logo

Хабарҳо

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ чор омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино – Фариза Ҳалимова, Гуландом Каримзода, Мижгона Шуҳратзод ва Шабнам Муродова дар озмуни байналмилалии соҳаи тиб, ки дар Ҷумҳурии Корея баргузор шуд, соҳиби медалҳои тилло шуданд.
Ин нукта дар нишасти матбуотии ДДТТ зикр гардид.
Бино ба гуфтаи ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода дар муассиса 1420 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад ва ин шумора сол ба сол меафзояд.
- Ҳоло дар донишгоҳ аз 16 давлати дунё донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Махсусан, таҳсили 1370 донишҷӯи хориҷӣ дар зинаи тодипломӣ боиси зикр аст. Равобити хориҷии донишгоҳ бо муассисаҳои тиббии Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Полша, Қазоқистон, Италия, Швейтсария ва Арманистон таҳким ёфта, таваҷҷуҳи онҳо ба донишгоҳи мо зиёд мешавад, - афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.
Яке аз муваффақиятҳо, фаъол гаштани системаи электронии идоракунии таълим (LMS) мебошад, ки донишҷӯ соҳиби кабинети инфиродии хеш мешавад ва ба маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаҳои рейтингу санҷишҳо аз тариқи онлайн дастрасӣ пайдо менамоянд. Аз дилхоҳ гӯшаи кишвар бо натиҷаҳо ошно шуда, мувофиқи он амал мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 334

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед