Хабарҳо
Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»
Today.tj. Шаҳрванди бразилӣ Гилерми Пост ба забони тоҷикӣ қариб озод ҳарф мезанад ва барои такмили он тобистони ҷорӣ ба Хуҷанд омад.
Вай дар хусуси Тоҷикистон ҳанӯз дар кӯдакӣ шунида буд: бобояш - омӯзгори ҷуғрофия дар харита онро нишон дода буд. Кӯдак ба кишварҳои аз ҳама дур шавқ дошт. «Ба ман номи мамлакататон басо аҷоибу гӯшнавоз намуд», - мегӯяд Пост.
Се сол қабл ӯ ба Тоҷикистон омада, бо як дидан мафтун гашт. Ҷавони бразилӣ дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо намуд. Вақти бозгашт тасмим гирифт, ки забони тоҷикиро омӯзад, то ки бо дӯстони наваш бо забони модарии онҳо муошират дошта бошад. Ба ин кор ҳашт моҳ қабл дӯстонаш ҳам ёрӣ расонданд, пайваста бо Гилерми тавассути скайп дар тамос мешуданд. Дар оянда забони рӯшониро омӯхтан мехоҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1072