logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. ДАР СОҲАҲОИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ БЕШТАР БА ОН ДАСТ ЗАДААНД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор корҳои муҳимро ба сомон расондааст.
Бино ба иттилои Сулаймон Султонзода, директори агентӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи ин ниҳод дар шаш моҳи аввали соли равон 1370 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намудаанд, ки 375 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Муфаттишони агентӣ дар ин давра 525 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 373 адади онро нисбат ба 466 нафар ба анҷом расонданд. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расондашуда 306 парванда нисбат ба 383 айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шуд.
Дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ аз ҷониби кормандони агентӣ 823 ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва нисбат ба шахсони ба қонуншиканиҳо роҳдода ба маблағи 867 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони агентӣ 952 пешниҳод ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 257 нафар огоҳӣ, 244 сарзаниш, 287 танбеҳ татбиқ гардида, 111 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод карда шуд.
Ҷиноятҳои коррупсионӣ, асосан, дар соҳаҳои маориф ва илм 85, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 53, ҳамчунин, нақлиёт, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, молия, инчунин, дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 53, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ШСХК «Барқи тоҷик», соҳаи бонкӣ 139, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 257 ва соҳибкорони инфиродӣ 265 ҳолат сабт шудааст.
Масъулони агентӣ сабаби асосии зиёд будани омилҳои коррупсиониро дар вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба он рабт доданд, ки ин ду соҳа беш аз 2,5 миллион аҳолии кишварро фаро гирифтаанд. Танҳо дар соҳаи маориф 300 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад. Яъне маҳз аз сабаби васеъ будани ин соҳаҳо ва зиёд будани теъдоди кормандон омилҳои коррупсионӣ низ зиёд ошкор шудаанд.
Дар натиҷаи чораҷӯии кормандони агентӣ 63 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ошкор ва нисбат ба қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида шуд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 9 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъмини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, 67 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ошкор шуда, барои бартараф кардан чораҷӯӣ гардид.
- Агентӣ дар ин давра 630 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронда, дар 58 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи  коррупсияро ошкор намудааст, - гуфт Сулаймон Султонзода.  
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2019    №: 150    Мутолиа карданд: 350

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед