logo

иҷтимоиёт

ДОРУ. СИҲАТИИ ОММА ДАР МАДДИ АВВАЛ

Аввали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонуне имзо гузоштанд, ки ҷавобгариро барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвар ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин муҳлатгузашта, пурзӯр менамояд.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа тайи ним сол дар пайи иҷрои талаботи қонун ҳаҷми махсусан калони маҳсулоти пастсифатро аз муомилот бозпас гирифт.
Сардори хадамот Султон Бекмуродзода зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи тандурустӣ сармашқи фаъолияти кормандони хадамот қарор дорад.
Дар шаш моҳи соли равон кормандони шуъбаҳои  назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии хадамот фаъолияти 553 муассисаи фармасевтӣ (305 муассисаи фармасевтиро якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), 225 муассисаи табобатию профилактикӣ, фармасевтӣ ва 415 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиениро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар натиҷа шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ин муассисаҳо ба маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. 
Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 685 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори беш аз 21370 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 344 номгӯй маводи дорувории муҳлатгузашта ва 341 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат мебошанд. Кормандони шуъбаҳои сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилоятҳо беш аз 100 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ, молҳои тиббӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот номувофиқро бо роҳи сӯзондан несту нобуд карданд.
Дар ним сол ба кишвар ба маблағи 240 миллион сомонӣ (ё 25,5 миллион доллари ИМА) дору ворид гардида, ба маблағи  41,7 миллион сомонӣ доруи истеҳсоли худӣ ба кишварҳои дуру наздик ба фурӯш бароварда шуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 220

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед