Хабарҳо
ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Тавре Миралӣ Раҷабзода, раиси ноҳияи Файзобод, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар нимсолаи аввал ба маблағи 32 миллиону 736,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 миллиону 366, 8 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати беҳтар шудани сифати таълиму тарбия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизондани онҳо як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон дар деҳаҳои Сари Чашма, Навобод, Шукурӣ ва Баҳористон муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои №№ 6, 26 ва 30 дар арафаи анҷомёбист.
Зикруллоҳ РАҶАБ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 386