logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Боздид аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ворух ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти Ворух бо лоиҳаҳои иншооти таъйиноташ гуногун, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар бахшҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудаанд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастрасии аҳолии деҳоти мазкурро ба хизматрасониҳо хубтар намуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам меоваранд. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи 8 иншоот, ки бо назардошти талаботи муосири меъморӣ таҳия гардидаанд, муаррифӣ карда шуд.
Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки бо назардошти талабот дар ҳудуди деҳоти Ворух боғчаи кӯдакона бо 80 ҷой, дар маҳаллаи Сангтӯдаи деҳот муассисаи таълимӣ бо 360 ҷойи нишаст, сохтмони бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бинои Ҷамоати деҳоти Ворух, бинои қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст, толори варзиш барои 300 нафар ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд ва бунёди бинои махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд дар деҳоти Ворух дар назар дошта шудааст, ки аз 3 ошёна иборат хоҳад буд.
Иброз гардид, ки ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ба таълиму тарбияи насли наврас, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим зоҳир гардида, дар ин замина бунёди иншооти соҳавӣ дар саросари деҳот дар назар дошта шудааст.
Ба Сарвари давлат зимни рӯнамоии лоиҳаҳо иттилоъ доданд, ки дар аксари иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфта, феълан бо сатҳу сифати баланд идома доранд.
Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо масъулонро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур бо сатҳу сифати баланд ва муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд, ҷараёни корҳои бунёдкориро дар ҳудуди деҳот зери назорати қатъӣ гирифта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз имконот бунёди дигар иншоотро низ таҳияву ба сомон расонанд.

Суҳбат бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворух ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон
Дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.
Дар ин зимн сарони ду давлат бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои ду кишвар, ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти давлатии тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони шаҳри Исфара
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни маҷмааи "Ориён" ба таври густурда ташкил карда шуд, дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ ҳосили зироати кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсолоти ватанӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, шириниҳо ва, инчунин, маҳсули эҷоди ҳунармандони шаҳр, хосса кандакорон, кулолон ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд. Сарони давлатҳо ба меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳозу таъм беназири ин минтақаи мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба меҳнати ҳалоли сокинони шаҳри Исфара баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқлими деҳоти шаҳри Исфара барои бунёди боғ ва ба даст овардани ҳосили фаровон басо мусоид мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи сокинон ба боғдорӣ бештар равона гардидааст. Майдони умумии боғу токзори шаҳр имрӯз зиёда аз 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Танҳо соли равон боғпарварон дар талу теппаҳои ин минтақа 46 гектар боғи нав бунёд кардаанд.
Дар ин ҷо ҳосили зироати полизӣ, аз қабили тарбуз ва харбуза ба таври хос ва дар 6 пирамида намоиш дода шуд. Гуфта шуд, ки имсол дар шаҳри Исфара дар майдони 26 гектар зироати полизӣ, аз ҷумла тарбуз ва каду, кишт карда шудааст. То имрӯз хоҷагидорон аз майдони полизиҳо 50 тонна тарбуз ба бозор баровардаанд ва ҳосилнокии он аз ҳар гектар 250 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар намоишгоҳ занбӯриасалпарварон низ ширкат варзида, номгӯи гуногуни асали табииро пешниҳоди меҳмонон намуданд.
Тибқи иттилои масъулон, дар шаҳри Исфара 2155 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ хоҷагидорон ба миқдори 31,1 тонна асали хуштаъм истеҳсол кардаанд.
Занону духтарони ҳунарманди шаҳри Исфара маҳорати нонпазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро дар танӯру дегҳо намоиш доданд. Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти нонӣ қариб 20 намуд нони миллӣ, аз ҷумла чаппотӣ, қалама, нонҳои равғанӣ, чормағздор, ҷаззадор, ба маъраз гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари пазандагии занону духтарони шаҳри Исфара баҳои баланд дода, онҳоро барои омӯзондани нозукиҳои ин ҳунарҳои миллӣ ба ҷавонон ҳидоят намуданд. 
Дар самти коркард ва бандубасти мева ва истеҳсоли консерв сокинони шаҳри Исфара таҷрибаи ғанӣ доранд. Тибқи иттилоъ, имрӯз дар шаҳри Исфара 14 корхона ба коркард ва бандубасти меваи хушк ва 3 коргоҳи дигар ба истеҳсоли консерви меваю сабзавот машғул мебошанд. Агар дар ҳамин давраи соли 2018 аз тарафи корхонаҳои шаҳр ба миқдори 4 миллиону 643 ҳазору 930 сомонӣ хушкмева коркард ва бандубаст шуда бошад, пас, имсол ин нишондод ба беш аз 10 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расонда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти консервӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 1 миллиону 498 ҳазору 340 сомонӣ баробар гардидааст. Коркард ва бастубанди маҳсулот дар корхонаҳо ба таври хос ва бо тамғаи махсус сурат гирифта, стандарти байналмилалӣ риоя гардидааст, ки дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат харидори зиёд дорад. Соли гузашта дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, инчунин, аз шаҳри Исфара ба миқдори 11 ҳазору 375 тонна меваи хушк ва дар ҳаҷми 1 миллиону 639 ҳазору 100 сомонӣ консерв ба кишварҳои Россия, Олмон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра содирот карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби сарони давлатҳо ба маҳсули меҳнати сокинони шарафманди шаҳри Исфара баҳои баланд дода шуд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар ҳама бахшҳо ба масъулон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Маҷмааи "Ориён", ки дар маркази шаҳри Исфара ва дар соҳили дарё бо назардошти санъати меъмории миллӣ сохта шудааст, писанди меҳмонон гардид. Намои беруна ва дохили маҷмаа пурра бо ҳунарҳои миллӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, гаҷкорӣ, санъати кундал, оро дода шудааст. Дар ин ҷо сангҳои ороишии маҳаллӣ бо маҳорати баланди ҳунармандӣ истифода гардидаанд ва басо диққатҷалбкунанда мебошанд. Ин бинои боҳашамат дорои толорҳо барои гузарондани чорабиниҳои гуногун, тарабхона, чойхона, ошхона, қаҳвахона, ҳуҷраҳои корию хизматрасонӣ ва ғайра мебошад.

Мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Дар толори маҷмааи "Ориён"- и шаҳри Исфара мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Дар ин иртибот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расондани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.
Мулоқоти доиргардида аҳамияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.
Анҷом додани корҳо ҷиҳати аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2019    №: 143    Мутолиа карданд: 154

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед