Хабарҳо
БМТ. Эътимоди аҳолӣ меафзояд
- Бо назардошти дурнамои иқтисодии дохилию берунӣ, таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил дар сатҳи 13, 25 дарсад нигоҳ дошта шуд,- иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Тавре зикр гардид, дар натиҷаи беҳтар шудани вазъи бонкҳои тиҷоратӣ эътимоди мардум нисбат ба онҳо меафзояд ва ҳамин аст, ки ҳаҷми пасандозҳо 2,1 дарсад бештар гашта, ба 9,6 миллиард сомонӣ расид.
Бо беҳбуд ёфтани низоми бонкӣ, аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ 4, 4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин 3, 2 миллиард ё 74 дарсад ба бахши соҳибкорӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда назар ба шашмоҳаи соли пешӣ 28, 5 дарсад зиёд мебошад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1126