logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ АЙНӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ДЕҲОТ

Аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 - 2021 иқдомест, ки рушди имрӯзу ояндаи деҳотро дар кишвар  такони ҷиддӣ медиҳад. Ин иқдом дар ҳар як деҳаи ноҳияи Айнӣ ҳамовозии гарму самимиро ба бор овард. Беш аз 70 деҳаи хурду калони ноҳия симои худро комилан дигар карда истодаанд.
Беш аз 60 иншоот, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатию хонаҳои фарҳанг, китобхонаю чойхона, кошонаҳои ҳусн, бозорҳо ва амсоли инҳо, ки дар хизмати аҳолианд, тадриҷан таҷдиду навсозӣ мешаванд.
Муқим Муродзода, раиси ноҳия, иброз дошт, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори деҳот, фароҳам овардани шароити мусоид дар соҳаҳои тандурустию маориф, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба ин восита, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, ҳоло моро лозим аст, ки ба бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳию ҳунармандӣ диққати бештар диҳем, сатҳи хизматрасониро баланд бардошта, барои некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин талош варзем.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бояд наздики 500 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шавад. Алҳол аҳолии ноҳия дастаҷамъона барои беҳсозии деҳаҳои худ кӯшиш карда истодаанд. Устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаи Лангари деҳаи Урметан баҳри ободии деҳа камари ҳиммат баста, беш аз 1000 метри мураббаъ  саҳни муассисаи таълимии маҳалларо бо маблағи 18000 сомонӣ сементпӯш карданд. Роҳбари ассотсиатсияи волидону омӯзгорон Музаффар Солеҳов якҷо бо волидони хонандагон ва омӯзгорон тасмим гирифт, ки дар корҳои ободонии маҳал ва муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузорад. Бо талошу заҳматҳои ӯ дар як муддати кӯтоҳ таъмиру сохтмони варзишгоҳ, синфхонаҳо, ошхона ва гузарондани хати оби нӯшоӣ ба анҷом расонда шуд. Пули одамгузар ва оромгоҳи деҳаро низ обод карданд. Дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб бо ташаббуси раиси хоҷагӣ Некмуҳаммад Саидов ва раиси маҳалла Мулломунаввар Сафаров дар як муддати кӯтоҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмири роҳи мошингарди байни деҳаҳо ва чанд иншооти ҷамъиятию таълимӣ ба анҷом расонда шуданд. Сокинони деҳаи Вотаи Ҷамоати деҳоти Урметан барои таъмири оромгоҳи деҳа ва сохтмони ошхонаи мактаб 24000 сомонӣ ҷамъ оварданд ва ҳоло корҳои таъмиру сохтмон идома доранд. Сокини ҳамин деҳа Бадалмаҳмад Раҷабов дар сохтмони бунгоҳи тиббӣ ёрии амалии худро расонд. Сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Пишанзаро соҳибкорон Ниёзовҳо - аз деҳоти Анзоб ба уҳда гирифтанд. Сокинони деҳаи Ревад бошанд, пули мошингузари даромадгоҳи деҳаро аз нав сохта истодаанд.
Мӯйсафеди барӯманди деҳаи Ревад Баҳориддин Амаков дар талу теппаҳои деҳаҳои Ревад ва Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметан дар майдони 20 гектар боғ бунёд кардааст. Ба қарибӣ бо дастгирии раиси ноҳия Муқим Муродзода дар деҳаи Вота санги асоси бунёди бунгоҳи тиббӣ гузошта шуд.
Шумораи сокинони ватандӯсту хайрхоҳ, ки дар пешрафти корҳои ободонию созандагӣ саҳм гузошта истодаанд, дар деҳоти ноҳияи Айнӣ меафзояд. Айни замон дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони иншооти муҳими таъйиноташон гуногун идома дорад. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия (дорои 6000 ҷойи нишаст) то имрӯз, аллакай, бист дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаанд. Дар боғи Парчами давлатӣ, ки дар шафати варзишгоҳ бунёд мегардад, барои истироҳату фароғати сокинон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар - Дар сохтмони мактаб барои 620 нафар хонанда ҷараён дорад. Инчунин, дар шафати роҳи байналмилалии Душанбе - Чанак бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати  сайёҳони дохилию хориҷӣ ва рушди гардишгарӣ маҷмааи меҳмонхонаҳо қомат афрохта истодааст.
Бобоҷони НУРЗОД, сокини деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2019    №: 138    Мутолиа карданд: 144

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед