logo

иҷтимоиёт

ИФРОТГАРОӢ. НАҚШИ ХОДИМОНИ ДИН ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳо, хосса кишварҳои исломӣ, гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва иртиҷоӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то фазои сиёсӣ халалдор бишавад. Яъне вазъи ҷаҳони муосир бисёр ҳассосу печида маҳсуб меёбад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва амну осоиштагӣ  ҳуқуқ ба озодии виҷдон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаву кафолат дода мешавад. Гиромидошти мазҳаби ҳанафӣ, шахсиятҳои барҷаста ва маъруфи олами ислом, нашри китобҳои динӣ аз тадбирҳое буданд, ки ба ин мақсад амалӣ гардиданд. Бешак, таълими дурусти илму фанҳои исломӣ дар ин росто бисёр хуб мусоидат карда метавонад ва монеи роҳёбиву густариши гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад. Донишкада аз ин имконоти мавҷуда то ба куҷо истифода бурдаву мебарад? Оё дастовардҳо дар самти мазкур чашмрасанд? Чӣ қадар донишҷӯёне, ки дар кишварҳои исломӣ таълим мегирифтанд, дар ин муассисаи таълимӣ таҳсилро идома дода истодаанд? Ин муассисаи таълимӣ имкон дорад, ки масҷидҳои кишварро бо хатмкунандагон, яъне мутахассисони асилу содиқ пурра таъмин намояд? Барои такмил ва бозомӯзии ходимони дин, хосса имомхатибон, чӣ тадбирҳои муассиру муосир андешида шуданд? Ходимони дин то ба куҷо метавонанд, ки монеи густариши падидаҳои номатлубе чун терроризму экстремизм бишаванд?
Хабарнигори «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим дар ин хусус бо ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода ҳамсуҳбат шуд.
- Пайдо шудани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ дар миёни пайравони дини мубини ислом як ҳодисаи номатлуб, инчунин, ғайри қобили қабул аз нигоҳи таълимоти ин дин ба ҳисоб меравад. Дини мубини ислом дар сарлавҳаи таълимоти худ таъмини зиндагии шоиста, ташкили ҷомеаи адолатмеҳвар, ақлгаро, эҳтиром ба инсон ва дорои арзиши баланду каромат будани онро новобаста аз мансубияти диниву нажодиаш шиори асосии худ қарор додааст.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дорои имкониятҳои хубе дар заминаи таълиму тарбия мебошад ва дар ин муддат фаъолияти пурсамар доштааст. Бешак, на танҳо аз ин имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурдаву мебарад, балки дар таълифу тарҷумаи китобҳо, тарғибу ташвиқу таълимоти дуруст саҳм гирифтаву мегирад.
Ҳар сол нақшаҳои таълимӣ бар асоси талаботи рӯз аз нав таҳия мегарданд. Теъдоди номзадҳои илм сол ба сол афзоиш ёфта истодааст ва бар асоси ҳамин зинаи магистратура таъсис дода шуд.
Аз корҳои бисёр муҳиме, ки аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён анҷом мепазиранд, ин навиштани мақолаву вокунишҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ва сомонаҳои интернетӣ мебошад. Солона садҳо мақолаву вокунишҳо дар муқобила бо фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён таҳия шуда, интишор мегарданд.
Донишкада дар солҳои пешин тамоми донишҷӯёни кишварамонро, ки аз он пештар дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ мехонданду баъд аз баргаштан барои идомаи таҳсил муроҷиат намудаанд, ба таҳсил фаро гирифтааст ва онҳо таҳсили худро ба поён расондаанд. Дар айни ҳол дар ин муассисаи таълимӣ чунин донишҷӯён ҳузур надоранд.
Дар донишкада ихтисосҳои улуми исломӣ, матни классикӣ ва улуми қуръонӣ, мероси хаттӣ фаъолият доранд, ки бевосита ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи дин (ходимони дин) машғул мебошанд. Албатта, ҳамаи хатмкунандагон аз донишҳои лозимии динӣ бархӯрдор мешаванд ва салоҳияти идора намудани масҷидҳоро ба пуррагӣ доранд. Онҳо, ҳамзамон, бо фаро гирифтани илмҳои динӣ донишҳои зарурии замонавӣ ва фаъолият дар фазои давлати дунявиро ба хубӣ дарк мекунанд. Илова бар ин, донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият тарбия мешаванд. Пас бо боварии комил метавон гуфт, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон имкони бо мутахассисони асилу содиқу варзида пурра таъмин намудани масҷидҳои кишварро дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар донишкада мутахассисони соҳаи диншиносӣ ва таърихи дин, тарҷумони забони арабӣ ва англисӣ ва донандагони хуби технологияи компютерӣ ҳам дар сатҳи баланди касбӣ ба воя мерасанд, ки метавонанд холигии кадрҳои омӯзгории фанҳои номбурдаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пур намоянд.
Аз он ҷое, ки тафаккури ифротгароӣ асосан дар натиҷаи ғалат фаҳмидани таълимоти динӣ пайдо мешавад, дуруст дарк намудани моҳияти дин ва таълимоти он метавонад пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро бигирад. Яъне барои он ки гурӯҳҳои мушаххас ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротӣ сафи пайравони худро афзоиш диҳанд, таълимоти диниро, махсусан мафҳумҳои бисёр арзишманди онро, ба таври нодурусту ғалат ба гӯши шунавандагони худ мерасонанд. Ҳадафи онҳо фиреб додан ва ба таври сунъӣ таҳрики эҳсосоти динии пайравони дини ислом, махсусан ҷавонон, мебошад, то битавонанд сафи пайравони худро аз ҳисоби ин фиребхӯрдаҳо афзоиш диҳанд. Ба ҷуз ин, аз неруи ҷисмонии онҳо ба манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худ истифода намоянд.
Маълум аст, ки дар муқобили чунин фиребкориҳо бояд як қишри рӯҳонии таҳсилкардаву ҳушёр мубориза барад, то бо муаррифии дурусти арзишҳои динӣ, таърифи воқеъбинонаи дину амалҳои динӣ макру найранги онҳоро барои мардум, махсусан барои ҷавонон, ошкор ва бо ин роҳ ҳамдиёрони худро аз афтодан ба фитна ҳифз намояд. Дар ҳақиқат, рисолати асосии ходимони дин ҳифзи фазои андешаи солими динӣ аст, ки натиҷаи он муқобила бо таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз фитнаҳову ошӯбҳо дар ҷомеа мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2019    №: 143    Мутолиа карданд: 178
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед