Хабарҳо
"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд
Директори Авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» баъди муддате фаъолият накардан, 26-уми июл нахустпарвози худро тавассути хатсайри Душанбе – Ҷидда ва Хуҷанд – Ҷидда, бо мақсади интиқоли зоирин дар мавсими Ҳаҷ – 2019 ба Арабистони Саудӣ, ба роҳ монд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкат, бинобар вазъи душвори молиявӣ, натавонист дар нимсолаи аввал парвозҳоро амалӣ намояд, ки ин ба муассиса ба маблағи 17,5 миллион сомонӣ зарар овард.
Барои муътадил гардондани фаъолияти ширкат, миёни роҳбарияти Авиатсияи гражданӣ ва шарикони маблағгузор гуфтушунидҳо ҷараён доранд. Ҳоло ширкат дорои 6 ҳавопаймо буда, таҷҳизоти истифоданашаванда ва муҳлаташон баромада аз комиссияи нархгузорӣ гузашта, барои натиҷагирӣ ба комиссияи фурӯши назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардиданд. Эҳтимол аст, ки аз ҳисоби фурӯш ба ширкат аз 3, 8 то 4 миллион доллари ИМА маблағ ворид шавад. Ин ва маблағҳои аз парвози чартерӣ ба Арабистони Саудӣ бадастомада, пеш аз ҳама, барои таъмири дигар ҳавопаймоҳо ва ба роҳ мондани парвозҳо дар хатсайрҳои таъйинотӣ равона мегарданд.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 342