logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир, шаҳри Душанбе, 21 октябри соли 2008

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ қарор дорад

Мӯҳтарам иштирокчиёни конфронс!      
Хонумҳо ва ҷанобон!

Аввалан ҳамаатонро ба сарзамини бостонии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям ва ба шумо дар фаъолияти конфронси мазкур барори кор, инчунин аз ин сафаратон ба Тоҷикистон таассуроти нек  орзумандам.
Дар баробари ин мехоҳам ба Иттиҳоди Аврупо, давлатҳои аъзои он, алалхусус Фаронса, ки раёсатро ба ӯҳда дорад, инчунин сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо барои ташкили чорабинии имрӯза, ки масъалаҳои муҳими марбут ба идораи сарҳадот ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар мегирад, сипосгузорӣ намоям.
Мо умедворем, ки конфронс барои ҷамъбаст намудани таҷрибаи ҳамкориҳои густурдаи миёни кишварҳои мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва муайян кардани самтҳои нави ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки ба таҳкими амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронидашуда имконият фароҳам хоҳад овард.
Бинобар як қатор омилҳои геополитикӣ ва таърихӣ масъалаҳои рӯзномаи конфронси имрӯза барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад ва аз ин лиҳоз, сайри мухтасари таърихиро ба манфиати кор медонам.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави собиқ ҷумҳуриҳои он сарҳадоти нав ба миён омаданд, ки таҷҳизонидан ва бе бидуни зарар ба эътимоднокии ҳимояи марзҳои берунӣ ташкил кардани муҳофизати онҳоро тақозо мекарданд. Дар шароити низои сиёсии дохилӣ, ки дар кишвари мо баъди дар соли 1991 ба даст овардани истиқлоли давлатӣ сар зад ва сабабгори ҳалокати ҳазорҳо нафар шаҳрвандон, фирорию гуреза гаштани зиёда аз 1 миллион нафар ва боиси хисороти молии баробар ба 10 миллиард доллари амрикоӣ гашт, иҷрои ин вазифаҳо барои мо басо душвор ва сангин буд. Вуҷуд надоштани сохторҳои дахлдори низомӣ ва таҷрибаи идоракунии сарҳадоти бисёр мураккаби кӯҳӣ ин вазъро вазнинтар мекард.
Гузашта аз ин, маҳз вазъияти дар сарҳадоти ҷанубӣ баамаломада ба суботи дохилии кишвари мо таъсири манфӣ мерасонид. Ворид шудани яроқ, террористону экстремистҳо ва адабиёти тахрибгарона ба муташанниҷ гардидани вазъият мусоидат мекард. Бо қурбониҳои ҷонӣ, кӯшишҳои зиёд, хароҷот ва масрафи зиёди захираҳо мо имкон пайдо кардем, ки вазъиятро таҳти назорат гирем. Дар ин ҷо мехоҳам нақши махсуси Россияро, ки бо дарки мушкилоти мавҷуда, ҳимояи сарҳадоти берунии моро он солҳо ба зиммаи худ гирифта буд, зикр намоям.
Ҳамзамон бо ин, ташаккули қувваҳои худии сарҳадӣ ҷараён дошт, ки онҳо аз моҳи июли соли 2005 назорати тамоми сарҳадотро ба зиммаи худ гирифтанд.
Минбаъд мутобиқи тамоюлҳои мавҷуда ва бо дарназардошти мушаххасоти таҳдидҳои муосир дар бораи ислоҳоти соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва дар натиҷаи татбиқи онҳо сохтор ва моҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шуд ва имрӯз онҳо ба сохтори муташаккили ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфтаанд.
Дар айни ҳол дар мамлакатамон Барномаи давлатӣ оид ба рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ ва азнавсозии сарҳадоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давраи то соли 2014 - умро дар бар мегирад, мавриди татбиқ қарор дорад.
Ҳамаи дастовардҳои зикршуда бе ҳамкории васеи байналмилалӣ ва кӯмаки кишварҳои шарик ғайриимкон буданд. Маҳз ба шарофати чунин дастгирӣ нерӯи кадрӣ, касбӣ ва моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадии мо таҳким ёфт.
Дар давраи баъди соли 2003 ба кишварамон дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои татбиқшаванда намудҳои гуногуни техника, сару либос, воситаҳои алоқа, технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, воситаҳои махсус ва таҷҳизоти дигар оварда шуданд, нуқтаҳои назоратӣ ва гузаргоҳҳо, инчунин заставаҳои сарҳадӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Мисолҳои ин ҳамкорӣ ба ҳамаи шумо возеҳ аст ва фикр мекунам, ки дар бораи онҳо иштирокчиёни конфронс боз сухан мегӯянд. Мехостам таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нуктаҳое ҷалб намоям, ки ба назари мо ба беҳбудӣ ниёз доранд.
Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, татбиқи лоиҳаҳо дар баробари натиҷаҳои бешубҳа, мусбат, инчунин дорои як қатор норасоиҳое мебошад, ки онҳо асосан ба мавҷуд набудани ҳамоҳангсозии дақиқ миёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун гирандагони асосии кӯмак ва шарикони байналмилалии татбиқи лоиҳаҳо асос ёфтаанд.
Кӯмакҳои расонидашуда, ҳарчанд ки вазъи моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадиро беҳтар гардониданд, вале онҳоро барои таъмини иҷрои босифат ва самарабахши вазифаҳои қӯшунҳои дахлдор кофӣ ҳисобидан нашояд. Дар масъалаи таносуби ҳаҷми таъминот бо таҷҳизоту воситаҳо ва эҳтиёҷоти воқеӣ хеле норасоиҳо мавҷуданд.
Семинарҳо ва дигар чорабиниҳои доиршаванда ба таҳкими нерӯи кадрӣ ва омодагии касбии сарҳадбонон, ки бевосита дар хатти сарҳад қарор доранд, мусоидат менамоянд ва бояд шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро дар бар гиранд.
Вале воқеият чунин аст, ки ҷалби шумораи зарурии омӯзандагон, бахусус дар минтақаҳои хавфноки сарҳади давлатӣ то андозае мушкил аст, зеро ин амал метавонад ба суст шудани назорати сарҳад боис гардад.
Дар баробари ин, дар масъалаи сифат ва суръати корҳои сохтмонии самтҳои муҳим ва аҳамиятнок камбудиҳо мавҷуданд, яъне ба фаъолияти бинокорон ва ҷараёни иҷрои корҳо на ҳамеша назорати зарурӣ таъмин карда мешавад.
Дар айни ҳол дар заставаи сарҳадии «Хирманҷой»-и отряди сарҳадбонии Шӯрообод корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расонида нашудаанд, дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ корҳо ҳанӯз оғоз нагардидаанд, дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ширкати «Сӯфиён» -и Афғонистон ҳамчунин дар заставаҳои сарҳадии «Кокул», «Сайёд» ва «Хоҷагии моҳипарварӣ»-и отряди сарҳадбонии Ҳамадонӣ ва як қатор заставаҳои дигар, махсусан дар самти Бадахшон шароитҳои фароҳамовардашуда ба иқлими душвори кӯҳистони Помир мувофиқат надоранд.
Инчунин шартномаҳое мавҷуданд, ки дар рӯи коғаз мондаанд ё татбиқи амалии онҳо беасос тӯл мекашад.
Самти дигари кӯшишҳои умумӣ, ба назари мо, такмил додани чунин механизмҳои ҳамкорӣ аз қабили Аҳдномаи Париж, Механизми автоматиконидаи кӯмаки донорҳо (ADAM), Гурӯҳи байналмилалии сарҳадӣ (BIG), Ташаббуси амнияти сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (CABSI) ва дигар ҳуҷҷатҳо мебошад.
Чун сухан дар бораи сатҳи сифатан нави идораи сарҳадот меравад, ки пойгоҳи мутобиқи моддиву техникӣ ва нерӯи кадриро тақозо мекунад, ба ақидаи мо, бояд ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда шаванд:
Якум. Зарур аст, ки таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ, аз ҷумла таъмир ва таъминоти дидбонгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ беҳтар карда шавад.
Ҳамчунин таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва махзани маълумот оид ба идораи сарҳадот бо таъминоти барномавӣ ҷиҳати фаъолияти онҳо пешбинӣ карда шавад.  Барои татбиқи пурра ва босифати ин ҳадафҳо таҳияи барномаи алоҳидаи кӯмаки техникӣ пешбинӣ карда шавад ва тавассути он эҳтиёҷот ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои донорҳо ба назар гирифта шавад.
Дуюм. Масъалаи беҳбудии инфраструктура ҳам дар хатти сарҳад дар заставаҳои сарҳадӣ ва ҳам дар мақомоти идораи воҳидҳо дар отрядҳои сарҳадӣ аҳамияти муҳим дорад. Бо вуҷуди он, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон дар хатти сарҳад даҳҳо иншоот бунёд шуда истодаанд, вале имрӯз танҳо дар самти сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон зарур аст, ки сохтмони наздики даҳ заставаи нави сарҳадӣ ва тармими пурраи зиёда аз сад застава, таъмири асосии отрядҳои сарҳадии Шаҳритус, Панҷ, Ҳамадонӣ,  Дарвоз ва Мурғоб анҷом дода шавад, зеро онҳо ҳанӯз дар солҳои 30-40-уми асри гузашта сохта шуда буданд.
Отряди сарҳадии Шӯрообод, ки қитъаҳои душвори сарҳадро ҳимоя менамояд, ба таъмир ва азнавсозии ҷиддӣ ниёз дорад.
Ғайр аз ин дар тамоми масофаи хатти сарҳад, ки дар маҷмӯъ қариб чор ҳазор километрро ташкил медиҳад, иншооти муҳандисиву техникӣ ва нуқтаҳои назоратӣ ба барқарорсозӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар лоиҳаҳое, ки дар айни ҳол татбиқ карда мешаванд, таваҷҷӯҳи асосӣ танҳо ба қитъаҳои ҷанубии сарҳад нигаронида шудааст, ҳол он ки дар қисмати шимолии мамлакат ҳамчунин ташкили инфраструктураи муосири сарҳадӣ зарур аст.
Натиҷаҳои фаъолияти оперативии хизматӣ нишон медиҳанд, ки дар ин самт низ гурӯҳҳои гуногуни ҷинояткори муташаккили трансмиллӣ амал мекунанд, ки онҳо ғайр аз қочоқи молҳои мавриди ниёзи мардум бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул мебошанд ва бо нерӯҳои терроризми байналмилалӣ робита доранд.
Мо умедворем, ки мулоҳизот ва пешниҳодоти мо дар фаъолияти ояндаи ҳамоҳангшудаи ҳамаи шарикони мо мавриди таҳлил ва иҷро қарор мегирад, зеро Тоҷикистон бинобар мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии худ дар сафи пеши мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ – терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ қарор дорад.
Яқин аст, ки таъмини ҳифзи боэътимоди сарҳад ин саҳми мо дар таъмини амнияти умумии мост.
Албатта, ҳамкории зич бо ҳамсояҳои мо шарти асосии суботи сарҳадотамон мебошад. Зеро марзҳои умумӣ натанҳо назорат ва ҳимоя, балки имконият барои тавсеаи савдои минтақавӣ, робитаи байни одамон, эҳёи робитаҳои таърихӣ мебошад, ки асоси онҳо ҳанӯз дар замони Роҳи қадимаи Абрешим гузошта шуда буданд.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Баррасии масъалаҳои таъмини назорати боэътимоди сарҳадотро дар робита ба мубориза бар зидди чунин таҳдидҳо, ба мисли маводи мухаддир мо иқдоми хеле манфиатбахш медонем.
Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки маводи мухаддир низ мисли терроризми байналмилалӣ ва экстремизм бадбахтии глобалӣ мебошад ва мубориза бар зидди онҳо вазифаи муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонист. Мехоҳам хотирнишон созам, ки Тоҷикистон кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир нест, вале бинобар мавқеи ҷойгиршавии геополитикии худ ва бо Афғонистон дар масофаи қариб 1,5 ҳазор километр доштани сарҳадот бо шароити мураккаб ба яке аз сипарҳои асосӣ дар роҳи қочоқи он ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳои ҷаҳон мубаддал гаштааст.
Омили асосие, ки густариши вазъи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муайян месозад, афзоиши мунтазами истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон мебошад.
Мувофиқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон 193 ҳазор гектарро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсоли он аз 8 ҳазору 200 тонна гузаштааст. Ғайр аз ин, дар солҳои охир дар Афғонистон афзоиши босуръати майдонҳои кишти каннабис (бангдона) мушоҳида мегардад.
Дар сурати минбаъд идома пайдо кардани ин раванд дар ояндаи наздик Афғонистон метавонад илова бар маводи афъюн ҳамчунин истеҳсоли маводи мухаддири гурӯҳи каннабис (бангдона)-ро низ ба инҳисори худ табдил диҳад.
Дар давоми нӯҳ соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 28 тонна героин дар муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст. Ин миқдори героин, агар он то ба истеъмолкунанда мерасид, метавонист зиёда аз 30 миллион одамро дар олам нашъаманд созад.
Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ дар се соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи паҳншавии маводи мухаддири Афғонистон дар минтақа ҳамчун сипари боэътимод боқӣ мемонад. Дар нимсолаи аввали соли 2008 ҳиссаи Тоҷикистон дар мусодираи маводи мухаддир дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 43 фоиз ва Осиёи Марказӣ 66 фоизро ташкил кард.
Бо дарназардошти тавсеа ёфтани қочоқи мухаддироти афғонӣ ва таҳдиде, ки аз он бармеояд, кишвари мо ҷомеаи ҷаҳониро на як бору ду бор даъват кардааст, ки кӯшишҳои худро дар самти мухолифат бо маводи мухаддир муттаҳид созанд ва онро ба кори муштараки ҳамагон табдил диҳанд.
Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дар навбати аввал Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд.
Аз ҷумла ташаббуси Тоҷикистон доир ба ташкили «минтақаи  амният» дар атрофи Афғонистон, ки дар Иҷлосияи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1998 баён гашта буд, ҳамовозии васеъ пайдо кард. Даъвати мо оид ба ташкили «Ҳамкории глобалӣ ба  хотири мубориза бар зидди хатари мухаддирот» ба рӯйхати «Муҳимтарин ташаббусҳои соли 2003 дар соҳаи таъмини сулҳ ва амният» ворид гардид. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки то ҳол доир ба татбиқи он ягон тадбири самарабахш андешида нашудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели 2005 аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти мутлақи овозҳо узви доимии Кумитаи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир интихоб гардид.   
Ин рӯйдодро мо ҳамчун баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кӯшишҳои мамлакатамон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва эътирофи дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт арзёбӣ мекунем.
Кишвари мо ширкаткунандаи ҳамаи конвенсияҳои зидди маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид буда, дар бобати ба талаботи замона мутобиқ сохтани заминаи қонунгузорӣ дар сатҳи миллӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид карда, қонунҳо «Дар бораи маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи литсензиякунонии баъзе намудҳои фаъолият» қабул гардиданд, инчунин Рӯйхати миллии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ тасдиқ гардида, ба онҳо назорати давлатӣ ҷорӣ карда шуд.
Ҳамчунин як қатор барномаҳои давлатии муайянкунандаи стратегияи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо қабул карда шуданд.
Ҳамзамон бо ин, дар сохтори вазорату идораҳои дахлдори кишвар, воҳидҳои мустақили дорои ваколати пешбурди мубориза бар зидди муомилоти маводи мухаддир ва комиссияи давлатӣ оид ба назорати маводи мухаддир таъсис дода шуданд.  Минбаъд бо дастгирии амалии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи июни соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар таҷрибаи Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи аввалин дар ин самт мебошад.
Натиҷаҳои фаъолияти агентии мазкур нишон доданд, ки таъсиси чунин сохтор тадбири мутлақан саривақтӣ ва дуруст аст. Имрӯз коршиносони байналмилалӣ сохтори мубориза бар зидди маводи мухаддири Тоҷикистонро дар низоми Созмони Милали Муттаҳид яке аз беҳтарин лоиҳаҳо арзёбӣ менамоянд. Дар тӯли фаъолияти худ агентии мазкур дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он беш аз 13 тонна маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуда, фаъолияти қариб 240 гурӯҳи нашъаҷаллоб, аз ҷумла даҳҳо гурӯҳи дорои робитаҳои байналмилалиро аз байн бурд. Комилан возеҳ аст, ки дар мубориза бо гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб бо кӯшишҳои танҳо як давлат, ҳар қадаре, ки қудратманд набошад, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас амалан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, яке аз шартҳои асосии ташкили муборизаи самарабахш бар зидди ин таҳдид таъсиси шабакаи бисёрзинаи ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин омил, ҳамчунин вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баамаломада мо ба масъалаи таҳким ва рушди ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем.
Дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон, яъне Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх афсарони иртиботии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо ҳамкорони афғонии худ кор мекунанд.
Бояд зикр кард, ки дар давоми ду соли охир аз ҷониби ин афсарони агентӣ якҷоя бо мақомоти салоҳиятдори Афғонистон бевосита дар қаламрави бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон зиёда аз 50 амалиёти муштарак анҷом дода шудааст. Ғайр аз ин теъдоди зиёди силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи тарканда мусодира карда, 12 лабораторияи истеҳсоли героин аз байн бурда шуд.
Бо кишварҳои ҳамсоя ҳамчунин дар доираи созмонҳои минтақавие, ки Тоҷикистон ширкаткунандаи онҳо мебошад, ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, мехоҳам таҷрибаи бисёр мусбатеро, ки дар доираи амалиёти ҳарсолаи байналмилалии оперативию пешгирикунандаи «Канал», ки таҳти васояти Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ гузаронида мешавад, зикр намоям. Танҳо соли ҷорӣ дар ҷараёни ин амалиёт дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зиёда аз якуним тонна героин ва кӯкнор аз муомилоти ғайриқонунӣ хориҷ карда шуд.
Мехоҳам зикр намоям, ки дар давоми солҳои охир ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир торафт хислати трансмиллӣ касб карда истодаанд.
Аз ҷумла, танҳо соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо фаъолияти 7 гурӯҳро қатъ гардониданд, ки ба ҳайати онҳо шаҳрвандони Африқои Ҷанубӣ, Филиппин, Уганда ва дигар кишварҳо шомил буда, мехостанд миқдори зиёди героини баландсифати истеҳсоли Афғонистонро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳанд.
Дар айни замон дар натиҷаи корҳои муваффақонаи анҷомдодашуда теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави кишвар барои қочоқи маводи мухаддир дастгир мешуданд, кам гардид.
Аз соли 2000 далелҳои боздошти шаҳрвандони мо тақрибан 60 фоиз ва теъдоди онҳо аз 1031 нафар то 453 нафар кам шуд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо дастгир шудааст.
Ин ва дигар дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва беҳтар кардани идораи сарҳадот бидуни кӯмаки ҷиддии моддиву молиявӣ, мусоидат дар тарбияи кадрҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳукуматҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Хитой, Ҷопон, Қазоқистон, Украина, дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз имкон берун буданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам, ки ба ҳамаи онҳо барои кӯмак ва мусоидатҳояшон самимона изҳори сипос намоям.
Мо мехоҳем бори дигар таъкидан изҳор намоем, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди маводи мухаддир бо ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалие, ки ба ин кор манфиатдоранд, ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ширкаткунандагони мӯҳтарами конфронс!
Доир ба иқдомоти минбаъдаи худ доир ба ин таҳдиди глобалӣ мехоҳам махсус таъкид намоям, ки пешрафти ҳамаи мо дар ин масъала пеш аз ҳама ба фаъолияти пурсамари ҷомеаи ҷаҳонӣ бевосита дар худи Афғонистон вобаста мебошад.
Барномаҳои азнавсозии кишоварзии ин кишвар ва ташвиқи фермерҳо барои гузариш ба кишту кори зироатҳои дигар бояд якҷо бо тадбирҳои қатъӣ нисбат ба сохторҳои тиҷорати маводи мухаддир пеш бурда шаванд. Ҳарчанд бояд зикр намоям, ки чораҳои низомӣ ва ҷазодиҳӣ роҳи ягонаи ҳалли масъала нестанд. Кӯмаки байналмилалӣ ба Афғонистон пеш аз ҳама ба эҳёи ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, таҳкими минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ равона карда шавад.  
Мо нуқтаи назари ба мандати Қувваҳои байналмилалии мусоидат ба сулҳи Афғонистон дохил кардани масъалаи мубориза бо маводи мухаддирро ҷонибдорӣ мекунем. Истифодаи воситаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла нерӯҳои ҳавоӣ, ки барои тасдиқи ҳаррӯзаи далелҳои ин, ки тиҷорати маводи мухаддир асоси молиявии қувваҳои терроризм ва экстремизм мебошад, аз ҷумлаи заруратҳо ба шумор меравад. Ба ҳалли проблемаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир натанҳо ҳамсояҳои Афғонистон, балки дар навбати аввал бояд давлатҳо – истеъмолкунандагони ниҳоии маводи мухаддири Афғонистон низ ҷалб карда шаванд.
Онҳо метавонанд як қисми хароҷоти моддию техникиро барои ташкил ва тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистон равона созанд ва чорабиниҳои марбут ба мубориза бо интиқоли маводи мухаддири Афғонистонро маблағгузорӣ намоянд. Дар ин сурат кишварҳои минтақа метавонанд бо масрафи қувва ва маблағи кам дар мубориза бо маводи мухаддир натиҷаҳои бештар ба даст оранд. Зеро мувофиқи арзёбии мутахассисон дар муқоиса бо варианти муомилоти ғайриқонунии  маводи мухаддири Колумбия қисми зиёди фоидаи аз фурӯши маводи мухаддири Афғонистон бадастомада маҳз дар кишварҳои истеъмолкунанда боқӣ мемонад.
Барои истеҳсоли ҳаҷман зиёди героин дар Афғонистон миқдори зиёди прекурсорҳо, дар навбати аввал маҳлули сирко, ки дар ин кишвар истеҳсол намегардад, зарур аст. Мувофиқи маълумоти коршиносони байналмилалӣ барои коркарди афъюни дар Афғонистон истеҳсолшуда ҳазорҳо тонна маводи кимиёвӣ лозим аст. Аз ин рӯ, барои ҳаллу фасли самарабахши проблемаи хатти сайри қочоқи маводи мухаддир дар баробари нобуд сохтани киштзорҳои кӯкнор, мусодираи героин, аз байн бурдани лабораторияҳои истеҳсоли он бояд тадбирҳои қатъии назорат аз болои ворид сохтани прекурсорҳо ба ин кишвар андешида ва амалӣ карда шаванд. Барои ин зарур аст, ки дар низоми вақти воқеӣ мубодилаи маълумот доир ба ҳаракати прекурсорҳо аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда ҷорӣ карда шавад.
Бо мақсади таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа дар ҷаласаи чанде пеш дар Душанбе доиргардидаи Созмони Ҳамкории Шанхай мо пешниҳод кардем, ки дар заминаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази зидди маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис дода шавад.
Ғайр аз ин, мо пешниҳод мекунем, ки дар шаҳри Душанбе ҷиҳати тарбия ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд, Маркази махсуси таълимӣ таъсис дода шавад. Аз ҷониби мо инчунин лоиҳаи ташкили Маркази махсуси миллии кинологӣ, ки татбиқи он якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифта мешавад, таҳия гардидаст. Бояд зикр намуд, ки дар сурати ташкил гардидани Маркази махсуси таълимӣ ва Маркази махсуси миллии кинологӣ бо дарназардошти умумияти забонӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон мо метавонем таълим ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистонро низ ташкил кунем.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Татбиқи пешниҳодоти баёнгардида танҳо дар сурати фаъолияти ҳамоҳангшудаи мову шумо имконпазир аст ва мо итминон дорем, ки бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари мо метавонад дар таҳкими сарҳадот ва қатъ намудани хатти сайри қочоқи маводи мухаддир саҳми арзанда гузорад.
Бовар дорам, ки дар ин конфронс бисёр пешниҳодоти дигар баён гардида, мавриди муҳокима ва таҳлили амиқи мутахассисон қарор мегиранд ва дар ниҳояти кор татбиқи худро дар лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас меёбанд.
Ба ҳамаи шумо барори кор мехоҳам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 638

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед