logo

иҷтимоиёт

ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ: ИМКОНИЯТ, ВОҚЕИЯТ ВА ДУРНАМО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби пурарзиши худ “Уфуқҳои истиқлол” давраи то соли 2018 - ро ҳамчун марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии тоҷикон ҷамъбаст ва  марҳилаи нави рушди Тоҷикистонро ҳамчун марҳилаи рушди устувори давлатдории миллӣ эълон намуданд.
Фарқи асосии марҳалаи нави рушди давлатдорӣ аз марҳалаи ҷамъбастшуда дар он аст, ки агар дар марҳалаи эҳё ва барқарорӣ вазифаи асосии давлат бозсозии сохтори давлатӣ ва ҳалли проблемаҳои дохилӣ ва хориҷии марбут ба таҳкими истиқлолият ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ бошад, дар марҳалаи нав ин масъалаҳо, аллакай, ҳалли худро ёфта, масъалаи асосӣ маҳз рушди устувори давлатдории миллӣ аст.
Оғози чунин марҳала дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои комилан навро гузошта, моҳият ва ҳадафҳои нави сиёсати хориҷиро тақозо менамояд.  Бинобар ин, моҳият, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи сифатан нави рушди давлатдорӣ бояд мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирад. Дар баробари ин, бояд пояҳои усулӣ ва методологии сиёсати хориҷии кишварро низ такмил дод ва равобити хориҷии Тоҷикистонро мувофиқ ба меъёр ва талаботи равандҳои ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав баровард.
Мавриди қайд аст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 (СМР - 2030) қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус, таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2008 - 2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. Илова бар ин, дар СМР - 2030, инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро, ки дар ҷаласаи 70 - уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат гирифта шудааст.
Дар СМР - 2030 имконияти гузариши пайиҳам аз як сенарияи рушд ба дигар сенария дар давоми амалисозии чораҳои банақшагирифташуда тавассути се давраи миёнамуҳлат, яъне солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030, пешбинӣ мегардад, ки марҳалаҳои рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро инъикос менамояд.  Илова бар ин, дар СМР - 2030 се принсипи асосии рушди минбаъдаи кишвар муайян карда шудааст: 1. превентивӣ (пешгирикунанда), яъне пешгирии  осебпазирии рушди оянда; 2. индустриалӣ, яъне баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ; 3. инноватсионӣ, яъне рушд дар асоси навовариҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар. Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба шумор меравад.
Дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин баён доштанд: “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонда истодаем». Дар воқеъ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар мақсади асосии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки раванди рушду нумӯи кишварро метезонад.
Мехостем дар ин ҷо баъзе аз имкониятҳои зерини калидие, ки дар СМР–2030 дарҷ гардидаанд, нишон дода бошем, ки онҳо метавонанд ба ноилшавии ҳадафҳои стратегӣ мусоидат ва хоси Тоҷикистон бошанд: мавқеи муносиби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва наздикӣ будан ба кишварҳои пешсафи минтақавӣ ва иттиҳодҳои ҳамгироӣ, ки метавонанд ба рушди муносибатҳои тиҷоратии минтақавӣ ва транзитӣ такон бахшанд;  фаъолсозии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ ва ташаккулдиҳии инфрасохтори муосири байналмилалии транзитӣ, ки метавонад таъсири паёмадҳои дурдастии ҷуғрофии Тоҷикистонро осон кунад ва имконияти баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сармоягузориро фароҳам оварад; захираҳои гидроэнергетикӣ, ки асоси иқтидори энергетикии кишварамонро ташкил медиҳанд; шароитҳои мусоиди табиию иқлимӣ ва мавҷуд будани мероси ғании фарҳангию таърихӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ; рушди босуръати алоқаи мобилӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки барои истифодаи онҳо дар бахши воқеӣ ва дар низоми идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъсисдиҳии ҳукумати электронӣ шароит фароҳам меоваранд;  насли ҷавон, ки барои кашфиёти инноватсионӣ ва самтҳои нави рушд омода мебошанд.
Доир ба сарчашмаҳои асосии молиявии татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои стратегия бояд қайд намуд, ки он аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо, аз ҷумла маблағҳои  Буҷети давлатӣ ва, инчунин, сармоягузориҳои хусусӣ, чи дар шакли мустақими хориҷӣ ва чи сармоягузориҳои дохилӣ, таъмин мегардад. амзамон, дар СМР–2030  дарҷ гардидааст, ки  барои татбиқи тамоми афзалиятҳо, хусусан дар самти рушди устувор, маблағгузорӣ аз ин сарчашмаҳо нокифоя мебошад, бинобар ин, Ҳукумат ба дастгирии афзалиятҳои Стратегия дар доираи ташаббусҳои нав оид ба Ҳадафҳои рушди устувор умед мебандад. Дар натиҷаи амалишавии Стратегияи миллӣ Тоҷикистон метавонад то соли 2030 ба  кишвари саноатию аграрӣ мубаддал гардад.
Бояд қайд намуд, ки аксари ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди сиёсати бобарор, махсусан дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бонизоми иҷтимоии кишвар, баҳои баланд медиҳанд. Масалан, 1 июли соли 2019 Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти зимни вохӯрӣ  бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар пешбурди сиёсати бобарори иқтисодӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти муваффақ дар ҳамаи бахшҳо ва рушди бонизоми кишвар баҳои баланд дод. Ҳангоми мулоқот таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории зич ва пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ба маблағи 755 миллион доллари ИМА 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардид. Дар Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст. Ин ҳам яке аз намунаҳои бобарори ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, ба ҳисоб меравад.
Масъалаи татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва зерсохториро, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, мусоидат мекунанд, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур аҳамияти бештар ва махсус зоҳир карда мешавад.  Аз ин нуқтаи назар, ба андешаи мо  татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар низоми сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дошта, Ҳукумати кишвар ҳадафҳои мазкурро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баҳри рушди устувор, таъмини зиндагии шоиста ва беҳрӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Баҳамории Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон - 2030  ва ташаббуси чиноии "Як камарбанд як роҳ" намунае аз чунин ҳамкории судманд ва равиши сиёсати бобарори хориҷии кишвар ба шумор меравад.  Ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” - ро имрӯз метавон ҳамчун намунаи ҳамгироии ҷаҳонӣ номид. Ҳамбастагии кишварҳои иштирокчии  ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ"  ва дар доираи он  ба кор андохтани талошҳои нав ва пешниҳоду татбиқи лоиҳаҳои нави  ҳамкорӣ аз ҷониби кишварҳо метавонад барои густариши фазои нав ҷиҳати ислоҳот ва рушди устувори миллии давлатҳо мусоидат карда, ба пешравии кишварҳои ҷаҳон мусоидат намояд. Пайвастагӣ ва ҳамкориҳои муштарак  ҳамчун омили муҳими пешбарандаи ташаббуси ҳамгироии "Як камарбанд як роҳ"  буда, тақвияти мушорикати фаъоли кишварҳои иштирокчиро тақозо мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли равандҳои байналмилалӣ  яке аз  аввалин кишварҳое буд, ки ташаббуси мазкурро дастгирӣ намуд. Дар аксари санадҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин баимзорасида,  аз ҷумла дар эъломияҳои муштарак ва вохӯриҳои сарони ду кишвар,  ташаббуси "Як камарбанд як роҳ" ва татбиқи "Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин" омили муҳими дастёбӣ ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гаштааст.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 25 то 29 апрели соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ин кишвар сафар намуда, дар Форуми дуюми байналмилалии "Як камарбанд як роҳ" ва ярмаркаи "Экспо–2019"иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо зимни суханронии худ дар мизи гирде дар доираи форум аз ҷумла зикр намуданд: "Тоҷикистон ба татбиқи бомуваффақияти ташаббуси "Як камарбанд як роҳ" аҳамияти хос медиҳад ва ба ҳамкории судманд дар доираи ин лоиҳа бо ҳамаи кишварҳои манфиатдор омода аст. Ташаббуси мазкур метавонад ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намояд. Илова бар ин, татбиқи ин лоиҳаи густурда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо хатсайрҳои манфиатовар тавассути долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ ба бозорҳои нав дастрасӣ пайдо кунад; даромадҳои иловагиро тавассути пешбурди саноатикунонӣ - таъсиси корхонаҳои нав ба даст орад. Ҳадафи мо дар соҳаи транзитию нақлиётӣ – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни мамлакатҳоямон мебошад. Дар ин самт мо пешниҳод менамоем, ки роҳҳои мошингарди "Чин – Тоҷикистон - Ӯзбекистон" ва "Чин – Тоҷикистон - Афғонистон" ба рӯйхати лоиҳавии ин ташаббус шомил карда шавад".
Бояд гуфт, ки иштироки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми байналмиалии "Як камарбанд як роҳ" барои Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва  барои рушди устувори он такони тоза бахшид.  Зеро захираҳои ғании кишвари мо имкон медиҳад, ки дар доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои иштирокчии ин тарҳи бузург равобити судманди воқеиро ба роҳ монда, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии  Тоҷикистонро дар дурнамои наздик таъмин намоем. Илова бар ин, бо ин роҳ мо  имконияти таъмини рушди устувори кишвари худро амалӣ карда метавонем, зеро  ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ", ҳамчун намунаи нави ҳамгироии байналмилалӣ, заминаи мусоиде барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳои иштирокчии он буда, нақши тарҳи мазкур барои татбиқи минбаъдаи Стратегияи миллии рушд ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии давлати мо хеле муҳим мебошад ва ба ин васила, имконияти таъмини рушди устувор ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мусоидат менамояд.
Метавон гуфт,  ки лоиҳаҳои зиёде дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахши гидроэнергетика, инфрасохтор (долонҳои транзитию нақлиётӣ), коммуникатсия, саноат, туризм ва ғайра, миёни кишварҳо дар доираи ташаббуси "Як камарбанд як роҳ" амалӣ мегарданд.  Яке аз лоиҳаҳои муҳим ва муфид ҳамчун пешниҳод дар доираи ташаббуси “Як камарбанд як роҳ”, ки метавонад барои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои кишвари мо, хизмат намояд, ин роҳи  оҳани баландсуръатро аз Чин то ба Тоҷикистон овардан аст.
Дар баробари афзалиятҳои дигари захираҳои табиии Тоҷикистон,  иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвари мо метавонад ҳамчун омили муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои иштирокчӣ дар доираи ташаббуси "Як камарбанд як роҳ" мусоидат намояд. Метавон хулоса намуд, ки имконияти воқеии татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар доираи пайвастагӣ ва ҳамкориҳои муштарак дар  тарҳи ҳамгироии "Як камарбанд як роҳ" дар дурнамои наздик мавҷуд аст.
Сиёсати хориҷии мамлакатро метавон сиёсати хориҷии муваффақ арзёбӣ намуд, зеро тайи  солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешқадам худро муаррифӣ шуда, дар ҳифзу таъмини манфиатҳои миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми ҷиддӣ гузоштааст.
Ба андешаи мо, ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар, илова ба ҷалби сармояи хориҷии баъзе аз давлатҳое, ки аллакай бо онҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст,  инчунин,  моро зарур аст, ки дар дурнамои наздик  дар сиёсати хориҷии кишвар ҳамкориҳои судмандро бо Ҳиндустон, Ҷопон, Корея, Олмон, Туркия, Сингапур, Малайзия, Қатар, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон ва дигар кишварҳо, шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшида, аз имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории онҳо низ ҷиҳати рушди устувори Тоҷикистон самарбахш истифода намоем.
Илова бар ин, бояд доираи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои молиявию тиҷоратии минтақавию байналмилалӣ густариш дод, ҳаҷми маҷмӯи гардиши тиҷоратии хориҷии кишварро зиёд намуд. Чунин равиш бо назардошти дарки зарурати ҳамкорӣ, имкон фароҳам меорад, ки мувозинат дар равобити Тоҷикистон бо дигар кишварҳо нигоҳ дошта шавад.
Аз ин лиҳоз, пешниҳод мегардад, ки намояндагиҳои дипломатӣ  ва тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷа ва сохторҳои марбутаи кишвар, ҷиҳати  татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, дарёфти маблағҳои грантӣ ва дигари сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ ва афзоиши ҳаҷми онҳоро ҳамеша сармашқи кори худ қарор дода, роҳандозии густурдаи ҳамкориҳоро дар ин самт тавсеа бахшанд ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар Тоҷикистонро амалӣ намоянд.  
Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
муовини директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 170

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед