logo

иқтисод

БУНЁДКОРӢ. ИҚДОМЕ, КИ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН АВЛАВИЯТ ДОРАД

Сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки аз азал ҳамчун мардуми бонангу ор ва шуҷову ватанпарвар шинохта шудаанд, имрӯз дар радифи дигар навоҳии кишвар ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии сазовор дида истодаанд. Онҳо талош доранд, ки ноҳияро бо бунёди иншооти наву замонавӣ боз ҳам зеботару ободтар намоянд.
То 1 июли соли 2019 ба маблағи 42 миллиону 259 ҳазор сомонӣ сохтмони иншооти гуногуни ҷашнӣ, аз ҷумла меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва кашидани хати оби ошомиданӣ ба масофаи 8 километр дар деҳаи Қавоқ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди мева бо 100 ҷои корӣ дар деҳаи Ҷавонон, дорухона дар деҳаи Хирманҷо, мактаб – интернат дар деҳоти Даштиҷум, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 барои 144 ҷои нишаст дар деҳаи Девдор, беморхонаи қитъавӣ барои 24 кат дар деҳаи Чагам ва хати барқ  дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Хайркорон, ба охир расида, айни ҳол онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
- Дар маҷмӯъ, давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳия даҳҳо биною иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бунёд ёфта, ҳусни деҳоту шаҳрак ба куллӣ дигаргун шуд, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Зарифзода Почохон.
Бино ба иттилои мавсуф,  Шамсиддини Шоҳин ноҳияи аграрӣ аст ва масъулони бахши кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Бахши кишоварзии ноҳия тайи солҳои охир хуб рушд карда, дастовардҳои назаррасу хурсандибахшро соҳиб шудааст. Таъмини бозорҳои истеъмолии ноҳия бо сабзавоту меваҷоти истеҳсоли дохилӣ шоҳиди гуфтаҳои мо шуда метавонад. Соли 2018 дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 27584 тонна ғалладона, 5074 тонна картошка, 203 тонна зағир, 2316 тонна сабзавот ва 2352 тонна полизӣ истеҳсол карда шуд.
Бино ба иттилои сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Аҳмадҷон Дӯстов, дар ноҳия беморхонаи марказӣ, 95 маркази саломатӣ, 19 бунгоҳи тиббӣ, инчунин, марказҳои иммунизатсия, СПИД – ВНМО, тропикӣ ва зидди  бемории сил фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 340 нафар табибони дорои маълумоти олию миёнаи тиббӣ ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар ноҳия 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳанг, 7 клуби деҳот, боғи фарҳангию фароғатӣ, мактаби бачагонаи санъат ва 17 китобхонаи деҳот (бо теъдоди умумии зиёда аз 70 ҳазору 250 нусха китоб), фаъолият дорад.  Мактаби бачагонаи санъати мусиқӣ аз соли 2006 инҷониб фаъолият  мекунад ва дар он 36 нафар омӯзгорон ба 140 нафар хонандагон асосҳои навозиши асбобҳои халқӣ - доира, таблак, дутор, рубоб, ғижак, най, нозукиҳои рақс, овозхонӣ, рассомӣ, назарияи мусиқӣ, инчунин, ҳунарҳои мардумии чакандӯзиву гулдӯзӣ ва кор бо компютерро меомӯзонанд. Муваффақияти калони ин соҳа эъмори бинои нави қасри  фарҳанг дар ноҳия мебошад, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бинои муҳташами фарҳангӣ дорои 455 ҷои нишаст буда,  бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 144

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед