Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Regnum.ru. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати ҳамтои беларусаш Александр Лукашенко 31 июл - 1 август бо сафари расмӣ ба Минск меравад.
«Известия». Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф Президенти ИМА Доналд Трампро ба ҳалли дипломатии низои миёни ду кишвар, бидуни дода шудан ба таъсири мушовирон, ки Вашингтонро ба ҷанг бо Теҳрон меангезанд, даъват намуд.
ТАСС. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки музокироти тиҷоратӣ байни Вашингтон ва Пекин хуб идома доранд.
АИР Новости. Дар Прокуратураи генералии Россия дар нимсолаи якуми соли 2019 ду маротиба коҳиш ёфтани парвандаҳо оид ба экстремизмро зикр сохтанд.
АИР Новости. Дар вилояти Астрахан суди ҳарбӣ Василий Власенкоро барои омодасозии амали террористӣ дар Знаменск нуҳ сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Centralasian.org. Наҷотдеҳони Ӯзбекистон ҷасади сарбози қирғизистониеро пайдо карданд, ки рӯзи 19 июл дар дарёи Оқ - Булоқ ғарқ шуда буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 530