logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИТУЗ. МУҲОҶИРОНИ ДОХИЛӢ КАЙ СОҲИБИ БАРҚ МЕШАВАНД?

Соли сипаригашта Тоҷикистон на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузошт, балки аҳолии кишварро пурра бо барқ таъмин карда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт – соат неруи барқ содирот намуд. Ин, албатта, шаҳодати пешрафти устувору бемайлони соҳаи энергетика аст. Мутаассифона,  дар замоне ки аз рушди энергетика ва деҳот сухан мегӯем, бо айби чанд масъули масъулиятношинос ҳанӯз ҳам сокинони деҳоти дурдаст бо чароғи бобоӣ хона равшан менамоянд. Сухан дар бораи муҳоҷирони деҳаи Ватани деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз меравад, ки соли 2009 аз манотиқи кӯҳистон ба ин ҷо кӯчонда шуда, то ҳол ба неруи барқ  дастрасӣ надоранд.
Аз суҳбат бо раиси маҳалла Шариф Тоҳиров маълум гашт, ки дар деҳаи Ватан 550 хоҷагӣ зиндагӣ ба сар мебарад. Гарчанде аҳолии муқимӣ бо неруи барқ таъминанд, хоҷагиҳои навташкил солҳо боз аз рӯшноӣ маҳрум мебошанд. Ва ин боис шуда, ки бо вуҷуди ҷудо шудани қитъаи замин, то кунун бархе аз муҳоҷирон сохтмони манзилро оғоз накардаанд. Мушкили асосӣ ин аст: кашидани хати барқ ба масофаи 9 километр ва насби трансформатор. Зеро трансформаторҳои деҳа қувваи ба пуррагӣ бо барқ таъмин кардани сокинонро надоранд.
Воқеан ҳам, набудани барқ аз мушкилиҳои ҷиддиест, ки пешорӯи муҳоҷирони ин деҳа қарор гирифтааст. Ва ҳам аҷиб ин аст, ки бо вуҷуди огоҳ будан аз вазъи мавҷуда, масъулин ба ҷуз додани ваъдаҳои холӣ то имрӯз кореро ба сомон нарасондаанд.
– Набудани барқ зиндагии моро сангин кардааст. Борҳо дар ин бора ба роҳбарияти ноҳия дархост бурдем. Чанд раис иваз шуду ҳолат тағйир наёфт. Ахиран, ба унвони раиси вилоят мактуб навиштем. Намояндаи онҳо омада, бо мо вохӯрд ва барои чораҷӯӣ супориш ҳам дод. Баъд аз ин масъулини шабакаҳои барқи ноҳия камари ҳиммат бастанду бо насби чанд симчӯб хати барқро ҳамагӣ то ними роҳ оварданд. Ва тамом. Хуб медонед, ки дар ин солу замон бе барқ зиндагӣ кардан ғайриимкон аст: на чароғ, на телевизор, на компютер... Бо алови хасу хошок хӯрок мепазем. Ҳатто, барои неру додани телефонам маҷбурам, ки роҳи дарозеро тай карда, ба макони рӯшноӣ расам. То ба кай чунин аҳвол давом мекунад, муаммоест сарбаста. Ҳайронам, ки масъулон кай ба доди мо мерасида бошанд? – гуфт Саёҳат Муродова, ки аз соли 2014 инҷониб дар деҳаи Ватан зиндагӣ дорад.
Сокини дигари деҳа Тулқин Рафиқов, ки соли чорум аст дар гӯшаи дигари Ватан зиндагӣ ба сар мебарад, бо таассуф иброз дошт:
- То манзили мо барқ оварданд. Аммо он танҳо ба ном барқ аст, яъне “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам”. Агар гӯям, ки шамъ аз он дида рӯшантар аст, хато намешавад. Бо ин барқе, ки дорем, ягон асбоби барқиро истифода бурда  наметавонем. Дар зимистон мушкиламон дучанд мегардаду ҳоламон табоҳтар. Ба болои ин, масъули барқи ноҳия омада, ҷанҷол мебардорад, ки чаро барқҳисобкунак пул кор накардааст?! Ана ёбеду гиред!
Дар ҳақиқат, бебарқӣ аз мушкилоти рақами яки ин деҳа маҳсуб мешавад, ки баҳри бартараф намудани он масъулон набояд бетараф бошанд.
- Кашидани ин хати барқ бар дӯши мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. “Барқи тоҷик” танҳо дар асоси муроҷиати хаттии шаҳрвандон ва дар мувофиқа бо шӯрои нозирон метавонад ин корро анҷом диҳад. Вале аз номи  сокинон ба унвони ширкат то ҳол муроҷиат наомадааст, - гуфт Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси ШСХК “Барқи тоҷик”.
Ҷойи таъкид аст, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2017 як гурӯҳ сокинон ба унвони рӯзномаи “Субҳи Шаҳритуз” номаи шикоятӣ навишта буданд. Дар посух ба мактуби рӯзнома 20 сентябри ҳамон сол бо имзои сардори шабакаҳои барқи ноҳия Ш. Бегмуродов чунин ҷавоб омада буд: “Шабакаҳои барқии ноҳияи Шаҳритуз таъминкунандаи истгоҳҳои барқӣ ва хатҳои барқӣ аст ва дар мувозинати шабакаҳои барқи ҷанубӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ба директори ҶСК “Шабакаҳои барқи ҷанубӣ” таҷҳизоти барқӣ барои пурра таъмин кардани хати барқ дархост тартиб дода, пешниҳод кардем. Дар ҳолати аз ҶСК “Шабакаҳои барқи ҷанубӣ” дастрас шудани таҷҳизоти барқӣ мо манзилҳои муҳоҷиронро бо истгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои барқии 0,4/6/10 кВ мувофиқи қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ ва гармӣ бо барқ таъмин мекунем”.
Вале бо гузашти қариб 2 сол дигаргуние ба амал наомад. Дар робита ба ин, Фаридун Очулдиев, сармуҳандиси шабакаҳои барқи ноҳия, гуфт:
- Тибқи дархост, “Барқи тоҷик” ба шабакаҳои барқи ҷанубӣ як трансформатор ҷудо кард. Интизор меравад, ки бо насби он дар ояндаи наздик аҳолиро бо барқ таъмин намоем.
Аммо сокинони ноҳия ин суханро ҳам ваъдае беш намеҳисобанд, зеро аз ваъдаҳои зиёд хаста шудаанд. Дар ҳақиқат, вақте дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ авҷ гирифтаанд, ба бовари мо, чароғон намудани як деҳа кори на он қадар мушкил аст. Мутаассифона, ҳалли мушкил солҳо боз кашол меёбад. Шояд ин бор назари масъулон ба ин гӯшаи дурдаст мерасад ва барои осон намудани мушкили сангини онҳо чорае меандешанд?
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 409
16.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 51 КАС ШИФО ЁФТ

САФАРИ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО АБДУЛАЗИЗ МУҲАММАД АЛ-БОДИ

ЁВОН. КОНФЕРЕНСИЯ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ КАРД

АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД: «БОЛО БУРДАНИ НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АСОС НАДОРАД»

ТАҚОЗОИ ЗАМОН. БОЯД БА ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ГУЗАРЕМ

ТАҶҲИЗОТИ ПАРМАКУНӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

ДМТ. ТАҚСИМОТ МОҲИ СЕНТЯБР СУРАТ МЕГИРАД

ДДОТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ЁВОН. ПУЛИ МОШИНГАРД БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020

ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲҲОИ НАФАСДИҲӢ МЕФИРИСТАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед