Хабарҳо
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд
- Дар доираи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани беш аз 310 иншоот дар назар аст ва то имрӯз 78 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - гуфт Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ тибқи созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳр лоиҳаи таъмиру тармими хатҳои обгузар амалӣ мегардад. Маблағи созишнома 6, 8 миллион долларро ташкил дода, то 1 июли соли ҷорӣ 98 дарсади он азхуд карда шудааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 370