logo

иҷтимоиёт

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН. АЗ ГУРӮҲ БАРОМАДАНИ НАВРАСОНИ ТОҶИК ЭҲТИМОЛ ДОРАД?

Дар қароргоҳи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (Сюрих, Швейтсария) маросими қуръакашии чемпионати ҷаҳон (U – 17) оид ба футбол доир гардид. Дар натиҷаи он, тими Тоҷикистон ва дастаҳои Аргентина, Испания, Камерун шомили гурӯҳи «Е» шуданд. Дар робита ба ин, тасмим гирифтем, ки фикру андешаи масъулон ва коршиносони соҳаро манзури хонандагони «Ҷумҳурият» намоем.

Зайниддин РАҲИМОВ, сармураббии тими мунтахаб:
- Албатта, тимҳои миллии Испания, Аргентина ва Камерун рақибони пурзӯранд, вале мо дар ҳар бозӣ то лаҳзаи охир барои ғалаба мубориза хоҳем бурд. Мо ба рақибони худ эҳтиром мегузорем, лекин ба ҳеҷ ваҷҳ ин на ба маънои ҳарос хоҳад буд. Майдон аз далер аст.
 
Анвар МИРЗОЕВ, маъмури тими наврасони Тоҷикистон:
- Бешубҳа, дас-таи миллии мо дар гурӯҳе қувваозмоӣ хоҳад кард, ки аз пурқувваттаринҳо ба ҳисоб меравад.  
Вале як нуктаро набояд фаромӯш кард: Тоҷикистон беш аз 10 сол дар ин гуна мусобиқаҳо иштирок накардааст ва рақибонаш аз неруи воқеии он огаҳии хуб надоранд, ки ин барои мо  шонси хубест.
Ҳоло мунтахаби кишвар дар ҷамъомади машқӣ - таълимӣ дар Норак қарор дорад ва, баъдан, барои тамрин ба Арабистони Саудӣ меравад. Сипас, дар Ҷоми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Миёна ширкат мекунад. Барои мутобиқ шудани бозигаронамон ба иқлим, мо 12 рӯз пеш аз оғози мусобиқа ба Бразилия сафар мекунем.

Фарҳод ҶАББОРОВ, шореҳи варзиш:
Дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Испания аз нигоҳи техникӣ ва тими Камерун бошад, аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле боқувватанд. Агар мо ба бозиҳои охири тими наврасони кишвар назар афканем, онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ на он қадар хуб баромад карданд. Мусобиқа ба хотираи Валентин Гранаткин мисоли равшан аст, ки дар миёни 12 даста ҷои 11-умро гирифтанд.
Аз ин рӯ, аз гурӯҳ баромадани наврасони мо зери суол аст. Ҳарчанд ки мо, албатта, аз сидқ акси инро мехоҳем.

Сайфиддин ҚАРАЕВ, коршинос:
Аввалан, боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки тимаш дар ин чемпионат иштирок хоҳад кард.
Баъдан, бояд гуфт, ки дар чемпионати ҷаҳон миёни наврасон фаворит нест, ғайри интизор ҳар даста метавонад қаҳрамон гардад. Агар ба таърихи ин  чемпионат назар намоем, мебинем, ки дастаҳои мухталиф дар он ғолиб омадаанд. Барои ҳамин дар гурӯҳи «Е» ҳар чор даста барои баромадан шонс дорад, ки наврасони мо ҳам истисно нестанд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони кишвар аввал бо тими Камерун (28 октябр), баъдан  Испания (31 октябр) ва  ахиран бо футболбозони Аргентина (3 ноябр) қувваозмоӣ хоҳад кард. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade» - и шаҳри Кариасика доир мегарданд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2019    №: 138    Мутолиа карданд: 260
06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед