logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143,  мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132; № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275; № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269;  с. 2019, № 1, мод. 8), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 112:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз бист то бисту панҷ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- дар диспозитсияи қисми 2 калимаи «якуми» ба рақами «1» иваз ва санксия дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Санксияи моддаи 113 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
3. Санксияи моддаи 114 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ  то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
4. Дар моддаи 115:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ  то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
5. Санксияи моддаи 116 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
6. Моддаи 117 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 117. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ
Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла ҳангоми тайёр намудани хӯрок ва нӯшокиҳо, тартиби нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо ба аҳолӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ  то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
7. Санксияи моддаи 118 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
8. Дар санксияи моддаи 119 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз бист то сӣ» иваз карда шаванд.
9. Ба моддаи 121 эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, танҳо бо қарори суд мавриди истифода қарор дода мешаванд.».
10. Санксияи моддаи 126 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.».
11. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 127 калимаҳои «растаниҳои дорои маводи нашъадор» ба калимаҳои «растаниҳои нашъадор» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 128:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаи «маводи» ба калимаи «воситаи» иваз карда шавад;
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.».
- дар диспозитсияи қисми 2 калимаи «якуми» ба рақами «1» иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 129:
- дар диспозитсия ва санксияи қисми 1 калимаҳои «маводи» ва «аз панҷ то даҳ» мувофиқан ба калимаҳои «воситаи» ва «аз даҳ то бист» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз бист то сӣ» ба калимаҳои «аз сӣ то чил» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 130:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз бист то сӣ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои  «аз бист то чил» ба калимаҳои «аз сӣ то панҷоҳ» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 131:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаҳои «маводи» ва «тарғиб ё рекламаи ғайриқонунии» мувофиқан ба калимаҳои «воситаҳои» ва «тарғиби» иваз карда шаванд;
- санксия дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.».
16. Санксияи моддаи 132 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.».
17. Ба моддаи 4743 пас аз калимаи «муассисаҳои» калимаи «таълимии» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1631


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 июни соли 2019, № 1386


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 692


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2019    №: 139 - 140    Мутолиа карданд: 193

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед