logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нахуст масъала “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019” баррасӣ гардид.
Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳисобот дод.
Ҳамчунин, доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” ва “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2022” ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон шунида шуд.
Бо натиҷагирӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар кардани   нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд, ки ин ҳолат ба сатҳи иҷрои нақшаю ҳадафҳои стратегии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2018-ум 8,3 фоиз кам шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, аз ҷумла сармояи хориҷӣ 36 фоиз, коҳишёбии суръати афзоиши гардиши савдои умумӣ 5,2 банди фоизӣ, гардиши савдои хориҷӣ 16,9 банди фоизӣ, аз ҷумла содироти мол 7,2 банди фоизӣ, хавфҳои иловагиро ба вуҷуд меоранд, ки барои дар нимсолаи дуюми соли 2019 иҷро шудани нишондиҳандаҳои пешбинигардида таъсири манфӣ мерасонанд.
Зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 - ум 31270,9 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 дарсадро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12,5, маҳсулоти кишоварзӣ 10,8, гардиши савдо 9,4 ва хизматрасонии пулакӣ 0,9 дарсад таъмин гардид. Дар баробари ин, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 8,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 3,8 фоиз, аз ҷумла ҳаҷми содирот 8,1 дарсад ва воридот 2,3 дарсад зиёд гардид. Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ дар ин давра 4,0 фоизро ташкил дод.
Даромади Буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 дар сатҳи 101,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 10531,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33,7 фоизро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо вуҷуди аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбати рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 тамоюли мусбати рушд дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, асосан, нигоҳ дошта шуд. Аммо сифати рушд вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва ҳадафҳои гузошташуда моро қонеъ карда наметавонад. Зеро ба эътибор нагирифтани тамоюлҳое, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ идома доранд, шиддати рақобати минтақавӣ дар самти рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҷараёни нисбатан сусти саноатикунонии кишвар, тақвият наёфтани иқтидори содиротии Тоҷикистон, иҷро нагардидани барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар ва як қатор омилҳои дигар садди роҳи суръати рушди иқтисодӣ гардида истодаанд, ки хеле ташвишовар мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат барои таъмини сифатноки нақшаи иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2019, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, таъмини босуръати рушди соҳаи саноат бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика, хусусан ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ, пешгирии талафоти техникии он, васли ҳисобкунакҳои муосири барқӣ, таъмиру навсозии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва боғу токзор, захира ва коркарди босифати маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дастуру супоришҳои дигар ҷиҳати татбиқи чораҳои мушаххас дар истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо, амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва аз худ кардани маблағҳои татбиқи лоиҳаҳо дода шуданд.
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки назоратро ба ҷараёни иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшида ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари  давлат дар вақти сафарҳои дохиливу хориҷӣ аз ҷониби масъулин ва сохторҳои марбут пурзӯр намояд.
Барои фароҳам овардани замина ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ татбиқи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ва мусоидати бештар ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.
Дар маҷлис баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
 Аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳои вобаста ба Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рӯзмарраро баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ, хусусан Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободонӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат вазифадор мебошанд ва бояд ин тадбирҳоро бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба анҷом расонанд.
Дар охир Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ барои беҳтаргардонии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 ва давраҳои минбаъда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020, таъмини рушди босуръати соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ дастурҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 205

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед