Хабарҳо
КҲФ. 624 ҳодисаи табиӣ 28 миллион сомонӣ хисорот расонд
Тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 624 ҳодисаи табиӣ ба амал омад, ки хисороти расондаи онҳо зиёда аз 28 миллион сомониро ташкил дод.
Тавре Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, бар асари офатҳои табиат 135 хона қисман зарар дида, майдони зиёда аз 1900 гектар замин , 10 пул ва 204 километр роҳ харобу вайрон шуданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1212