logo

иҷтимоиёт

ХОРУҒ. ЧАРО МАҲСУЛОТИ МАҲАЛЛӢ КАМ АСТ?

- Дар ин айёми сол дар тамоми мамлакат анвои меваю сабзавот фаровон бошад ҳам, дар бозори шаҳри Хоруғ ҳанӯз ҳам нарху навои онҳо мисли аввали фасли баҳор гарон аст.
Ин нуктаро муовини Сарвазири мамлакат  Маҳмадтоир Зокирзода дар машварати васеи назди раиси ВМКБ пас аз боздид аз бозори марказии шаҳри Хоруғ ва мулоқот бо  соҳибкорону тоҷирони ин бозор зикр намуда, ба масъулини шаҳр  супориш  дод, ки  ҷиҳати  паст  кардани  нархи  маҳсулоти  истеҳсоли  маҳаллӣ чораандешӣ намоянд.
Ба гуфтаи муовини Сарвазир, яке аз иллатҳои гаронии нарх ин аз даст ба даст гузаштани маҳсулот мебошад. Дар натиҷа деҳқоне, ки дар замин заҳмат мекашаду маҳсулот истеҳсол менамояд, манфиати камтар мебардорад. Баръакс, аз меҳнати ӯ соҳибкорони беинсоф баҳра бурда, як ё ду маротиба ҳаққи худро ба нархи аслии маҳсулот зам мекунанд. Омили дигари баланд гардидани нархи маҳсулоти  кишоварзӣ дар бозорҳои ҳудуди вилоят ин кам ба фурӯш ворид гардидани  маҳсулоти маҳаллӣ мебошад. Масалан, айни ҳол нархи як кило картошка дар бозори шаҳри Хоруғ аз 3,5 - 4 сомонӣ паст  нафаромадааст, дар  ҳоле ки онро дар бозорҳои шаҳри Душанбе 2 сомонӣ мефурӯшанд. Чаро? Зеро истеҳсоли картошка дар  хоҷагиҳои вилоят ба таври бояду шояд ба роҳ монда  нашудааст. Ҳоло дар ноҳияи Дарвоз картошкаи барвақтӣ расида  бошад ҳам, ҳанӯз дар бозори шаҳри Хоруғ нопайдост.
Муовини Сарвазири мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки  доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳисоботи оморӣ ҳам дақиқу шаффоф нест. Бинобар нишондодҳои    маълумоти оморӣ, вилоят бояд худро бо бисёре аз маҳсулоти  кишоварзӣ таъмин мекард. Вале дар бозори шаҳри Хоруғ  рафҳои фурӯшро маҳсулоти дигар манотиқи кишвар ва берун аз  он пур карда, аз маҳсулоти худӣ дарак нест.    
Маҳмадтоир Зокирзода ба роҳбарону масъулони сохторҳои марбута дастур дод, ки дар зудтарин фурсат дар назди бозори марказӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор кунанд, кӯшиш намоянд, то ин маҳсулот бе миёнарав ба дасти харидорон расонда шавад ва шаҳрвандон барои фасли зимистон ҳам маҳсулоти кофии кишоварзӣ захира карда тавонанд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва театри вилоятӣ  шинос шуда, аз вазъи кор дар ин сохтмонҳо изҳори нигаронӣ кард. М. Зокирзода бо мақсади суръатбахшии сохтмон ба бинокорон супориш дод, ки бо истифода аз фасли гарми тобистон суръати корро ҷоннок намоянд, зеро баъди ҳамагӣ ду моҳ дар ин минтақаи баландкӯҳ мавсими сармо оғоз меёбад ва сардии ҳаво ба сифати сохтмон таъсири манфӣ мерасонад.
- Дар доираи амалисозии яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат - таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, шахсан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ниҳодҳои гуногун бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.  Ҷавобан  ба ин ғамхориҳо онҳо вазифаи хизматии худро содиқона иҷро мекунанд. Дар ин раванд таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба истифодаи самараноки маблағҳои ҷудогардида ва суръату сифати корҳои сохтмонӣ равона гардад. Агар имкон бошад, корро дар ду баст ташкил кардан даркор аст, - гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни сафари хеш  ба  шаҳру  ноҳияҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин, бо вазъи баъзе муассисаҳои фарҳангию таълимӣ ва иншооти  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёдшаванда шинос шуд. Муовини Сарвазири мамлакатро дар ин сафар Ёдгор Файзов, раиси вилоят ва роҳбарони  вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, ки ба вилоят вобаста шудаанд, ҳамроҳӣ намуданд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 339
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед