logo

иқтисод

НУРОБОД. ШУКУФОӢ АЗ ФАЙЗИ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Нуробод, таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва  Ҳукумати мамлакат дар ин замина барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардондани  он пайваста тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.
Тавре Дӯстзода Ҳасан Тақдир, раиси ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" гуфт, Нуробод аз ҷумлаи ноҳияҳои навбунёде мебошад, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар натиҷаи татбиқи нақшаи генералии ноҳия тадриҷан ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил меёбад.
Пешвои миллат зимни сафари кории навбатӣ ба  Нуробод мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро муваззаф карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорону соҳибкорон ва аҳолӣ ҷиҳати босифат амалӣ гардидани барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва нақшаи ободониву бунёдкориҳо ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми захираю имкониятҳо истифода намоянд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар асоси “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" ва "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" "Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018-2020" таҳия шуда, мавриди амалисозӣ қарор дорад. Ба ин барномаи рушд бунёду навсозии 202 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба маблағи 182 миллиону 47 ҳазор сомонӣ ворид гардида,   соли 2017 дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо 24 иншоот ба маблағи 21119694 сомонӣ ва соли гузашта 18 иншоот ба маблағи 32876700 сомонӣ  сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Нақшаи корҳои ободонию бунёдкориҳо, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия намудааст, бунёду таъмири 248 иншооти таъйиноти гуногунро дар бар мегирад. То имрӯз 93 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина беш аз 12,5 км роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Ваҳдат - Нуробод – Рашт - сарҳади Қирғизистон бо сифати баланд таҷдид ва асфалтпӯш карда шуд.
- Баъди ҳар сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Мо дар асоси дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат ҷиҳати вусъат додани корҳои бунёдкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ба роҳбарият ва сокинони ноҳия доданд, нақшаи тадбирҳо тарҳрезӣ карда, шаҳрвандон, кормандони идораю корхонаҳо ва соҳибкоронро ба татбиқи саривақтии онҳо сафарбар менамоем. Ҳоло дар ин самт дар байни деҳаҳо ва коллективҳои меҳнатӣ озмунҳои "Соҳибкори муваффақи сол", "Ташкилоти беҳтарин" ва "Ҷамоати беҳтарин" ба роҳ монда шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат зикр карданд:  "Нуробод дорои захираҳои фаровони ашёи хом, махсусан маҳсулоти кишоварзӣ буда, тавассути бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши даромади аҳолиро таъмин кардан мумкин аст".
Итминон ҳаст, ки мардуми заҳматпешаи ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар натиҷаи татбиқи амалии нақшаи тадбирҳо Нурободро ба ноҳияи  пешрафта ва ободу шукуфо табдил медиҳанд, - гуфт Дӯстзода Ҳасан Тақдир.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 172

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед