил гардид.
Албатта, ноҳия дар қатори пешрафт мушкилот низ дорад. Баробари афзудани нуфуси аҳолӣ дар самтҳои маориф, тандурустӣ, обёрии заминҳо, таъмин бо қитъаи замин барои сохтани манзил, таъсиси инфрасохтори зарурӣ дар деҳаҳои навбунёд хоҳ - нохоҳ масъалаҳои ҳалталаб пайдо мешаванд, ки мо онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ бартараф месозем. Бовар дорам, ки дар партави сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мушкилоти ноҳия бартараф  мешаванд ва мардуми шарифи кишвар шоҳиди шукуфоии бесобиқаи ноҳияи Панҷ мегарданд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2019    №: 138    Мутолиа карданд: 140

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед