logo

иҷтимоиёт

ФАРМОНИ № 622. РОҲБАРОН АЗ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОЯШОН САРКАШӢ МЕКУНАНД. ЧАРО?

Бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа 7 феврали соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба тасвиб расид. Дар банди 2-и фармони мазкур омадааст: «Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида, тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд».

Дар банди 4 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» низ дар ин хусус чунин гуфта шудааст: «Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар муҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд».
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 – ум 83 мақолаи танқидиву таҳлилӣ ба чоп расонд, аммо то ба имрӯз ҳамагӣ ба 10 мақола вокуниш нишон дода шудааст. Дар бораи рафти иҷрои фармони мазкур дар соли 2018 – ум 15 январи соли 2019 идораи рӯзнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш омода намуд. 23 январи соли 2019 вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтанд, ки дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаҳои танқидиву таҳлилии васоити ахбори омма посух диҳанд.
Мутаассифона, то ба имрӯз барои матлабҳои танқидии соли 2018 рӯзномаи «Ҷумҳурият» баъди чунин таъкидсозиҳо низ вокуниш нагирифтааст. Масалан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба мақолаҳои «Дору. Роҳи ҳалли мушкилот мавҷуд аст, агар…» (2 январ), «Дорусозии ватанӣ. Чанд паҳлуи як проблема» (9 январ), «Равғани нахл. Гуфтаниҳои ногуфта» (6 феврал), «ВМКБ. Мутахассисони соҳаи тиб намерасанд» (11 апрел), «Дорусозӣ. Аз имкониятҳо фаровон истифода намебарем, чаро?» (2 август), «Муоинаи тиббӣ ва ё баъзе муаммоҳои он» (17 август), «Тибро ба тиҷорат табдил надиҳем» (20 декабр), Вазорати маориф ва илм ба матлабҳои «Таҳсилоти иловагӣ. Бурдҳо ва бохтҳо», «Осорхонаҳои мактабӣ аз байн мераванд. Чаро?» (2 январ), «Чаро коэффитсиенти баландкӯҳӣ ҷорӣ нашуд?» (15 март), «Ҳоли маориф дар ВМКБ нигаронкунанда аст» (30 апрел), «ВМКБ. Маблағгузории сарикасӣ – мушкилоти мактабҳои деҳоти дурдаст» (14 июн), «Ҷойи кор мушкилии № 1 – и хатмкунандагон» (19 июл), «Як пешниҳод» (3 сентябр), «Таҳсилоти томактабӣ. Ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад, чаро?» (18 сентябр), «МТМУ № 46. Мушкилот ҳамоно боқист» (17 декабр), Вазорати фарҳанг ба матолиби «Мусиқии касбӣ. Он бояд рушд биёбад», «Фарҳанг. Норасоии кадрҳо ва чанд мушкилоти дигар» (3 январ), «Клубҳои сайёр: эҳёи онҳо тақозои замон аст» (15 феврал), «Ёдгориҳо ниёз ба ҳимояту омӯзиш доранд» (17 апрел), «Ёдгориҳои таърихӣ аз байн мераванд, чаро?» (5 июн), «Театрҳои халқӣ бошанд ё набошанд?» (20 июл), «Осорхона барои осорхона?!» (27 август), «Ҳунарҳои халқӣ. Агар масъулиятшинос набошем…» (29 ноябр) вокунише накард. Ҳамчунин, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба матлаби «Илм аз истеҳсолот дур аст. Чаро?» (10 январ),  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба номаи «Арзи маро нашр намоед!» (9 феврал), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба хабари «Пойгоҳҳои обкашӣ. Мушкилот дар Ашт» (13 феврал), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба мактуби «10 соли саргардонӣ барои кушодани нуқтаи фурӯши китоб» (21 феврал), Кумитаи рушди сайёҳӣ ба маводи «Рафтинг чаро дар Тоҷикистон рушд намекунад?» (29 май), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба масъалаи доғи «Пистамазор. 50 соли беобӣ» (22 август), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба номаи пурсӯзу гудози «Мехоҳам корхонаи шакар бисозам, вале…» (13 декабр) посухе ирсол надоштанд. Номгӯи чунин идораҳое, ки ба мақолаҳои танқидиву таҳлилии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар соли 2018 беэътиноӣ намудаанд, дароз аст.
Боиси таассуф ва нигаронист, ки чунин муносибат дар соли 2019 низ идома дорад. «Ҷумҳурият» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 92 маводи танқидию таҳлилӣ ба нашр расонд, вале то ба имрӯз танҳо 9 вокуниш аз Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ашт, Роштқалъа, Темурмалик, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Айнӣ, раёсати маорифи шаҳри Душанбе расидааст.  Боқӣ роҳбарон бошанд ё масъаларо нодида мегиранд ё умуман аз он огоҳ нестанд. 
«Ҷумҳурият» ба мақолаҳои «Кӯҳистон ба обанбор ниёз дорад», 9 январ, аз МИҲД вилояти Хатлон,  «Бохтар. Гуфтаниҳои ногуфта дар бораи қабристонҳо», 17 январ, аз МИҲД шаҳри Бохтар,  «Пахтакорӣ. Чӣ тавр рушди соҳаи муҳимтарини соҳаи кишоварзиро тақвият бахшем?», 18 январ, «Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд», 13 феврал, «Пахта. Чӣ гуна шарафи пешинаро барқарор кунем?», 23 март, «Ҳам аршу ҳам фарш», 30 май, «Моҳӣ. Вазъи парваришу истеҳсол қонеъкунанда нест!», 11 июн, «Қутоспарварӣ. Ниёзҳои соҳа нобароварда монданд», 13 июн, аз Вазорати кишоварзӣ, «Қубодиён. Аз қалъаи Мир то шаҳраки Кайқубодшоҳ», 22 январ, аз МИМҲД ноҳияи Қубодиён, «Аттестатсия. Он бояд воқеъбинона ва шаффоф гузарад», 23 январ, «Журналистика. Чанд паҳлуи як проблема», 28 март, «Агар ношунаворо нашунавем…», 5 апрел, «Ношунаворо ҳатман бояд бишнавем!», 25 апрел, «Илмҳои дақиқ. Чаро таваҷҷуҳ камтар аст?», 7 май, «Кӯдакон ва мушкили китобҳои бадеӣ. Чӣ бояд кард?», 10 май, «Такмили ихтисос ва мушкилоти ҳалталаби он», 29 май, «Мубориза бо тамокуи бедуд масъалаи ҳалталаб», 30 май, «Таътили тобистона. Аксари лагерҳо ба қабули мактабиён омода нестанд!», 4 июн, «Файзобод. Чанд мушкили як муассисаи таълимӣ», 7 июн, «Фоҷиа ё сабабҳои як муноқишаи хунинро дар чӣ бояд ҷуст?», 11 июн аз Вазорати маориф ва илм, «Гармхона манбаи фаровонии сабзавот», 25 январ, аз Вазорати кишоварзӣ ва МИҲД ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, «Мушкилоти калони Восеободи хурд», 31 январ, аз МИМҲД ноҳияи Восеъ, «Рушди маҳал. Ба он чӣ тавр метавон даст ёфт?», 1 феврал, «Деҳот. Мушкилот ва дурнамо», 4 феврал, аз МИҲД ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, «Истеҳсоли шиша. Чаро аз имкониятҳо истифода намекунем?», 5 феврал, «Саноат. Чаро корхонаҳо аз фаъолият бозмемонанд?», 28 феврал, «Истеҳсоли шиша. Ашёи хом ҳаст, вале…», 13 март, «Саноат. Чаро корхонаҳо аз фаъолият бозмемонанд?», 29 май, «127 корхона. Яксаду бисту ҳафт сухане, ки бояд гуфт», 20 июн, «Дунёи нав». Ҳоли табоҳи корхонае, ки 500 коргар дошт», 21 июн аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, «Шаҳритуз. Нигаронӣ аз ҷараёни сусти бунёдкориҳо», 15 феврал, аз МИМҲД ноҳияи Шаҳритуз, «Нигаронӣ аз ҷинояткории судяҳо», 20 феврал, аз Суди Олӣ, «Ёвон. Нигаронии раиси вилоят аз бозистии 24 корхона», 6 март, аз МИМҲД ноҳияи Ёвон, «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ», 11 март, аз МИҲД вилояти Суғд, «Бадахшон. Кони ангишти «Равноб» чаро аз истифода берун монд», 5 апрел, аз МИМҲД ноҳияи Дарвоз, «Зафаробод. Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсим омодаанд?», 11 апрел, аз МИМҲД ноҳияи Зафаробод ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, «Озмоишгоҳи мусиқӣ, яъне чӣ. Чаро то ба ҳол онро таъсис надодаем?», 12 апрел, «Масъулон гӯши ҳақшунав надоранд», 14 май, «Санъати китоб». Ноширони тоҷик муваффақ шуданд, аммо…», 19 июн аз Вазорати фарҳанг, «Барқ чаро аз меъёр зиёд талаф меёбад?», 16 апрел, аз «Барқи тоҷик», «Шаҳри Ваҳдат. Коргоҳҳо чаро рақобатнопазиранд?», 19 апрел, аз МИҲД шаҳри Ваҳдат, «Ҷавонони ихтироъкор кам нестанд, вале…», 25 апрел, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо», «Кинои тоҷик рушд намекунад, чаро?», 26 апрел, аз МС «Тоҷикфилм», «Сайёҳӣ. Чаро натиҷаҳо назар ба имкониятҳо каманд?», 30 апрел, аз Кумитаи рушди сайёҳӣ, «Норак. Аз ҳоли табоҳи китобхонаи марказӣ», 30 апрел, аз МИҲД шаҳри Норак, «Имтиёзи баҳсбарангез», 2 май, аз МИҲД шаҳри Ҳисор, «Имтиёзҳо. Айб дар ош аст ё дар мош?», 3 май, аз вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, «Иқтисод. Равандҳои рушди низоми андозӣ ислоҳоти навро тақозо менамояд», 6 май, аз Кумитаи андоз, «Рашт. Чаро моҳипарварӣ рушд намеёбад?», 6 май, аз МИМҲД ноҳияи Рашт, «МОИ «Ишкошим». Чанд мушкили як минтақа», 15 май, аз вазоратҳои нақлиёт, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, МИҲД ВМКБ, «Сайёҳии экологӣ. Тадбирҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд», 15 май, аз Кумитаи рушди сайёҳӣ, «Китобхонаҳо чӣ вазъ доранд?», 16 май, аз МИМҲД ноҳияи Темурмалик, «Хатлон. 1287 муассисаи таълимӣ кабинети лингафонӣ надорад», 28 май, аз МИҲД вилояти Хатлон, «Теъдоди майдончаҳои варзишӣ меафзояд, аммо…», 3 июн, аз МИҲД вилояти Хатлон, «Ховалинг. Роҳи фарсуда аз мушкилоти калидӣ боқӣ мемонад», 10 июн, аз МИМҲД ноҳияи Ховалинг, «Тоҷикобод. Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад», 13 июн, аз МИМҲД ноҳияи Тоҷикобод, «ВМКБ. Нигаронии раиси вилоят аз фаъолияти нозирони андоз», 18 июн, аз Кумитаи андоз, «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад», 19 июн, аз МИМҲД ноҳияҳои Ёвон, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Панҷ, Вахш, Ҷайҳун, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Данғара, шаҳрҳои Норак, Бохтар, Левакант, «Шаҳритуз. Ба 69 хонанда 1 компютер. Чаро?», 24 июн, аз МИМҲД ноҳияҳои вилояти Хатлон, «Пасандоз ягона муттакоям буд», 24 июн, аз Бонки миллӣ ва ҶСК «Агроинвестбонк» ва дигар ташкилоту муассисаҳо вокунишҳои бодалелу санадҳоро интизор аст.
Фармони № 622-и Сарвари давлат бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сатҳҳои гуногун, ки вазифаашон хизмат ба Ватану миллат, некуаҳволии халқу шукуфоии кишвар аст, ба тасвиб расидааст. Пас, саҳлангорӣ дар иҷрои онро чӣ гуна бояд фаҳмид? Суолест, ки аз роҳбарони зикрашон рафта посух мехоҳад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 231

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед