logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз боздид аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ҷиҳати анҷоми сафари корӣ озими Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири мамлакат, вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков самимона истиқбол гирифт.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков
27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпонотаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.
Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қабл аз ин дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд, инчунин, мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.
Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд. 
Бо таъкиди имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифта, амалҳои муштараки минбаъда дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар арсаи обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доштанд. Зикр гардид, ки ба кор андохтани иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷонибҳо бо назардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳамияти фарогир дорад. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз он такони мусбат хоҳад бахшид.
Аҳамияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шуд. Зарурати ба роҳ мондани амалияи  мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин, фаъол гардондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ зикр шуд.
Бо мақсади фаъол гардондани ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд.

28 июл сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом ёфт ва Сарвари давлат аз шаҳри Чолпонота ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гусел намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 215

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед