logo

фарҳанг

УМЕД ШАТАКОВИ ТОҶИК. ЧЕҲРАИ НАВ ДАР СИНАМОИ ҶАҲОНӢ

Ҳаводорону мухлисони синамо огаҳӣ доранд, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар як зумра ҳунарпешаҳои тоҷик дар киностудияҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва мамолики Ғарбу Шарқ дар филмҳои ҳунарӣ нақшҳои ҷолиб офаридаанд. Аз ҷумла, Раҷаб Ҳусейнов (дар Россия, Афғонистон, Канада), Сайдо Қурбонов (Россия), Исфандиёр Ғуломов (Ироқ, Қатар, Россия, Туркманистон), Ҳабибулло Абдураззоқов (Олмон), Раҳмондӯсти Қурбониён (Фаронса, Швейтсария), Муҳаммадалӣ Маҳмадов (Россия, Қазоқистон, Шведсия, Беларус), Асланшо ва Шуҳратшо Раҳматуллоевҳо (Россия), Таҳмина Раҷабова (Покистон, Афғонистон) ва чанде дигар бо ҳунари волои хеш қалби мухлисони синамои ватаниву хориҷиро тасхир намудаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон, дар қатори филмҳои хориҷӣ, филмҳои туркӣ низ ба забони тоҷикӣ баргардон шуда, шумораи зиёди тамошогар доранд ва аз сертамошобинтаринҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳаводорон аз ҳунарнамоии актёрони он ба ваҷд меоянд, аммо кам касон огаҳанд, ки миёни қаҳрамонҳои дӯстдоштаи онҳо як ҳунарпешаи тоҷик ҳаст, ки бо номи Умед Шатаков кайҳо боз машҳур гардидааст.
Умед 25 сол дорад ва то кунун дар се филми ҳунарӣ: «Як ҳадис», «Савганд» ва «Салом, зебо ватанам» нақш офаридааст. Соли 2019 силсилафилми «Савганд» ба экран баромад.  Дар ин филми 70 – сериягӣ офарандаи нақши Вурал Умед Шатаков аст.
Умед Шатаков соли 1994 дар шаҳраки Данғара таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар литсейи шаҳри Кӯлоб барои кӯдакони болаёқат ба даст оварда, Донишгоҳи Салчуқро дар шаҳри Кунияи Туркия хатм намуд (2017). Падари Умед алҳол давлати пирӣ меронад. Модараш дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ифои вазифа менамояд.
Бо иқрори Умед, омаданаш ба синамо тасодуфист. Пас аз итмоми риштаи иқтисоди донишгоҳи Салчуқ дар сар хаёле надошт, ки ӯ рӯзе ҳунарпешаи синамо мешавад. Вай, аслан, бо даъвати як дӯсташ дар кастинг ширкат варзида, дар силсилафилми «Як ҳадис», ки соли 2018 рӯи навор омада буд, нақши дарвешеро мебозад. Пас аз ин, Умед аз Куния ба Истанбул кӯч баст. Соли 2019 барои вай соли бобарор омад. Ҳунарпешаи ҷавон дар ду силсилафилм - «Савганд» ва «Салом, зебо ватанам» нақшҳои Вурал ва Анвари Гурдро бозид.
Дар силсилафилми «Савганд» Умед дар қисми 10 пайдо шуда, то қисми 20 нақш офарид. Вай аз ҳозир барои мавсими навбатии силсилафилми мазкур, ки тирамоҳи соли равон ба намоиш гузошта мешавад, қарордод бастааст. Умед Шатаков, ҳамчунин, дар як филми истеҳсоли Покистон низ нақш офарид, ки он ҳанӯз ба тамошогарон пешкаш нагардидааст.
Вурали Умед Шатаков агар ҷавони шефтаи пулу мол бошад, Анвари Гурд марди шарафманд, муборизу миллатдӯст аст.
Ҳунарпешаи ҷавон Умед Шатаков мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо таҳиягарону ҳунармандони ин кишвар барояш мактаби бузургест ва ӯ мехоҳад бо имкони муносиб дар филмҳои ҳунарии тоҷик низ нақшҳои ҷолиб биофарад.
Умари ШЕРХОН,  рӯзноманигор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 259

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед