logo

иҷтимоиёт

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. АКСАРИ ЛАГЕРҲО БА ҚАБУЛИ МАКТАБИЁН ОМОДА НЕСТАНД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мақолаи «Таътили тобистона. Аксари лагерҳо ба қабули мактабиён омода нестанд!» - ро, ки дар рӯзномаи  «Ҷумҳурият» 4 июни соли 2019 нашр шудааст, дар ҷаласаи васеи машваратии назди раиси шаҳр баррасӣ намуд.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ масъалаи мазкур дар машварати васеъ  оид ба рафти тайёрии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ба таътили тобистонаи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, протоколи ҷаласа ва қарори дахлдори раиси шаҳр таҳти № 208 аз 3 июни соли 2019 барои иҷро ба масъулон дастрас карда шуд.
Бо мақсади сари вақт омода намудани истироҳатгоҳи «Офтобак» аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак синфхонаи компютерии он аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гашт.
Бо дастгирии корхонаву муассисаҳои шаҳр роҳи мошингард (аз шаҳр то ҳудуди истироҳатгоҳ), гирду атрофи он, ҷойи хоби кӯдакон (барои 100 нафар), ҳавзи оббозӣ ва ошхона аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, рахти хоби кӯдакон ва зарфҳо барои ошхона дастрас шуданд.
То санаи 20 июни соли ҷорӣ истироҳатгоҳ ба пуррагӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода шуда, ҳоло пурсамар фаъолият дорад.
Дилшод АСОЗОДА, муовини аввали раиси шаҳри Норак


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 162

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед