Хабарҳо
Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд
Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 – 7 августи соли равон дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2019» доир мегардад.
Тавре хабар дода мешавад, ҳамоиши байналмилалӣ аз се бахш – роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкории Бадахшон, имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Тоҷикистон иборат хоҳад буд.
Иштирокдорони ҳамоиш мавзӯъҳои саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Бадахшон ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, монеаҳои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, имкониятҳои сайёҳии Бадахшон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шарикони рушдро баррасӣ хоҳанд кард. Доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ зимни мулоқоти B2B масъалаҳои тақвияти ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя барои иқтисоди Бадахшон матраҳ намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Инчунин, дар доираи Ҳамоиши байналмилалии «Помиринвест – 2019» мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии "Боми ҷаҳон" муаррифӣ мегарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 446