logo

туризм

ЧИЛДУХТАРОН. РОҲ ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲОСТ

Раванди  эҳё ва аз нав ободу зебо гардидани минтақаҳои сайёҳии кишвар маҳз ба даврони соҳибистиқлолии он рост меояд. Боиси хушнудист, ки ин раванд дар ноҳияи Муъминобод низ босуръат идома дорад.
Чуноне ки Абдулхайр Олимбеков, раиси деҳоти Чилдухтарони ноҳия зикр намуд, дар солҳои сивуму чилуми асри гузашта дар ҷамоат 178 деҳа вуҷуд дошт. Солҳои 50 - 60 - ум дар натиҷаи раванди муҳоҷирнамоии аҳолӣ бо мақсади рушди пахтакорӣ, дар ҳудуди ҷамоат ҳамагӣ 9 деҳа боқӣ монду халос. Аз солҳои нахустини истиқлолияти сиёсӣ ба даст овардани кишвар 38 деҳаи собиқи ҷамоат дубора  эҳё гашт. 
- Имрӯз ҳамаи онҳо бо нуқтаҳои оби ошомиданӣ, тандурустӣ ва таълимгоҳҳо таъминанд. Муассисаҳои таълимии №№ 15, 32, 34, 46, 51 ва 55 соҳиби биноҳои нави замонавӣ гардиданд. Ба деҳаҳои Хиргоҳтарош, Кӯҳбунёд, Дашти Ар – ар,  Паҳндара, Дашти Калон, Боғча, Шаҳрак, Хоҷа Абдураҳмон хати оби нушоӣ кашида шуд. Сокинони деҳаҳои Финҷова, Боғи Дилкушо, Юғлинг бо барқ таъмин шуданд, - мегӯяд Абдулхайр Олимбеков.
Танҳо дар давоми ду соли охир роҳҳои вайрону валангори мавзеи кӯҳи Чилдухтарон, деҳаҳои Боғча, Шаҳрак, Кӯҳбунёд, Ҷавзодара, Хиргоҳтарош ба масофаи беш аз 40 километр сангфаршу навсозӣ гардиданд. Вобаста ба ин, метавон иброз дошт, ки дар худи маҳалҳо низ барои ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтани мавзеъҳояшон тамоми тадбирҳо андешида шуда истодаанд.
Давоми чанд соли охир аз мавзеъҳои Чилдухтарон, Сир, Гузаҷоғ, Хреч, чашмаҳои мусаффою шифобахши Хоразмонию Имоми Аъзам, Таги Шӯх, Хоҷачавгонию Синҷодара, манзараҳои Зелолак, Ғалакдара, Заргарон беш аз 25 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан кардааст. “Бесабаб ҳам нест, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоат соҳибкорон боз 3 бинои осоишгоҳу меҳмонхонаи замонавии панҷошёна сохта истодаанд. Ба бунёди бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилотии № 33, бунгоҳи тиббии деҳаи Дегрез, маркази омузишӣ - тренингии Донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб асос гузошта шуд”, - тавзеҳ медиҳад раиси деҳоти Чилдухтарон.
Дар деҳоти мазкур ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Чуноне ба мо маълумот доданд, 100 нафар ҷавонон, ки аксарияташонро духтарон ташкил медиҳанд, дар марказҳои омӯзишӣ соҳиби ихтисосҳои чеварӣ, андоваю кафшергарӣ, занбӯриасалпарварӣ гаштанд. Ба 27 иншооти ҷашние, ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, боз 10 иншооти дигар илова гардид. Дар маркази деҳот боғчаи кӯдакон ҳам бунёд гардидааст. Дар назар аст, ки он боз ҳам ободтар гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шавад.
Мардуми меҳнатқарини деҳоти Чилдухтарон ният доранд, ки дар оянда низ корҳои созандагиро идома дода, баҳри ободии Ватан ва зиндагии шоистаю арзандаи худу фарзандонашон  азму талоши бештар намоянд. 
Нурулло ҲАСАНОВ,  журналист 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 1938
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед